Нақши Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
З.В. Абдураҳмонов, М.А. Бузургов
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ (мудири кафедра д.и.ф., профессор А.С. Саидов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
«… ман аминам, ки шумо Бадахшонро ба яке аз марказҳои муҳимтарини тиҷорат ва саёҳати байналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст барои ба ин мақсад ноил гардидан кӯмаки зарурии худро расонад» [2, 28]. – Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи ҳар як халқу миллат бо фарзандони сарсупурдаи он қадр карда мешавад. Таърихи инсоният чунин шахсиятҳои барҷаста, аз ҷумла Наполеон Бонапарт – дар Фаронса, Михаил Кутузов, Иосиф Сталин, Владимир Ленин – дар Русия, Франклин Рузвелт дар ИМА ва дигаронро то кунун дар хотир дошта, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоии онҳоро ба риштаи таҳқиқ кашида, дар бораи онҳо асарҳову мақолаҳои зиёде навиштаанд, ки то ҳол дар тамоми дунё аз онҳо дарси ҷасорату мардонагӣ, ифтихори ватандорию шуҷоат ва хештаншиносӣ меомӯзанд.
Миллати кӯҳанбунёди тоҷик низ дар тамаддуни умумибашарӣ, миллати қадимтарину бофарҳанг эътироф шудааст ва маҳз корнамоии фарзандону аҷдодони миллат буд, ки решаи тақдири ин мардумро на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Қутайба, ва на тохтутозҳои Чингизхону Темур шикаст дода натавонист. Таърихи қадимаю муосири халқи тоҷик то ҳол номи фарзандони сарсупурдаи хеш Шераку Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Носири Хусрав, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва дигаронро фаромӯш накардааст, балки хотираи неки онҳоро пос медорад.
Мардуми тамаддунофари тоҷик имрӯз низ идомабахши кору пайкори гузаштагони худ буда, ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллати хешро қадр менамоянд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввали солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва махсусан сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Мо кӯшиш кардем, ки дар асоси адабиёти илмӣ-оммавӣ ва дигар маълумоти дастрасгардида нақши Пешвои миллати тоҷикон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди иқтисодии ин минтақаи кӯҳсор дар ду самти афзалиятнок – соҳаи энергетика ва бунёди роҳу пулҳо ба риштаи таҳқиқ кашем.
Соҳаи энергетика
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат корҳои сохтмонӣ рӯ ба таназзул оварданд. Дар чунин вазъияти душвор Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар семоҳаи аввали соли 1994 ду агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1»-ро бо иқтидори 14 ҳазор кВт ба кор даровард. Лаҳзаҳои фаромӯшнопазири аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш шудани тугмачаи рамзии мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи калонтарини барқи обии «Помир-1» ва бо ҳамин дар саҳифаи рушди соҳаи афзалиятноки мамлакат пайдо шудани боз як манбаи барқистеҳсолкунӣ, дар ёди ҳамаи ҷамъомадагон абадан нақш баст.
24-уми майи соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Помир» шартнома ба имзо расид. Ҳадафи ин шартнома ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» буд. Ширкати «Барқи Помир» ҳоло аз ҳисоби маблағгузории Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ, Ҳукумати Шветсария ва Бонки умумиҷаҳонӣ фаъолият карда истодааст.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқии муштариёни шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушон, аз тарафи ширкат хатҳои нави интиқоли барқи 35 кВ-и НБО-и «Помир-1», НБО-и «Хоруғ» ва «Хоруғ – Рушон» сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо кӯшиши пайгиронаи роҳбарияти давлат тамоми таҷҳизоти мавҷудаи дастгоҳҳои нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1» ва «Хоруғ» пурра навсозӣ карда шуданд. Ин имкон дод, ки дастгоҳҳои НБО-и «Помир-1» бо иқтидори пурраи худ – яъне ҳар кадоме бо иқтидори 7 МВт фаъолият карда, иқтидори умумии НБО-и «Хоруғ» ба 8,7 МВт расонда шавад. Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» калонтарин манбаъи барқистеҳсолкунии вилоят буда, соли 2005 навбати дуюми нерӯгоҳ низ мавриди истифода қарор дода шуд [3, 178].
