Ёди онҳое, ки ҳаргиз барнамегарданд, ё роҳи тайшуда
М.Н. Назаров, Н.М. Назаров, Г.О. Раҷабов
Кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фарматсевтӣ (мудири кафедра профессор М.Н. Назаров)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Шумо аз маълумоте, ки дар шумораҳои қаблии маҷаллаи «Авҷи Зуҳал» чоп шуда буданд, бо баъзе аз намояндаҳои боқимондаи қадимии шуъбаҳои бараҳнатухмон (лучтухмон – Секвоя, Хоҷаи бузург) ва нисбатан қадимии магнолиафитон (пӯшидатухмон ё ғӯракдорон ё гулдорон – Эвкалипт, Баниян, Дарахтони нон, Чормағзнаботҳо) шинос шуда будед. Ҳоло Шуморо ба маълумоти навбатӣ оид ба ибтидо ёфтан, тараққӣ кардан ва дар саҳифаҳои дастнависшудаи қишрҳои қаъри Замини муқаддас маҳфуз монда ва аз эҳтимол начандон дур аст, ки аҷдодони олами наботҳои замони ҳозира, аз он ҷумла намояндаҳои пеш аз ин тавсифшуда буданд, шинос хоҳем кард. Онҳо мувофиқи сохтори қиёфӣ ба гурӯҳи рустаниҳои мукаммал (мансуб) ва нисбати (мувофиқи) тараққиёт ба зинаи ибтидоӣ ва поёнии салтанати рустаниҳои рагдор мансуб буданд.
Дар мақола барои рӯшан шудани роҳи тайшудаи рустаниҳо ибораҳои эраҳо бо давраҳо ёд мешаванд, ки ифодакунандаи бардавомии умри қишрҳои саёраи Замин ва рустаниҳои ҳамон замонаҳо ҳастанд. Масалан, кайнозой (50 млн. сол): чоряки, сеяки; мезозой (аз 100 то 200 млн. сол): бур, юра, триас; палеозой (250–550 млн. сол): перм, ангиштсанг, силур, кембрий. Мавзӯъ аз назари мо замонавӣ, диққатҷалбкунандаву аҷоиб ва ҳамзамон андаке ҳам бошад вазнину андуҳовар аст. Зеро кист, ки пеш аз қабули ғизо андеша накунад, ки ин нозу неъматҳои деҳқонофаридаи болои дастурхон, ки «кафшери ҳаётанд» ва ҳамзамон бардавомии чандин ҳазорсолаҳои ҳаёти инсониро дар рӯйи замин таъмин мекунанд, чи тавр ибтидо ёфтаанд ва аз куҷо ба вуҷуд омада бошанд? Бо мурури давраҳо ва эраҳо такмил ёфтану мукаммал шудани рустаниҳо, аз он ҷумла аз таъсири муфтхӯрон (ҳашаротҳо ва ҳайвонот), сабаби офарида шудани шоҳи Сайёра – аҷдоди одамон (ба маънои васеи он) Бобои Одам ва Момо Ҳаво гардиданд.
Чуноне, ки Мирзо Абдулқодири Бедил овардааст (саҳ. 81):
«Зи ҳаёте, ки кост, ё афзуд,
Ҳам аз ӯ ҷасту ҳам дар ӯ осуд,
Халқе аз пардааш аён гардид,
Рафту ҳам дар дилаш ниҳон гардид.
Он фаное, к-аз ӯ бақо гул кард,
Аз ҳамин маркази фано гул кард».
Муқаддима. Маълумоти ин суҳбати навбатии ба хонанда пешниҳодшуда, ба хотираву ёд ва тавсифи мухтасари гузаштагони намояндаҳои оддӣ ва ибтидо ёфтани марҳалаҳои «тифлии» салтанати рустаниҳои мукаммал бахшида мешаванд. Дар раванди суҳбат мо ва Шумо бо баъзе аз намояндаҳои рустаниҳои мукаммали даргузашта (сарфи назар аз он ки бе бозгашт фано шудаанд), ки «тифлони» аввалин дар болои саёраи Замин буданд, шинос мешавем. Мо онҳоро, то имконият даст медиҳад, мувофиқи низоми муайяни воҳидҳои меъёрии таснифӣ ва қаробатнокӣ, тавсиф менамоем, яъне аз ибтидо ёфтан то ба мукаммалу комил ва аз шӯъба то намуд, то он ки тавлиду комил шудани «гандум» ва «себ» ба қадри имкон ошкор гарданд.
Дар ҳолате, ки дар муҳити обӣ («биҳиштӣ»), махсусан баҳрҳо ва уқёнусҳо рустаниҳои оддӣ муайянкунанда (аз махлуқоти ҷумбон то ба обсабзҳои ҷигариву хара) ҳастанд, дар хушкӣ рустаниҳои мукаммал ҳукмронӣ доранд. Дар ҷангалу марғзорҳо, найистону даштҳо, биёбону боз дигар ҷамоаҳо, мо аз ҳама беш рустаниҳои мукаммалро мебинем. Баъзан дар ҷамоаҳои тундра ва кӯҳҳои баланду курасангҳои урён гулсангҳо ҳукмронӣ мекунанд. Ҳамзамон, қариб, ки тамоми рустаниҳои мадании зироатӣ, ғайр аз баъзе рустаниҳои оддӣ (бактерияҳо, обсабзҳо, занбурӯғҳо), ба рустаниҳои мукаммал мансуб ҳастанд.
