Равишҳои муосири ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ: тамоюлҳо ва проблемаҳо
Р.С. Исроилов, С.Р. Хоҷазода
Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсад. Мақсади таҳқиқоти мазкур таҳлили равишҳои муосири ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ, муайян намудани тамоюлҳо ва проблемаҳои асосӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба такмили низоми тайёр кардани мутахассисон дар шароити мушкилоти муосири таҳсилоти олӣ мебошад.
Мавод ва усулҳо. Дар ҷараёни таҳқиқот пурсиши 150 омӯзгор ва 100 олими ҷавон гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он зарурати такмили тайёрии методӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи мутавозини технологияҳои рақамиро дар раванди таълим тасдиқ намуданд.
Натиҷаҳо. Таҳияи барномаҳои мукаммали рушди касбӣ, аз ҷумла курсҳои такмили ихтисос, омӯзишҳо ва ҳидоятгарӣ, сатҳи омодагии кадрҳо ва сифати таҳқиқоти илмиро баланд бардошт.
Хулоса. Ҳамин тариқ, омӯзиши усулҳои муосири ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ вазифаи муҳимест, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии таҳсилоти олӣ дар шароити муосир равона шудааст.
Калимаҳои калидӣ: кадрҳои илмӣ-педагогӣ, таҳсилоти олӣ, рақамисозӣ, ҳаракати академӣ, менторинг, такмили ихтисос, технологияҳои инноватсионии таълимӣ.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Илм ва таҳсилот» (Наука и образование), 2024, ҷ. 1, №4, саҳ. 362–376. DOI: 10.25005/3078-5022-2024-1-4-362-376