5-уми феврали соли 2007 дар НБО-и «Помир-1» садама ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи он тамоми таҷҳизоти нерӯгоҳ зери об монда, истифодабарии минбаъдаи нерӯгоҳ имконнопазир гардид. Албатта, дар барқароркунии нерӯгоҳ, ки дар он рӯзҳои сард барои мардуми Бадахшон хеле муҳим ба ҳисоб мерафт, саҳми роҳбари давлат хеле калон буд [3, 180].
Корҳои асосӣ дар барқароркунии нерӯгоҳ то моҳи октябри соли 2007 пурра ба сомон расонда шуд ва се дастгоҳи нерӯгоҳ ба таври доимӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Бунёди роҳу пулҳо
Аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз самтҳои асосии Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Ҳанӯз соли 1992 ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, 275 км-и роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ ба маблағи 25,4 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд [3, 188].
Моҳи ноябри соли 1997 дар фасли зимистон, дар Помири Шарқӣ сохтмони роҳи Мурғоб – Кулма – Қароқурум оғоз гардида буд. Бо ғамхории доимии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали ин роҳ дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне то якуми ноябри соли 1998 сохта шуд. Дар маросими ифтитоҳи тантанавии он роҳбари давлат иштирок намуда, бо ҷасорати баланд роҳсозонро ба корнамоии нав – сохтмони роҳи Кӯлоб – Дарвоз даъват намуда буд. Бояд қайд кард, ки дар шароити душвори он давра аксарият ба ин амали сарвари давлат бо чашми шубҳа нигоҳ мекарданд. Зеро аз уҳдаи сохтмони ин роҳ давлати абарқудрати Шӯравӣ баромада натавониста буд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин шубҳаи аксарияти мардум беасос набуд, чунки ҷанги шаҳрвандии он солҳо қариб буд генофонди миллатро нест кунад ва бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ дар авҷ қарор дошт. Вале нидои таърихии Пешвои миллат: «Мо роҳи Кӯлоб – Дарвозро бо зоғнӯл ҳам бошад, мебарорем» ба роҳсозон қувваю ирода мебахшид.
То моҳи декабри соли 1998 ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба охир расонида шуда, ҳаракати нақлиёт то ағбаи Кулма таъмин карда шуд. Дар ҳамин сол инчунин таъмири асосӣ дар қитъаҳои 340, 346–348, 367–370-ум км-и роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ, таъмири кӯпруки Язғулом, таъмири кӯпруки қитъаи 31-ум км-и роҳи автомобилгарди Рушон – Басид – Хидҷез ва роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа – Туқузбулоқ, таъмири қитъаи 0–32 км-и роҳи Мурғоб – Кулма, қитъаи 725 км роҳи Ош – Хоруғ ва сохтмони роҳи автомобилгарди Зиғар – Кӯлоб ба сомон расонида шуданд [3, 189].
Шоҳроҳи байналмиллалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи Хум, Хоруғ – Мурғоб – Кулма, ки ҳанӯз соли 1979 сохтмони онро оғоз намудаву ба ҳоли худ гузошта буданд, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ сарвари давлат чунин иброз дошта буд:
«Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумро на танҳо шоҳроҳи истиқлолият, балки шоҳроҳи ваҳдат низ номидан мумкин аст. Зеро он ду вилояти калонтарини ҷумҳурӣ – Бадахшону Хатлонро бо ҳам мепайвандад ва байни ин ду вилоят роҳи доимӣ барқарор мегардад. Яъне рафту омади сокинони ин ду вилоят дӯстиву ваҳдатро боз ҳам таҳким мебахшад. Беҳуда намегӯянд, ки меҳр дар чашм аст. Боварии комил дорам, ки аз рафту омади сокинон ба шаҳру ноҳияҳои ин ду вилоят дарахти дӯстӣ нумӯъ мекунад ва меваҳои ширину гуворо медиҳад…» [3, 190].
Суханони қариб ду даҳсола пеш ибрознамудаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар амал татбиқ шуда истодааст. Ҷашнгирии 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи рӯзҳои фарҳангии ду вилояти дигари Тоҷикистон – Суғду Хатлон дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба нақша гирифта шудааст. Бадахшону Хатлон дар тӯли таърихи бисёрасраашон бо ҳам муносибати нек ва хешутаборӣ доштанд ва солҳои охир муносибати гарму самимиашон боз ҳам зиёдтар шуда истодааст. Дар рӯзҳои мушкили соли гузашта, бар асари селфароӣ дар аксари ноҳияҳои вилояти Бадахшон, мардуми меҳмоннавози Хатлони бостонӣ ба зарардидагон аввалин шуда, дасти кӯмак дароз намуда буданд. Аз ин хулоса бояд кард, ки ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба якдигарфаҳмию бародарии ин ду вилоят заминаи мустаҳкам гузошта буд.