Мувофиқи қиёфаи берунӣ, инчунин сохтор ва сифатҳои биологӣ, рустаниҳои мукаммал аз ҳад беш гуногун мебошанд. Ба онҳо на танҳо рустаниҳои магнолиофитон (гулдор ё ғӯракдор ё пӯшидатухмон) ва бараҳнатухмон (лучтухмон – сӯзанбаргон, саговникҳо ва диг.), балки сарахс(килдор)шаклон, чилбуғумҳо, мунмунҳо ва ҳатто ушнаҳову ҷигаршаклон мансуб мебошанд. Шумораи намудҳои рустаниҳои мукаммал нисбат ба рустаниҳои оддӣ ниҳоят афзун буда, адади онҳо то ба 300 000 ва мувофиқи андешаи баъзе аз ботаникҳо (фитологҳо), ҳатто ба ним миллион баробар аст.
Барои рустаниҳои мукаммал мавҷуд будани узвҳои ҷинсӣ (гаметангиҳо – ними вуҷуд, яъне наркинак ё модкинак) ва ғайриҷинсии (спорангий-ҳокаофаранда) бисёрҳуҷайра хос мебошанд. Узвҳои ҷинсӣ табиатан ду навъанд – наркинак (гулкунанда-антеридий) ва модкинак (офаранда-архегоний). Дар даври инкишофу нумӯи рустанӣ узвҳои ҷинсӣ ва ҳокаофаранда ба марҳалаҳои гуногун моиланд.
Даври инкишофи рустаниҳои мукаммал аз ду марҳалаи пай дар пай ё ду «насл»-и якдигарро пай дар пай ивазкунанда – ҷинсӣ (гаметофит-ними вуҷуд) ва ғайриҷинсӣ (спорофит-фарди бутуни рустанӣ) иборат аст. Узвҳои ҷинсӣ дар гаметофит (ними вуҷуд) тараққӣ мекунанд. Эҳтимол, ки гаметофит (ними вуҷуд, наврӯста бо «н» хромосом) дуҷинса (бо узвҳои гулкунанда- антеридий ва офаранда – архегоний) бошад. Дар чунин маврид дар болои он (наврӯста) ҳам гулкунанда-антеридий ва ҳам офаранда-архегоний тараққӣ мекунанд. Аммо дар аксарияти рустаниҳои мукаммал (аз он ҷумла тамоми бараҳнатухмон ва рустаниҳои гулдор) вай якҷинса буда дорои ё танҳо гулкунак (ними вуҷуди фарди наркинак-антеридий) ё танҳо офаранда (ними вуҷуди модкинак-архегоний) мебошанд. Дар натиҷаи тараққиёт дар наркинак (антеридий) нутфаҳо ва таносубан дар модкинак (архегоний) тухмҳуҷайра ба воя мерасанд ва ҳосил мешаванд. Нутфаҳо бевосита ва бо иштироки об ҳаракат намуда ба воситаи нуги бологии гарданаи модкинак (архегоний) вориди он мегарданд. Дар он ҷо бо тухмҳуҷайра во хӯрда омехта мешаванд. Дар натиҷаи фаъолияти чунин ақди офарандагӣ ҳуҷайраи нави дучанда (бо ду хромосом: падарӣ ва модарӣ) арзи вуҷуд менамояд, ки онро ҷуфтишуда ё ибтидоии бордоршуда (зигота бо ду хромосом: падарӣ ва модарӣ) меноманд.
Дар рустаниҳои мукаммал, дар тафовут бо рустаниҳои оддӣ (обсабзҳо, ушнаҳо), ҳуҷайраҳои бордоршуда (зиготаҳо) ба ҷанинҳои бисёрҳуҷайра ибтидо мегузоранд. Дар натиҷаи нашъу нумӯ ва тафриқа шудани ҷанин фарди бутуни рустанӣ – спорофит тараққӣ мекунад. Ҳамчун ҳуҷайраи бордоршуда, тамоми ҳуҷайраҳои ҷанин ва фарди бутуне, ки аз ҷанин тараққӣ мекунад, дорои шумораи дучандаи хромосом – «2n» мебошанд.
Дар фарди бутуни рустанӣ (2n) ҳокаофарандаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар дохили онҳо зараҳокаҳои якҳуҷайрагӣ (2n) тараққӣ мекунанд. Онҳо барои амалӣ шудани афзоиши ғайриҷинсӣ хизмат менамоянд. Дар ҳолати ҳосил шудани зараҳокаҳо ва дар натиҷаи мейоз, яъне гаштаву баргашта ду маротиба тақсим шудани ҳуҷайра (аз ҳастии дучандаи ибтидоӣ чорто ҳастии якчанда ҳосил мешавад ва ба гаметаҳо табдил меёбанд) силсила амалӣ мегардад. Барои ҳамин ҳар як ҳока («n») нисбат ба ҳуҷайраҳои фарди бутуни («2n») рустанӣ, яъне нисбат ба спорофит («2n») ду маротиба кам, яъне тоқ («n»-гаплоидӣ) ва гаплоидӣ мебошанд.
