Зеҳн

Истилоҳ ҳамчун падидаи забонӣ

21 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

А.И. Юсуфов, М.А. Мусозода

Кафедраи забони тоҷикӣ (мудири кафедра н.и.ф. А.И. Юсуфов) ва Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Масъалаи омӯзиш ва пажӯҳиши забонҳои касбӣ ва терминологияи соҳавӣ ҳамеша дар мадди назари забоншиносон қарор дошта, солҳои охир боз ҳам мубрамтар гаштааст.

Муҳиммият. Дар забоншиносии муосири ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки истилоҳ универсалияи мутлақ ва мавҷудияташ дар забон ҳатмӣ ва қонунӣ аст, вай ҳам ба омилҳои экстралингвистӣ (моҳияти иҷтимоӣ ва вобастагии фарҳангии забон) ва ҳам ба худи табиати забон ҳамчун система робитаву вобастагии комил дорад. Терминология (истилоҳот) ҳам таҳти таъсири лексикаи забони умумии адабӣ ва ҳам таъсири системаи мафҳумҳои илмӣ қарор дорад. Дар робита ба ин ҳақ ба ҷониби А.А. Реформатский мебошад, ки гуфтааст: «Терминология (истилоҳот) „хизматгори ду хоҷа“, яъне системаи лексикӣ ва системаи мафҳумҳост» [1, 122].

Мақсади таҳқиқот. Муайян кардани хусусиятҳои лингвистӣ ва риоя намудани меъёрҳои он аснои истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ.

Натиҷаҳои таҳқиқ ва баррасии онҳо. Лингвистика одатан истилоҳро ҳамчун «калима, таркиб ё ибораи соҳаи махсуси дониш ё фаъолият» тафсиру ташреҳ карда, ҳамзамон таъкид менамояд, ки «истилоҳот ба системаи умумии лексикии забон ба воситаи системаи мушаххаси терминологӣ» ворид мегарданд [2, 508]. Дар байни забоншиносон, махсусан оид ба масъалаи кадом вазифаро иҷро кардани истилоҳ баҳсҳои зиёд ба амал меояд. Гурӯҳе ба ин ақидаанд, ки истилоҳ мафҳумро номбар ва гурӯҳи дигар иддао доранд, ки вай мафҳумро муайян мекунад. Яъне баҳс сари ин масъала меравад, ки истилоҳ вазифаи номинативиро иҷро мекунад ё дефинитивиро? Ба андешаи забоншиноси маъруф Г.О. Винокур «истилоҳҳо ин калимаҳои махсус нестанд, балки калимаҳоеанд барои иҷрои вазифаҳои махсус. Вазифаи махсусе, ки калима ба сифати истилоҳ бояд онро иҷро кунад, ин вазифаи номгузорӣ (номинативӣ) аст. Вазифаи номгузориро аксар вақт калимаҳои маъмулӣ низ иҷро карда метавонанд ва ба вазифаи термин калимаҳои рӯзмарра (маишӣ) низ метавонанд корбаст шаванд. Аммо истилоҳоти маишӣ (рӯзмарра) танҳо номи ашёҳоянд. Истилоҳи илмӣ-техникӣ бошад, ҳатман номи мафҳум аст» [3, 56]. Академик В.В. Виноградов вазифаи дефинитивии истилоҳро пешниҳод кард, ки дар ин маврид Л.А. Капанадзе низ бо вай ҳамфикр аст. Капанадзе мегӯяд, ки «истилоҳ мафҳумро мисли калимаи маъмулӣ номбар намекунад, балки мафҳум ба вай тасбит мешавад» [4, 78].

Ба андешаи мо низ, махсусияти истилоҳ маҳз ҳамин аст, ки вай дар қиёс бо калимаҳои маъмулӣ, дар як вақт мафҳумро ҳам номгузорӣ ва ҳам муайян мекунад, яъне ду вазифа, вазифаи номинативӣ ва дефинитивиро анҷом медиҳад.

