Таълимоти Абӯалӣ ибни Сино оид ба бемории саръ
Р.А. Раҳмонов, М. Сабурзода, Н.Н. Алифшоева, М.О. Исрофилов
Кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ (мудири кафедра д.и.т., профессор Р.А. Раҳмонов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино оид ба бемориҳои мағзи сар, ки «қобилияти ҳаракатро» вайрон менамояд, нуқтаи назари худро баён карда, зуҳуроти гуногуни бемории саръро қайд намудааст. Бемории саръ дар «Қонуни тиб» ҳамчун ихтилоҷе омадааст, ки аз тағйирёбии моддаи мағзӣ вобаста мебошад. Дар фасли чаҳоруми Ал-Қонун-и устоди бузург Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино чунин омадааст: «Саръ бемориест, ки андомҳои нафсиро аз ҳиссию ҳаракатӣ ва рост будан ба таври нопурра боз бидорад. Ин ба сабаби воқеъ шудани судда бувад. Ин иллати ташаннуҷӣ аз осеби шиками пеши мағз бархезад ва бар асари он судда қувваи ҳиссу ҳаракат аз гузаштан ба андомҳо пурра бурида шавад. Ин ҳол имконияти бархостан надиҳад ва нагузорад, ки инсон тани худро рост нигоҳ дошта биистад».
Агар саръ андар худи мағз бошад, пас сабаби он ночор моддае бувад, ки боди андар роҳҳои ҳиссу ҳаракат баргардандаро ба амал оварад ва ду шиками пешини мағзро то андозае пур кунад. Ин модда ё хуни ғолибомадаи зиёд, ё балғам, ё савдо ва ё сафрост. Яъне Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бо ин гуфтаҳои хеш ба полиэтиологӣ ё худ бисёрсабаб будани бемории саръ ишора мекунанд.
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мегӯянд, ки ҳарчанд саръи балғамӣ бештар бошад, аммо аз ҳама бадтар саръи савдоӣ аст. Саръи савдоӣ роҳҳои руҳро бештар бандад. Ва агар навбатҳои саръ пайдарпай оянд, пас бемор ҳалок гардад. Яъне устод дар ҳамон давру замон бар «ҳолати саръӣ» равшанӣ андохта буданд.
Андар баёни саръи кӯдакона Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино чунин мегӯянд: «Саръе, ки кӯдаконро рӯй диҳад, бисёр вақт аз рутубати эшон бошад. Бинобар ин, гоҳе эшонро ҳангоми навзодӣ ва гоҳе баъд аз инкишоф ёфтан зоҳир гардад. Агар эшонро тадбири дуруст кунанд, биравад, вагарна боқӣ монад. Бояд кӯшиш кард, ки саръ пеш аз рӯй додан бартараф шавад. Гирифтори саръи кӯдакона касонеанд, ки андар ноҳияҳои сарашон решҳову омосҳо рӯй диҳанд ва оби биниашон рафта истад. Мағзро андар асли пайдоиш рутубатест, ки бояд пок шавад».
Нишонаи саръи сабук ин аст, ки бояд аразҳо сабуктару солимтар бошанд. Онҳо зуд баҳуш оянд. Ва агар доруҳои атсаовар, бӯйиданиҳо ва қайоварандаро ба гулӯи онҳо бардоранд, ҳушро тезонанд. Нишонаи саръи душвор, бо душвории нафас кашидан, изтироби давомдор ва бади он ҳолати мурдагии дароз ва аз тариқи бӯйиданиҳо ва қайоварандаҳо ҳушёр нашаванд.
Сабабҳое, ки саръи сариро ба ҳаракат оварад: ҳар гуна гармии беандозаи офтобӣ, ва ё оташӣ, ҳар гуна сардӣ, боди шимолӣ, бӯйҳои хушу нохуш, ҳаракати тез ва гирд, бар сар рехтани оби гарм, хӯрдани шароби дурдноку куҳан, бӯйи пиёз, шириниҳо, серравғании таом, ҳайза, бадгуворӣ, бехобӣ ва ғайра.
Илоҷи бемории саръро Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино чунин тадбир доранд: саръи кӯдаконро бояд чунин муолиҷа кунанд, ки ғизои ширдиҳандаро бояд беҳ намуд. Бояд ширдиҳанда аз чизҳое бипарҳезад, ки ё табаҳ ё ситабр дошта бошад. Бояд кӯдакро аз садои бузургу дурушт эҳтиёт кард.
Сипас ба таври умум ҳамаи касоне, ки ба саръ гирифторанд, ғизои сутудае истеъмол кунанд, ки дорои тароварии хуб бошад. Аз пурии шикам ва бадгуворӣ эҳтиёт кунанд. Гирифтори саръ бояд аз ҳамаи гӯштҳои ситабру қавиғизо ва аз гӯшти ҳамаи чорпоёни бузург бипарҳезад. Яъне Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба гирифторони саръи сарӣ ишора бар парҳез дорад.
Тадбири нахустини саръ бартараф кардани он сабабҳоест, ки муҳаррики саръанд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки аллакай дар асрҳои X–XI мелодӣ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар бораи бемории саръ маълумоти комил дода, ҳатто тадбири онро пешниҳод кардаанд. Дар ҳақиқат, илми тибби муосир исбот намудааст, ки бемории саръ табобатшаванда аст ва ақидаҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро ба назар гирифта, гуфтан лозим аст, ки пеш аз ҳама сабабҳои бемории саръро муолиҷа намудан лозим аст. Чунки ин сабабҳо метавонанд омили ба вуҷудоварандаи хуруҷҳои саръӣ бошанд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 65.