Барои аксарияти рустаниҳои мукаммал, масалан қисми бисёри сарахсшаклон ё килдорон ҳар як ҳока ба ҳосил шудани гаметофити (ними вуҷуди рустанӣ-наврӯстаи) дуҷинса ибтидо мегузорад ва дар болои наврӯста ҳам наркинак-гулкунак (антеридий) ва ҳам модкинак-офаранда (архегоний) тараққӣ мекунанд. Аммо барои аксарияти рустаниҳои мукаммал ду типи (навъӣ) офарандаҳои ҳокаҳо хос мебошанд: 1) офарандаҳои ҳокаҳои заррагӣ, ки таносубан дар дохили онҳо зараҳокаҳо ҳосил мешаванд; 2) офарандаи ҳокаҳои калон, ки дар дохили онҳо якчанд ҳокаҳои нисбатан калон тараққӣ мекунанд. Ҳар як зараҳокаи ҳосил шуда танҳо ба як наркинаки гаметофит ибтидо мегузорад ва аз ҳар як ҳокаофарандаи калон танҳо як модкинаки гаметофит ҳосил мешавад. Дар наркинак танҳо гулкунак-антеридий ва дар модкинак танҳо офаранда-архегоний ибтидо мегиранд ва тараққӣ мекунанд, яъне ин ибтидои як навъи арзи вуҷуд кардани «гардбаргҳо» ва «мевабаргҳои» рустаниҳои гулдори замони ҳозира буд.
Ҳамин тавр, даври инкишофи комили рустаниҳои мукаммал аз ҳуҷайраи дучанда (ё бордоршуда-зигота) то ба ҳуҷайраи дучанда (ё бордоршуда-зигота) аз ду марҳала: 1 – гаметофитӣ (ними вуҷуд) ва 2 – спорофитӣ (фарди бутун) иборат аст. Бо шарофати ҳамин сифат, дар даври инкишофи рустаниҳои мукаммал гӯё, ки як навъ «инфиродии шаклан духела» ва ҳамзамон, дар ду шакли аз ҳамдигар ба куллӣ фарқкунанда, ошкор мешаванд. Дар аксарияти рустаниҳои мукаммал (псилофитҳо, мунмунҳо, чилбуғумҳо ва килдоршаклон) ин марҳалаҳо гӯё, ки сифатҳои махлуқҳои аз ҷиҳати физиологӣ мустақил бошанд. Сарфи назар аз он, ки онҳо аз ҷиҳати физиологӣ ҳоло наслҳои ҷудогона (махлуқҳои мустақил) нестанд, аммо мувофиқи пайдоиш онҳо мутаносибанд ва нисбат ба онҳо истилоҳҳои «гаметофит» ва «спорофит»-ро ба пуррагӣ истифода намудан лозим аст. Пайдоиши ин ду насл дар даври инкишофи рустаниҳои мукаммал чигуна аст, дар мисоли баъзе аз рустаниҳои фаношуда, ки ҳаргиз бар намегарданд, марҳала ба марҳала ба Шумо ошкор ва рӯшан мегарданд.
Рустаниҳои мукаммал, эҳтимол, ки аз кадом яке аз обсабзҳои сабзи сокинони обҳои ширин ё андаке шӯрмазза («аз бенамаки заҳр намак») ба вуҷуд омада бошанд. Таърихи геологии рустаниҳо шаҳодат медиҳад, ки пешоянди эраи рустаниҳои мукаммал, махсусан эраи обсабзҳо буданд. Ин ақидаро далелҳои зерин тасдиқ карда метавонанд: 1) монандии гурӯҳи ниҳоят қадимӣ ва кайҳо фаногардидаи рустаниҳои мукаммал – риниофитҳо – бо обсабзҳо, аз он ҷумла бо сохтори навдаронии якхела ва вобастагии бевоситаи онҳо ба мавҷуд будан ва иштироки об дар силсилаи бордоршавӣ; 2) монандии пай дар пайии «наслҳои» рустаниҳои мукаммал ва аксарияти обсабзҳо; 3) мавҷуд будани мижгонакҳо ва қобилияти мустақилона шино намудани ҳуҷайраҳои ҷинсии наркинаки аксарияти рустаниҳои мукаммал; 4) монандӣ дар сохтор ва вазифаҳои хлоропластҳо.
Дар шароити наву «ношиноси» заминӣ ва дар раванди беамони эволютсия ба воситаи ҳокаҳо афзоиш намудани рустаниҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар ҳамон муҳит миқдори зиёди ҳокаҳо дар шароити номусоид монда намесабзиданд ва онҳо талаф меёфтанд. Ҳамин тавр, зарурияти истеҳсоли сершумори ҳокаҳо ба миён омада буд.