Баррасии асарҳои илмии ба масоили истилоҳ ва истилоҳшиносӣ бахшидашудаи донишмандон нишон медиҳад, ки онҳо пайваста баҳри васеъ кардани доираи пажӯҳишҳояшон мекӯшанд, зеро кӯшишҳои барзиёди ҳосил кардани чунин таърифи умумӣ ва ягонаи вожаи «термин – истилоҳ», ки аксариятро қаноатманд созад, бинобар «бисёрҷанба будани ин феномен» то имрӯз натиҷаи дилхоҳ надодааст [5, 11]. Асосгузори мактаби терминологии Вена терминологи маъруф Э. Вюстер таъкид карда буд: «Яке аз муҳимтарин фарқиятҳои байни усулҳои пажӯҳиши лингвистҳо ва терминологҳо ин аст, ки терминологҳо баррасии истилоҳро аз мафҳум, мафҳуме, ки бояд дақиқан муайян карда шавад, мафҳуме, ки аз номи худ вобаста набошад, забоншиносон бошад, аз ифодаи забонӣ оғоз мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки терминологҳо дар бораи мафҳумҳо ва лингвистҳо оид ба маъноҳо сухан мегӯянд» [6, 23]. Таваҷҷуҳ ба забони муоширати соҳаҳои касбӣ аз муайян кардани аксиомаҳову усулҳои бунёдии кор ба истилоҳот ҳамчун ба «олоте ё воситае, ки вайро бо усулҳои оқилона истифода кардан зарур мешавад, то ин ки барои мақсади дар пешгузошта, яъне барои бартараф кардани мушкилоти равобити илмиву техникӣ самаранок хизмат карда тавонад» сар мешавад [7, 15].

В.П. Даниленко таъкид мекунад, ки пайдо шудани мувофиқати мафҳумҳои «забони тахассусӣ» ва «терминология» аз баъзе ҷиҳатҳо асоснок аст, зеро маҳз истилоҳот ноқили иттилооти ихтисосиянд [8, 123]. Агар ба семантикаи истилоҳот аз нуқтаи назари забоншиносӣ нигоҳ кунем, дар таркиби маъноии воҳиди лексикии дахлдор ягон маънои истилоҳиро, ки маъмулан ба мафҳуми ихтисосӣ баробар аст, пайдо кардан мумкин аст. Аммо дар истилоҳот коннотатсияҳое (тобишҳои иловагии семантикӣ ва услубӣ) нигоҳ дошта мешаванд, ки дар сохтани истилоҳҳои сохта ва ибораистилоҳот иштирок мекунанд. Масалан, дар заминаи истилоҳоти информатика ва назарияи таснифоти дарахт истилоҳҳои нави шохаронии дарахт, дарахти афзояндаи ҷустуҷӯ тавлид шудааст. Шакли дохилии ибтидоии истилоҳ, усули пешниҳод кардани маъноӣ ва далелнокии онро, дар ниҳояти кор, субстрати забонии он муайян мекунад [9, 72]. Дар асоси функсияҳои (вазифаҳои) калима ё ибораҳо сохтори функсионалии истилоҳ ташаккул меёбад. Донишмандон ёдовар мешаванд, ки истилоҳ тамоми функсияҳои асосии калима, яъне функсияҳои номинативӣ, сигнификативӣ, коммуникативӣ, прагматикиро доро аст.

Ҳамин тавр, В.М. Лейчик таъкид мекунад, ки ҷиҳати забонӣ, лексикӣ дар ҳама паҳлӯҳои истилоҳ – ҳам дар таркиби фонетикӣ, ҳам калимасозӣ, ҳам функсионалӣ ва ҳам мазмуни он намудор мешавад. Вай «муқобилгузории анъанавии „истилоҳ – калима“, „истилоҳ ҳамчун калимаи махсус – калимаи умумиистеъмолӣ“-ро ғайриқонунӣ медонад, зеро байни ин воҳидҳо на муносибати таззод, балки муносибати муштақоти мантиқӣ мавҷуд аст» [9, 87–97].

Ба пиндори мо, сабаби рух додани чунин мушкилот, пеш аз ҳама, мавҷуд набудани нишондиҳандаи дақиқи хронологие, ки ба мақоми истилоҳ расидани калимаро муайян сохта тавонад, мебошад. Ҳар калимаи маъмулии забони адабӣ, ки ба забони «тахассусӣ» ворид мешавад, истилоҳ, яъне «калимае, ки дар як давраи муайян дар ягон намуди фаъолият пайдо ё як маротиба (калимаи occasionalis – тасодуфӣ) истифода шудааст», мегардад [10, 331].

Ба ақидаи файласуфи рус Г.Г. Шпет калима функсияҳои муҳими инкишофдиҳандаву истиқрорбахшандаи иҷтимоии забонро иҷро мекунад. Дар ин росто ду самт – калима-образ ва калима-истилоҳро фарқ мекунанд. «Калима-образ аломатҳои „тасодуфан“ ба чашмрасандаи ашёро бо тахайюли эҷодӣ ишора мекунад». Ин ҳолат бештар дар назм дида мешавад, зеро дар ин ҷо калима озод, асосан воситаи эҷоди худи забон аст. Калима-истилоҳ ба ифодаи мустақим майл дошта, аз ифодаҳои маҷозӣ канораҷӯӣ мекунад. Чунин калима «муҳршуда» буда, асосан воситаи сабти иттилоот мебошад» [11, 33].