Имрӯз ҳеҷ қувваи бадхоҳе наметавонад, ки занҷири мустаҳками дӯстии сокинони ин ду вилояти ҳамсояро шикаста нобуд намояд, зеро калиди шикастнопазири он дар умқи таърихии ваҳдати абадии миллати тоҷик ниҳон гардидааст.
Соли 2002 даври дуюми сохтмони роҳи Мурғоб – Кулма, ки онро ширкати туркии ЭНТЕС ба уҳда дошт, анҷом дода шуд. Барои татбиқи ин лоиҳа 14 млн доллари амрикоӣ ҷудо гардида буд.
25-уми майи соли 2004 бо дастури Пешвои миллат ва бо иштироки сарвазири онвақтаи мамлакат Оқил Оқилов ва дигар намояндагони воломақоми кишвари Чин роҳи мазкур ба истифода дода шуд. Тоҷикистон аз як давлати роҳаш сарбаста ба давлати дорои роҳи транзитӣ табдил ёфт ва тиҷорат байни ду давлати ҳамсоя оғоз гардид [1, 80].
Давлати Афғонистон яке аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ба шумор меравад. Он аз ҷиҳати иқтисодӣ бо сабаби ҷангҳои дарозмуддат дар сатҳи пасти тараққиёт қарор дорад. Пешвои миллати тоҷикон борҳо оид ба имрӯзу фардои ин ҳамсоякишвар ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми афғон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баромад намуда буд. Ба истифода додани кӯпрукҳо ба ҷониби Афғонистон – соли 2002 дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ, соли 2004 дар мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз ва соли 2006 дар ноҳияи Ишкошим – гувоҳи сиёсати бунёдкорона ва аниқтараш инсондӯстонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сарвари давлат ҳадафи асосии бунёди роҳу пулҳоро дар ноҳияи Ишкошим ҳангоми ифтитоҳи пули сеюм миёни Тоҷикистону Афғонистон чунин шарҳ дода буд: «Роҳу пулҳо ба мақсаде бунёд мегарданд, ки тавассути онҳо равобити ватаниву хориҷӣ густариш меёбанд, мушкилоту рафтуомад, додугирифт ва ҳамлу нақли озоди мол арзон мегардад ва дар оини деринаи мардуми тоҷику афғон сохтани онҳо кори неку савоб ва суннати ҷория ба ҳисоб меравад» [1, 74].
Танҳо солҳои 2000–2003 гардиши савдои хориҷии вилоят 479,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ба вилоят зиёда аз 32 110 тонна молу маҳсулот ворид гардида буд [1, 75].
Соли 2005 сохтмони роҳи автомобилгарди Шикев – Зиғар ба охир расонида шуда, соли 2007 таъмири асосии роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб бо маблағи 362 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Соли 2010 бошад, таъмири асосии роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб анҷом ёфт.
Мавзӯъро бо далелҳои дар боло овардашуда ҷамъбаст намуда, ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
-
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пайваста дар зери таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад.
-
Сокинони ин минтақаи кӯҳистон сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамаи самтҳо дастгирӣ менамоянд.
а) На ҳар кас қодир аст, ки моҳияти рисолати таърихии бар дӯшаш гузоштаро дарк созад, вазифаҳои мавҷударо оқилона иҷро кунад ва ваҳдати комили миллиро баъди парокандагии давлату миллат аз нав эҳё намояд.
б) Дар баробари дигар сокинони кишвар фазои демокративу дунявӣ барои мардуми дурдасти мамлакат – вилояти Бадахшон низ таъмин гардид.
в) Эҳёи робитаи бемайлони пешвои мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон бо муридонаш шароити мусоид фароҳам овард, ки бо даъвати Президенти мамлакат Шоҳзода Карим Оғохон ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар тӯли таърихи чандинасра имконият фароҳам омад, ки муридони ташнаи дидори роҳбари рӯҳонӣ ба коми мурод расанд.
г) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфт.
-
Иқтисодиёти вилоят бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид, ки дар як гузориш онро ҷой додан имконнопазир аст.
-
Шиори «Асри XXI – асри пешрафти Бадахшон» дар амал татбиқ шуда истодааст.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 72.