Барои амалӣ шудан ва иҷрои ин вазифа миқдори зиёди захираи моддаҳои органикӣ лозим буд. Ин сифатҳо дар якҷоягӣ ба афзун шудани андозаи спорофит (фарди намуд) ва васеъ гардонидани сатҳи фотосинтезкунандаи он сабаб гардиданд.
Афзун шудани андозаи спорофит сабаби бевоситаи тафриқа шудани сохтори берунӣ ва дарунии рустаниҳо шуд. Ин силсилаи таносуби «андоза ва қиёфа»и спорофит дар марҳалаи аввали давраҳои эволютсия бояд, ки аҳамияти ниҳоят калон медошт. Беш аз беш тафриқа шудани спорофит сабаби ба вуҷуд омадани силсилаи гузаронанда ва махсусан ғунҷоиши бисёрҳуҷайраи ҳокаҳо – ҳокаофаранда гардид.
Дар мисолу намунаҳое, ки дар зер ба диққати мухлисони табиатпараст пешниҳод карда мешавад, ба қадри имкон рӯшан мегардад, ки пас аз ба болои Замин баромадан, рустаниҳо ба чигуна «балоҳо» гирифтор шуда буданд. Дар он давраҳо ва эраҳо «балоҳо» ва «ҷабрҳо» нисбат ба рустаниҳое, ки нав ба болои замин баромада буданд, аз ҳад беш буд. Масалан, «ҷабру» «балоҳои» кайҳонӣ, ба монанди рӯшанӣ, торикӣ, сардӣ, гармӣ, боридани ҷирмҳои осмонӣ ба болои замин, ё махсусан «ҷабри» муҳити нисбатан бегонаи сукунат ба паҳну парешонии рустаниҳо ба монанди хок, об, пастӣ, баландӣ, маду ҷазр ва боз дигар «ҷабрҳову» «балоҳо». Инчунин муносибатҳои бевоситаи дутарафаи мусбӣ ва манфӣ дар байни фардҳои рустаниҳои «ҳамсоя» ва намудҳо ва ҳамзамон дар дохили фардҳои ҷудогонаи худи ҳамон намудҳо ва боз дигар «ҷабру» «балоҳои» аз инҳо ҳам беш мавҷуд буданд. Рустаниҳое, ки аз ибтидо дар муҳити сукунати обӣ («биҳиштӣ») қарор доштанд ва пас аз он ки ба муҳити наву бегонаи заминӣ баромаданд бояд, ки ба ҳамон маҷмӯъи омилҳои нав ё мутобиқ мешуданд ва ё дар ин муҳорибаи шадид фано мегардиданд. Дар мисоли баъзе аз рустаниҳои ҳамон замонҳо, ки дар қишрҳои замин нақш баста буданд, пай дар пай якдигарро иваз кардани онҳоро рӯшан ва бараъло дидан мумкин аст. Афсус! Чи тавре, ки мегӯянд рустаниҳо дар ҳамон давраҳо ва эраҳои «бероҳаи» қадимии муҳити сукунат чи тавр роҳи халосӣ ва наҷот ҷуста бошанд? Аммо онҳо оқибат фано гардида бошанд ҳам, вале «насл»-ҳои ояндаи нисбат ба худ боз андаке тағйирёфта, ба муҳити атроф нисбатан хуб мутобиқшуда ва тараққикардаро боқӣ гузоштанд. Ҳамин аст моҳияти асосии ҳаёт дар Сайёра барои рустаниҳо, ҳайвонот ва одамон!
Хонандаи меҳрубон! Ҳоло андаке ҳам бошад таваққуф мекунем ва Шумо хеле хуб медонед, ки дар рӯшании Офтоб моҳтоб (начандон рӯшан) ва ситораҳо падидор нестанд ва онҳо танҳо пас аз офтобнишин падидор мешаванд. Дар кашфиётҳои илмӣ низ баъзан чунин аст. Масалан, бори аввал Джеймс Досон дар нимҷазираи Гаспеи Канада соли 1859 дар қишри давраи девони эраи палеозой, боқимондаи рустании мукаммали тасодуфан аҷоибу оддиро ошкору тавсиф намуд, ки ба ягон намуди дар ҳамон замон ба илм маълум, монанд набуд. Танаҳои душоха навдаронандаи вай барг надоштанд. Силсилаи гузаронандаи тана низ ибтидоӣ ва содда буд. Аҷоиботи дигар – ҳокаофарандаҳои ин рустанӣ дар нугҳои бологии душоха навдаронандаи паҳлугӣ ҷойгир ва ба поён овезон буданд. Таассуфона, узвҳои зеризаминӣ маълум набуданд. Досон ба ин дарёфти худ Psilophyton princeps, ки бо тоҷикӣ маънии «бараҳнарустании нахустин»-ро дорад, ном гузошт. Ин кашфиёти ғалатии Досон, дар омади гап, дар як вақт ба нашр гардидани «Пайдоиши намудҳо…»-и Ч. Дарвин рост омада буд. Табиатан вай дар зери нурҳои ин кашфиёти оламшумул (ниг. ба боло) як давраи тӯлонӣ ноайён монд. Дар ҳамон давра ба қадри аҳамияти ин кашфиёт дар рӯшан кардани эволютсияи рустаниҳои мукаммал ихтисосмандони ботаника (юн. «ботанэ» – сабз ё сабзавот) ё фитология (юн. «фитон» – рустанӣ) низ баҳои арзанда дода натавонистанд. Танҳо солҳои 20-уми асри XX ин ҳолат тағйир ёфт. Ба чунин ҳолат кашфиёти қонунҳои ирсии Г. Мендел (1865) ҳам гирифтор шуда буд.