Ба системаи терминологӣ мансуб будани калимаҳо хусусияти нисбӣ ва таърихӣ буда, онро параметрҳои базавии «замон» муайян мекунанд, ки онро ҳамчун «сохтори когнитивии муайянкунандаи моделҳои мавҷуда ва тафсири муносибатҳои муваққатӣ» маънидод кардан мумкин аст [12, 65]. Ба ибораи дигар, мафҳуми истилоҳ нисбат ба замон тағйирпазир ва нисбӣ мебошад: калима вазифаи худро ҳамчун истилоҳ то он вақт иҷро карда метавонад, ки гӯянда дар он хосиятҳои истилоҳиро эҳсос кунад, масалан истилоҳи бемории Боткин – зардпарвин – гепатит.

Пайдо шудани когнитивизм дар самти омӯзиши истилоҳоти нав ва системаҳои нави истилоҳот такони ҷиддӣ шуд. Аз мавқеи муносибати когнитивӣ забон на танҳо ҳамчун объекти нодир, ки дар алоҳидагӣ омӯхта мешуд, балки ҳамчун «воситаи роҳ ёфтан ба ҳама равандҳои менталӣ, ки дар сари инсон ба амал меоянд ва ҳастии худ ва фаъолияти вайро дар ҷамъият муайян мекунанд» мавриди омӯзиш қарор дода мешавад [13, 9].

Намояндагони равияи когнитивизм ба масъалаи баррасӣ кардани хусусиятҳои махсуси забонҳои ихтисосӣ, аз ҷумла ба фаҳмиши табиати истилоҳ, аз он мавқеъ назар мекунанд, ки истилоҳҳо ноқили ё ҳомили кадом сохтори таркибии дониш ҳастанд. Дар як қатор пажӯҳишҳои ба ин проблема бахшидашуда сухан дар бораи бознигарӣ ё таҷдиди назар кардани аломатҳои қаблан муқаррарнамудаи истилоҳ, ҳамчунин дар он хусус, ки дар таърифи истилоҳ «ислоҳоти дахлдор ворид кардан зарур аст» меравад [14, 41]. Аз мавқеи когнитивӣ фаҳмонидан ва муайян кардани истилоҳ хеле мураккаб аст, зеро тамоми маъниву муҳтавои ин мавқеъ дар ин ҷавоб маҳфуз аст, ки оё дар пеши назари мо сохтори тахассусӣ ё ғайритахассусии дониш ҷилвагар мешавад ё не? «Агар дар дефинитсияи калима донишҳои ғайритахассусӣ истифода шуда бошаду он донишҳо барои идроки муқаррарӣ фаҳмо бошанд, – ин калима калимаи маъмулии забони умумӣ мебошад. Агар дар шарҳ ва дефинитсияи худи калима донишҳои ихтисосӣ истифода шаванд, ин калима, аллакай истилоҳ шудааст. Истилоҳ дар фаъолияти профессионалӣ дар натиҷаи таъсири мутақобилаи когнитсия ва коммуникатсия пайдо мешавад» [14, 44–45].

Истилоҳшиносӣ (терминология) эътироф мекунад, ки ҳама гуна забонҳои тахассусӣ дар асоси забони миллӣ пайдо мешаванд (Л.Л. Кутина, В.П. Даниленко, М.Н. Володина, С.В. Гринёв ва диг.). Дар истилоҳ ҳамчун аломати забонӣ се навъи дониш гирд меояд: забонӣ, ратсионалӣ ва худи ихтисосӣ. Ин чиз дар ҳамкории мутақобилаи одаму олам ба вуҷуд омада, чунин ба назар мерасад:

Истилоҳ: Дониши тахассусӣ (маърифати касбӣ); Дониши забонӣ (фаҳмиши муқаррарӣ); Дониши илмӣ (ратсионалӣ-мантиқӣ-энсиклопедӣ).

В.М. Лейчик забонро шакли таҷассуми назария эътироф карда, дар доираи консепсияи мустақилияти нисбии шакл масъалаи таъсири баръакси истилоҳ (забон) ба назария, яъне таъсири шакл ба мазмунро баррасӣ мекунад. Истилоҳот на танҳо донишро ифшо ва танзим мекунанд, онҳо вазифаи эвристикиро низ иҷро карда, барои муайян гаштани донишҳои нав мусоидат менамоянд [9, 114]. С.В. Гринёв дар тақвияти гуфтаҳои боло чунин зергурӯҳҳои вазифаҳои гносеологиро ҷудо кардааст: тасбити дониш; ошкор кардани дониши нав (эвристикӣ), интиқоли дониш [15, 231].

