Нақши таълими лексионӣ дар фарматсия: навоварӣ дар таҳсилот
Р.Ш. Сафарзода, Г.О. Раҷабов, Ш.Б. Шарифзода, Х. Абдукаримзода, Ф. Саломзода
Маркази таълимӣ-илмӣ-амалии «Фарматсия», кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисодиёти фармасевтӣ ва кафедраи технологияи фармасевтии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар мақола нақши шакли лексионии таълим дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи дорусозӣ баррасӣ мешавад. Роҳҳои муосири ташкили лексияҳо бо дарназардошти технологияҳои инноватсионии таълим таҳлил карда мешаванд. Ба ҷорӣ кардани усулҳои интерактивӣ ва рақамӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии азхудкунии мавод аз ҷониби донишҷӯён мусоидат мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Зарурати муттаҳид кардани усули анъанавии лексионӣ бо навовариҳо барои ташаккули малакаҳои касбии дорусозони оянда таъкид мегардад.
Калимаҳои калидӣ: таълими лексионӣ, фарматсия, таҳсилоти олӣ, технологияҳои инноватсионӣ, усулҳои интерактивӣ, омодагии касбӣ, раванди таълим.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Илм ва таҳсилот» (Наука и образование), 2024, ҷ. 1, №4, саҳ. 377–399. DOI: 10.25005/3078-5022-2024-1-4-377-399