Таърихи тараққиёти бисёрасраи илмҳои гуногун гувоҳанд, ки аксарияти кашфиётҳои илмии олам воқеъану баъзан ғайринақшавӣ ошкор мегарданд. Дар баъзе мавридҳо кашофони ин ё он муаммои илмӣ ихтисосмандони дигар ҷабҳаҳои илмӣ мебошанд. Масалан, тирамоҳи соли 1912 ба духтур (табиб) У. Макки сокини Элгин назди деҳаи Райн (бо забони русӣ Рин, ки начандон дуруст аст) начандон дур аз шаҳри Абердин (Шотландия) бахти баланд насиб кард. Вай берун аз вақти корӣ ба геология шуғл меварзид. Боре дар вақти гузаронидани тадқиқоти навбатии саҳроӣ порчаҳои сершумори ҷинсҳои варақсангро ва ҳатто порчаҳои ҳамон ҷинсро дар деворҳои наздики сангини Райн ошкор намуд. Макки рӯшан дид, ки дар қабати ҷинсҳо рахҳо ва доғҳои сиёҳтоб хуб падидор буданд. Вай барои намуна ва тадқиқот якчанд ҳиссаҳоро аз он бозёфт бурида бо худ гирифт, ки дар таркиби онҳо нақши бараълои боқимондаҳои рустаниҳои таҳшиншуда падидор буданд. Макки баъзе аз ин бозёфтҳоро дар асаре, ки ба геологияи ҳамон ноҳия бахшида шуда буд, ба нашр расонид, аммо сарфи назар аз доираи васеи илмӣ доштан, вай ин боқимондаҳои рустанигии нашршударо тавсиф ва номгузорӣ накард, чунки вай палеоботаник набуд (гунҷишкро кӯшад, қасоб кӯшад!). Ин дуюм кашфиёти палеоботаникӣ буд. Пасон вай ин ашёҳоро соли 1915 барои тадқиқ намудан ба палеоботаники барҷастаи шотландӣ Р. Кидстон (1852–1924) ҳадя намуд. Р. Кидстон ҳамзамон якҷоя бо профессори донишгоҳи Манчестер У. Ланг соли 1915 ба тадқиқот ва омӯзиши ин флораи диққатҷалбкунанда, ки бе андоза ва ниҳоят аҷоиб буд, шурӯъ карданд. Кидстон ва Ланг оид ба ин мавзӯъ дар солҳои 1917–1921 панҷ асари илмӣ ба чоп расониданд, ки дар таърихи ботаника (фитология) ҳақиқатан ҳамчун корҳои классикӣ буданд. Бо ҳамин онҳо ба раванди омӯзиш ва силсилаи тадқиқоти мунтазами рустаниҳои мукаммали фаногардидаи ниҳоят қадимӣ ва аз ҳад беш оддӣ, асос гузоштанд. Маълум шуд, ки ҷинсҳои варақсанги силикатии ҳамон мавзе ба аввали девон мансуб буданд ва мутаносубан ҳамин рустаниҳо низ қариб 415 миллион сол пеш аз замони мо пайдо шудаанд.
Соли 1937 ба палеоботаникҳо сеюм кашфиёт муяссар гардид. Дар регистони силури бологии Уэльс (Бритонияи Кабир), ки нисбат ба «черти Райн» хеле қадимитаранд, Ланг авлоди нав – куксонияро (Cooksonia) кашф кард. Пасон ин авлодро дар силури бологии Чехословакия, ИДМ (Подолия, Қазоқистони Марказӣ) ва ИМА (штати Нью-Ёрк), инчунин девони поёнии Шотландия ва Сибири Ғарбӣ ошкор намуданд, ки он низ қариб 415 миллион сол пеш аз ин ҳаёту фаъолият доштааст.