Дар амал меъёри фарқи байни истилоҳ ва ғайриистилоҳ аксар вақт мавҷуд будан ё набудани дефинитсия ба ҳисоб меравад. Гуногунии навъҳои истилоҳот дар доштани дефинитсияи зиёди онҳо, ки аз ҷиҳате гоҳо мухолифи якдигаранд, ё аксар вақт якдигарро пурра мекунанд, инъикос меёбад. Истилоҳсозӣ воқеияти забонӣ ва ғайризабониро шарҳ дода, аз ин лиҳоз қисми таркибии ҷудонашавандаи фаъолияти номинативии одамон аст. Ин раванд ҳамчун «дар асоси таҷрибаи забонии андӯхташуда ба таври мақсаднок ҷустуҷӯ кардани иттилооти зарурӣ ва мустаҳкам намудани он дар доираи иттилоотӣ-терминологии забон» фаҳмида мешавад [16, 62]. Т.В. Дроздова низ ба ҳайси истилоҳ аломатҳои номинативиро, ки ба таркиби луғавии забони адабӣ ё зерсистемаҳои онҳо – зерсистемаи забони илму техника дохил мешаванд, баррасӣ мекунад [17, 78].

Ин чунин маъно дорад, ки истилоҳот ҳамчун воҳиди ин система, дар асоси захира ва қонуниятҳои он сохта мешаванд, онҳо номи ҳақиқатҳои мушаххас ё абстрактӣ буда, категорияҳои алоҳидаи менталиро таҷассум мекунанд. Аз ин бармеояд, ки «истилоҳ вазифаеро иҷро мекунад, ки хоси ҳама аломатҳои номинативианд, – вазифаи тавассути ягонагии шакл ва мазмуни аломат дар бораи объект интиқол додани (кодгузории) иттилоот, аз ҷумла иттилооти илмиро иҷро мекунад» [17, 78]. Истилоҳ воҳиди нутқ низ буда, дар доираи муоширати тахассусӣ амал карда, дар якҷоягӣ бо дигар воҳидҳои терминологие, ки дар ҳамон як соҳаи фаннӣ истифода мешаванд, вазифаашро иҷро мекунад.

Мо ҷонибдори назари донишмандон Л.В. Ивина ва П.А. Флоренский ҳастем, ки истилоҳро ҳамчун муодили калимаи маъмулӣ ва ё воҳиди махсусан сохташудае меҳисобанд, ки дорои «ҳам хусусиятҳои бунёдии худ ва ҳам сифатҳои нави махсус ҳастанд» [18, 387]. П.А. Флоренский ба мафҳуми «истилоҳ» маънои зеринро дохил мекунад: «истилоҳ ин воҳиди асосии илму соҳаҳои тахассусии дониш ва доираи фаъолияти одамон буда, барои номгузории объектҳо ва протсессҳо интихоб шуда, ҳамзамон ҳамчун воситаи донисташавии олами атроф хизмат мекунад» [5, 14]. Дар бораи фаҳмиши умумии истилоҳ сухан гуфтан душвор аст. Бо мураккаб гаштани ниҳодҳои иҷтимоӣ ва инкишоф ёфтани роҳҳои муошират нақши забон низ дар ҳаёти ҷомеа баланд мегардад. «Табиати зуҳуроти забониро дар ҳудуди ҳамон давраи таърихие, ки дар он истилоҳот ба кор бурда мешаванд, фаҳмидан зарур аст» [19, 43].

Аксиомаҳои назарияҳои когнитивии забон дар хусуси тавъам будани проблемаҳои фаҳмиши забон ва аз доираи проблемаҳои фаҳмиши олам ҷудо набудани он, ба назарияҳои забоншиносӣ ва фалсафӣ мухолиф нест [20, 17]. Мушоҳидаҳои рушду таҳаввулоти паҳлӯҳои гуногуни забон нишон медиҳад, ки дар ҷамъияти имрӯза, бинобар густариш ёфтани соҳаҳои нави дониш ва навъҳои нави фаъолияти одамон, ки сохтани дастгоҳи нави терминологиро тақозо мекунанд, истилоҳоти нав ва системаҳои нави истилоҳот пайдо шуда истодаанд, ки дорои хусусиятҳои умда буда, зарурати бознигарӣ ва таҷдиди назар кардани мафҳумҳои «термин» ва «терминология»-ро ба миён меоваранд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 86.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2