Баҳодиҳии санитарию гигиении сифат ва бехатарии сабзавот ва полезиҳое, ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд
М.М. Рузиев, С.Ф. Шарипов, Ш.Р. Муминов, Ш.З. Солеҳзода, Ф.Ҷ. Ҳасанов
МД «Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»; кафедраи гигиенаи муҳити зист ва кафедраи беҳдошт ва экологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»
Мақсади омӯзиш. Баҳодиҳии санитарию гигиении сабзавот ва полезиҳое, ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд, бо мақсади муайян кардани мутобиқати онҳо ба меъёрҳои гигиенӣ ва ошкор намудани хатарҳои эҳтимолӣ барои саломатии аҳолӣ.
Мавод ва усулҳои тадқиқот. Объекти тадқиқот сабзавот ва полезиҳои тару тоза (помидор, бодиринг, қаламфур, сабзӣ, карам, пиёз, картошка, тарбуз, харбуза ва ғайра) буданд, ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд. Ҳамагӣ 86 намунаи гуногуни сабзавот ва полезиҳо дар фаслҳои гуногун ҷамъоварӣ карда шуд. Намунаҳо бо ду усул таҳлил шуданд: таҳлили органолептикӣ – баҳодиҳии зоҳирӣ аз рӯи намуди беруна, ранг, бӯй ва мавҷудияти моддаҳои бегона; таҳлили физикию кимиёвӣ – муайян кардани миқдори нитратҳо бо истифода аз нитрат-тестери «СОЭКС».
Натиҷаҳои таҳқиқот. Консентратсияи нитратҳо дар намунаҳои таҳқиқшуда чунин буд: пиёз – 60–80 мг/кг (меъёри ҳадди аксар 250 мг/кг); картошка – 65–110 мг/кг (меъёри ҳадди аксар 250 мг/кг); сабзавоти баргӣ (шибит, ҷаъфарӣ, салат ва ғ.) – 60–90 мг/кг (меъёри ҳадди аксар 250 мг/кг); решамеваҳо (турб) – 300–450 мг/кг (меъёри ҳадди аксар 1000 мг/кг); тарбуз – 80–105 мг/кг (меъёри ҳадди аксар 60 мг/кг); харбуза – 113–154 мг/кг (меъёри ҳадди аксар 90 мг/кг). Миқдори нитратҳо дар пиёз, картошка, сабзавоти баргӣ ва решамеваҳо аз ҳадди муқарраршуда зиёд набуд. Вале дар тарбузҳо консентратсияи нитратҳо аз меъёри иҷозатшуда 33–75% зиёд буд, ки эҳтимолан натиҷаи истифодаи аз ҳад зиёди нуриҳои азотӣ мебошад. Дар харбузаҳо низ миқдори нитратҳо 25–71% зиёдтар аз меъёри муқарраршуда муайян карда шуд.
Хулосаҳо. Қисми зиёди маҳсулоти таҳлилшуда ба талаботи гигиенӣ мутобиқ аст. Аммо сатҳи баланди нитратҳо, ки дар тарбуз ва харбуза муайян гардид, эҳтимолан нишонаи вайрон шудани технологияи парвариш ва истифодаи зиёди нуриҳо мебошад. Мониторинги мунтазами маҳсулоти полезӣ барои пешгирии таъсири манфӣ ба саломатии аҳолӣ зарур аст. Тавсия дода мешавад, ки назорат аз болои истифодаи нуриҳои азотӣ пурзӯр карда шавад, инчунин истеъмолкунандагон дар бораи хатарҳои эҳтимолии марбут ба сатҳи баланди нитратҳо дар полезиҳо, махсусан дар навъҳои барвақтӣ, огоҳ карда шаванд.
Калимаҳои калидӣ: баҳодиҳии санитарию гигиенӣ, сифат ва бехатарӣ, сабзавот, зироатҳои полезӣ.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Илм ва таҳсилот» (Наука и образование), 2024, ҷ. 1, №4, саҳ. 427–441. DOI: 10.25005/3078-5022-2024-1-4-427-441