Ботаники франсавӣ О. Линье (1908) аз усулҳои морфологияи қиёсӣ ба тарзи васе истифода намуда, бо рустаниҳои маҳаллии атрофи Франсия дар давоми солҳои тӯлонӣ таҷрибаҳои сершумор мегузаронид. Натиҷаи таҷрибаҳои бисёрсола ба О. Линье имконият доданд, ки вай 4-сол пеш аз кашфиёти доктор Макки (1912 ниг. ба боло), эҳтимоли дар табиат «мавҷуд будани райниофитҳоро» на танҳо пешбинӣ намояд, балки ҳатто тавсифи «муҳоботии» махсуси худро нисбат ба сохтори спорофити (фарди) рустаниҳои мукаммал пешниҳод ва асоснок намояд: ки онҳо ҳатман дорои узви сутуншакли муқаррарӣ – каулоид буданд ва ҳамон барҷастагиҳое, ки дар болои каулоид во мехӯрданд – филлоидҳо ва ризоидҳо ҳастанд. Дар силсилаи эволютсия аз каулоидҳо баргҳои калон ҳосил шуданд, ки ба баргҳои сарахсҳо монанд буданд. Филлоидҳо – инҳо барҷастагиҳое буданд, ки дар болои каулоидҳо вомехӯрданд, яъне ҷараёни зарабаргҳо ё ин ки пулакчаҳои болои баргҳои сарахсҳо, буданд. Ӯ асоснок кард, ки ҳокаофарандаҳо (спорангиҳо), яъне «офарандаҳои мева» («меваофарандаҳо») дар силсилаи эволютсия пеш аз баргҳо арзи вуҷуд кардаанд.
Дар давоми эраи палеозой (давомнокӣ) гурӯҳҳои гуногуни рустаниҳо пай дар пай чун «муҳоҷирон» аз «кишвар»-и обӣ ба «кишвари» хокӣ баромада якдигарро иваз мекарданд. Дар ибтидои ин эра, аз кембрий то силур шумораи обсабзҳои баҳрӣ ниҳоят фаровон ва муайянкунанда буданд.
Рустаниҳои рагдори мукаммал дар силури поёнӣ арзи вуҷуд карданд ва агар онҳоро рустаниҳои обхокӣ ҳам гӯем хато намекунем. Намояндаҳои онҳо аксаран сокинони мавзеҳои тунукобу соҳилҳои дарёҳо, кулмакҳои хурду бузурги атрофи баҳрҳо ва уқёнусҳо буданд ва танҳо дар натиҷаи сабзидану нумӯ кардан буттазорҳои зичи онҳо аз зери об ба болои об мебаромаданд. Баъзе намояндаҳои онҳо ҳатто дар болои замин низ во мехӯрданд. Инҳо намояндаҳои райниофитҳо ва псилофитҳо, яъне рустаниҳои чи тавре, ки мегӯянд «модарзодӣ» тамоман урён ё лучаку бараҳна буданд ва танаи бараҳнаи онҳо ҳатто барг ҳам надоштанд.
Аввал ба намояндаҳои шуъбаи Райниофитҳо – Rhyniophyta бо синфу тартиботи ҳамном, ки авҷи тараққиёти намояндаҳои онҳо ба давраи интиҳои силур ва аввали девони эраи палеозойи флораи псилофитҳо рост омада буд (қариб 415 млн. сол пеш аз ин) ва ҳоло ошкору кашф карда шудаанд шинос мешавем.
Намояндаи ниҳоят қадимии тартибот ва тамоми шуъбаву оилаи райниофитҳо, куксония – Cooksonia мебошад, ки дар интиҳои силур ва ибтидои девон (қариб 415 млн. сол пеш аз ин) зиндагӣ кардааст. Шаклан онҳо ба обсабзҳо монандӣ доштанд. Ҳокаофарандаҳои куксония хурду ғафстана, кулула ё андаке дарозрӯя буданд. Рагмонандҳо ҳалқаҳои ғафсшуда доштанд.
Ҳоло танҳо спорофитҳои (рустании бутун) райниофитҳо ва псилофитҳоро қариб дар тамоми қитъаҳои олам ошкор ва муайян кардаанд ва онҳо 20 авлоду шумораи бисёри намудҳоро дар бар мегиранд. Гаметофитҳои (узвҳои ҷинсии рустанӣ) ин рустаниҳоро то айни замон пайдо накардаанд.
Мухлисони иззатманд ва дӯстдорони набототро бо намояндаҳои авлодҳои асосӣ – райния, хорнеофитон, тениокрада, хедея аз тартибот ва оилаи ҳамном – райниофитҳо ва инчунин дигар шуъбаҳо аз оддӣ то мукаммал шинос менамоем.
Аз авлоди Райния – Rhynia, ду намуд диққатро ба худ ниҳоят ҷалб мекунанд: Райнияи баланд (Rh. major) бо теломи то 50 см баланду қутри 5–6 мм ва Райнияи Гвин-Воона (Rh. gwynne-vaughanii) бо теломи то 20 см баланду қутри 2–3 мм. А. Лайон соли 1976 ҳокаофарандаи (спорангийи) райнияи Гвин-Воонро ошкор намуд.
Дар омади суҳбат А. Лайон, ки ҳаёташро ба тадқиқоти райниофитҳо бахшида буд, дар ҳамон мавзее, ки онҳоро ошкор намуда буданд худ сукунат мекард ва ҳатто ҳамон қитъаро бо мақсади гузаронидани тадқиқоти илмӣ харида, моли шахсии худ кард.
Ҳаёт хеле аҷоиб аст! Ба ёд оваред, ки бузургвор Абулқосим Фирдавсӣ аз камвизоатӣ, порчаи заминӣ аз падар мерос мондаро фурӯхта, бо пули он қоғозу қалам ва сиёҳӣ харид намуда, навиштани «Шоҳнома»-ро идома дода буд.
Дар меҳвари марказии борики райниофитҳо, ки ба санг табдил шудааст бофтаҳои гузаронанда – чӯби суст тараққикарда ҷойгир аст. Чӯб дар райния аз рагмонандҳо бо ҳалқаҳои ғафсшуда, аммо дар хорнеофитон ҳам аз ҳалқаҳо ва ҳам аз печонакҳо таркиб ёфтааст. Тамоми нишонаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ин рустаниҳо дар шароити серобии муҳит месабзиданд ва барои онҳо силсилаи мукаммали гузаронанда лозим набуд. Аз тарафи дигар пӯсти бологии (эпидермаи) онҳо бо қабати нисбатан ғафси кутикула пӯшида шуда буд ва масомаҳои начандон фаровон доштанд, ки ин шоҳиди идора кардани бухор намудани об (транспиратсия) буд. Дар зери пӯсти бологӣ пӯсти нисбатан ғафс ҷойгир буд. Вай дар навбати худ аз ҳуҷайраҳои паренхимӣ таркиб ёфта ва эҳтимол, ки ҳамчун бофтаи хлорофилладори фотосинтезкунанда фаъолият менамуд.
Пайдоиши поя, яъне тана бо баргҳову муғҷаҳо ва силсилаи бофтаҳое, ки вазифаи гузаронандагӣ ва такягоҳро иҷро мекунанд, эҳтимол аз теломҳои бо кутикулаи ғафс пӯшидашуда ибтидо гирифта бошад. Инро на танҳо таҳшиншудаи санггаштаи рустаниҳо, балки намояндаҳои фаъолияткунандаи замони ҳозира низ, тасдиқ мекунанд. Ҷисми райниофитҳо аз ҳиссаҳои тиршакл, ки навдаронии душоха (навдаронанда) доштанд, иборат буданд. Тадқиқотчиён ба ин ҳиссаҳо номи махсус-теломро (юн. телос – ҷудо, ҳисса) раво диданд, аммо О. Линье онҳоро каулоид ва филлоид номида буд (ниг. ба боло). Дар ҳиссаҳои интиҳоии ин шохчаҳои теломҳо спорангиҳо (узвҳои офарандаи ҳокаҳо) ё ҳокаофарандаҳо тараққӣ мекарданд. Он ҳиссаҳое, ки теломҳоро бо ҳамдигар васл карда буданд, тадқиқотчиён ба онҳо номи месомҳоро гузоштанд.
Дар қисми поёнии рустанӣ, ки ба замин наздик буд, теломҳо тараққӣ карда рустаниро бо асоси он пайваст менамуданд. Ҳиссаҳои бологии теломҳои зериобӣ ё зеризаминии бо ризомоидҳо (решатабиатҳо) пӯшида шуда, дорои ризоидҳои сершумори якҳуҷайрагӣ буданд. Чи тавре ки Бедил (саҳ. 67) гуфтааст:
«То сози нафас воситаи шӯри ҷаҳон аст,
То вазъи ҷасад оинаи улфати ҷон аст,
Ҷамъияти дилҳо алами болфишон аст,
Бе реша парокандагии дона аён аст,
Аз сабҳа маҷӯ рабт, чу зуннор набошад».
Офарандаҳои ҳокаҳо (спорангиҳо) мавқеи бологӣ ё терминалӣ доштанд. Баъзе аз авлодҳои райниофитҳо дорои баргҳо буданд ва аксарияти онҳо мунмунҳо, чилбуғумҳо ва ҳатто сарахсҳои (килдорҳои) замони ҳозираро ба ёд меоваранд.
Сохтори дарунии теломи Райнияи баланд оддӣ буд. Дар маркази он пештанаи (протостела) содда, ки шакли дастаи муттамарказии гузаронанда дошт, ҷойгир буд. Чӯби аз рагмонандҳои ҳалқагӣ таркиб ёфта, мавқеи марказӣ дошт ва дар иҳотаи лиф буд. Чӯб аз 4–5 қатор ҳуҷайраҳои дарозрӯяи уреб (каҷ) таркиб ёфта буд ва дар пушти он ба самти берунии тана – пӯстлохи ғафси бо ҳиссаҳои берунӣ ва дарунӣ тафриқашуда падидор буданд. Ҳиссаи дарунии пӯстлохро ҳуҷайраҳои паренхимии ковок, ки фосилаҳои байни онҳо хеле васе ва беруниро бошад якчанд қабат ҳуҷайраҳои зич ҷойгиршуда таркиб дода буданд. Телом пӯсти бологӣ дошт ва дар болои он масомаҳо бо ҷуфти ҳуҷайраҳои қулфак мавҷуд буданд.
Офарандаҳои ҳокаҳо (спорангиҳо) то 12 мм баланду 3–4 мм васеъ, кулула ва бо деворчаи бисёрқабата пӯшида шуда буданд, ки онҳоро дар ҳавои гарм аз хушкида нобуд шудан ҳимоя мекард. Дар дохили онҳо ҳокаҳои ниҳоят бисёр мавҷуд буданд. Онҳо ба тарзи тетрадӣ (чортогӣ) пайваста ва чун дар рустаниҳои замони ҳозира ба тарзи редуксионӣ тақсим мешуданд. Шаклан офарандаҳои ҳокаҳо кулула ва сарбаста буданд ва аз эҳтимол начандон дур аст, ки ҳокаҳо танҳо дар натиҷаи пӯсидани пӯсти бологии ҳокадон озод ва парешон шуда метавонистанд. Ҳокаҳо низ дорои пӯстпардаи ғафс буданд. Теломи Райнияи Гвин-Воона низ чунин сохтор дошт, аммо дар таркиби ҳиссаи поёни теломи онҳо барҷастагиҳои паренхимии кулула мавҷуд буд ва аз он лундаҳо пояҳои кӯтоҳи паҳлугӣ тараққӣ мекарданд.
Авлоди хорнеофитон – Horneophyton бо як намуд H. lignieri-ро аз девони миёна кашф карданд. Онҳо ба райниҳо ниҳоят наздик буданд ва дар якҷоягӣ бо ҳамдигар дар кулмакҳо ва заминҳои торфтабиат ҷамоаҳои зич ҳосил мекарданд. Навдаронӣ чун дар райния – душоха, аммо навдачаҳои онҳо яке кӯтоҳу дигаре дароз буданд. Теломҳо ва ризомоидҳои хорнеофитон бо андоза нисбат ба райния андаке кӯтоҳу борик ва сершумор буданд. «Пояреша» дорои барҷастагии лундамонанд ғафсшуда буд, ки дар натиҷаи микоризаи (ҳамзистии) содда бо занбурӯғ ҳосил шудааст. Сохтори анатомии рустанӣ ба райния ниҳоят монанд, аммо дар болои пӯсти танаи онҳо масомаҳо вуҷуд надоштанд.
Ҳокаофарандаҳо дар нугҳои бологии душохаҳо ҷойгир буданд. Дар дохилӣ офарандаи ҳокаҳо, ки шакли «ғӯзача» дошт сутунча мавҷуд буд ва дар болои теппачаи ҳамон сутунча ҳокаофарандаҳо ҷойгир шуда буданд. Сутунчаи аз бофтаҳои паренхимӣ таркиб ёфта дар иҳотаи қабати фарш (тапетум) буд ва эҳтимол, ки фарш барои ҳокаҳо ҳамчун ғизо хизмат мекард. Ҳокаофаранда шаклан андаке ҳам бошад ба ғӯзачаи ушнаҳои замони ҳозира монандӣ дорад.
Дар авлоди хорнеофитон нишонаҳои ниҳоят содда (сохтори ҳокаофарандаҳо) ва баъзе аз нишонаҳое, ки мукаммал гардидаанд (душохаи нобаробар, редуксияи силсилаи гузаронанда дар ризомоидҳо, ҳамзистӣ бо занбурӯғҳо) ба назар мерасанд.
Ба оилаи райниҳо инчунин мансуб аст авлоди тениокрада – Taeniocrada. Намудҳои тениокрадаро дар девони поёнии вилояти Райн, Поволжя, Сибири Ғарбӣ ва Чин кашф кардаанд. Рустанӣ аз тирҳои борики душоха навдаронандаи пилтамонанд бо пештанаи борик таркиб ёфта буданд. Масома надоштанд. Ҳиссаҳои бологии тениокрада наймонанд шуда бо ҳокаофаранда интиҳо меёфтанд. Тениокрада обдӯст буд.
Дар байни райниофитҳо тамоюли бо ҳамдигар наздик шудани ҳокаофарандаҳо ва бо якдигар васл шудану ба вуҷуд омадани синангиҳо (ибтидои «меваҳо») мушоҳида мешавад. Дар авлоди хедея – Hedeia ҳокаофарандаҳо дастагӣ ҷамъ шуда, шаклан ба тӯдагули сипарак монандӣ доранд. Кӯтоҳ шудани поячаҳои ҳокаофарандаҳо сабаби бо ҳамдигар наздик шудани худи ҳокаофарандаҳо гардид ва дар натиҷа онҳо бо ҳамдигар омехтанд ва сабзида синангий (мева дар наслҳои пешоянд) ҳосил намуданд. Масалан, чунин аст авлоди яравия – Yarravia аз девони поёнӣ.
Ҳамин тавр, синангий якумин маротиб дар аввали девон ба вуҷуд омад. Дар оянда вай якчанд маротиба дар ҷараёнҳои гуногуни эволютсияи рустаниҳои мукаммал пайдо мешавад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 76.




