Зеҳн

Дирӯз ва имрӯзи кафедраи гистологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

21 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Д.А. Шукурова, З.Д. Умарова, З.Ҷ. Зияева, Д.М. Ҳасанова

Кафедраи гистология (мудири кафедра н.и.б., дотсент Д.А. Шукурова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Аз рӯзи таъсис ёфтани кафедраи гистологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино каму беш ҳашт даҳсола сипарӣ шудааст. Дар солҳои сипаришуда дар кафедра донишмандон ва ташкилотчиҳои маъруфи соҳаи тандурустӣ кору фаъолият намуданд.

Кафедраи гистология аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани Институти тиббии Сталинобод (с. 1939) ташкил шудааст. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои тиб, профессор П.В. Сиповский буд, ки аз рӯйи ихтисос патологоанатом буда, ба Тоҷикистон аз Ленинград омада буд. Ин донишманди закӣ дар ташкил ва таҷҳизонидани кафедра бо дастгоҳҳои зарурӣ, интихоб ва пурра намудани асбобҳо, маводи аёнӣ ва реактивҳо барои раванди таълим саҳми арзандае дошт. Профессор П.В. Сиповский дар кафедра ду соли таҳсил (1939–1940) фаъолият намуда, сипас ба роҳбарии кафедраи навтаъсиси анатомияи патологӣ гузашт.

Аз соли 1941 то январи соли 1946 гистологи маъруф, шогирди академик А.А. Заварзин, доктори илмҳои тиб, профессор Г.В. Ясвоин, ки аз Ленинград эвакуатсия шуда буд, роҳбарии кафедраро ба уҳда дошт. Дар солҳои пеш аз ҷанг ва давраи ҷанг таваҷҷуҳи асосии кафедра ба аз ҷиҳати методологӣ дуруст ба роҳмондани раванди таълим нигаронида шуда буд.

Солҳои1946–1950 бошад, роҳбарии кафедра бар души яке аз муҳаққиқони ленинградӣ, шогирди академик А.А. Заварзин, дотсент Л.С. Сутулов буд, ки ҳамзамон вазифаи директории Институти тиббиро низ ба уҳда дошт. Кормандони кафедра аз соли 1946 сар карда ба гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, ки ба омӯзиши хусусиятҳои реаксияи бофтаҳои организм ба таъсири омилҳои экстремалии берунӣ иртибот дошт, оғоз намуданд. Бори аввал аз ҷониби онҳо экспедитсия ба баландкӯҳҳо, ба ағбаи Анзоб, ташкил карда шуда, таҳияи масоили мазкур оғоз ёфт. Дар ин росто аввалин кори илмӣ, ки ба омӯзиши сиҳатшавии захмҳои пӯст дар сагҳо дар шароити баландкӯҳ бахшида шуда буд ва онро шогирди Л.С. Сутулов – О.Т. Уткина анҷом дода буд, аҳамияти хеле муҳим дошт. Натиҷаи тадқиқоти мазкур соли 1949 дар маҷмӯаи илмӣ таҳти унвони «Ягонагии сохтори бофтаҳо ва шароити мавҷудияти он» ба табъ расид, ки дар он мушкилоти морфологияи минтақавӣ дар шароити баландкӯҳҳои ҷумҳурӣ инъикоси худро ёфтааст. Тӯли даҳаи баъдина (солҳои 1950–1960) намояндаи мактаби гистологии Ленинград, дотсент И.И. Шаров роҳбарии кафедраро ба уҳда дошт. Кормандони кафедра таҳти роҳбарии ӯ тадқиқоти хусусияти эмбриологидоштаро бо истифодаи васеи усулҳои гистокимиёвӣ анҷом доданд.

Таҳти роҳбарии профессор Г.Г. Самсонидзе (солҳои 1960–1964) кормандон ва аспирантҳои кафедра ба омӯзиши мушкилоти морфогенез ва таҷдиди узвҳо, хусусан ба тадқиқи қиёсии гипертрофияи талофӣ ва таҷдидии гурдаи ҳайвоноти мухталиф пардохтанд. Дар арафаи бозгашти профессор Г.Г. Самсонидзе ба Гурҷистон тадқиқоти рисолаҳои унвонҷӯён Л.И. Исмоилова ва Ф.Х. Шарипов анҷом ёфта буд. Ин аввалин рисолаҳои номзадӣ оид ба гистология буд, ки аз ҷониби кадрҳои миллӣ дар кафедраи гистологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом дода шуда буданд.

Солҳои 1965–1972 кафедраро профессор А.А. Браун, гистологи маъруфи мамлакат, роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ дар самти асосии омӯзиши мушкилоти морфогенез ва таҷдиди узву бофтаҳо масъалаҳое пеш гузошта шуданд, ки ба механизм ва хусусияти ҷараёни равандҳои талофӣ ва регенератсионӣ на танҳо дар гурдаҳо, балки дар узвҳои дигар (ҷигар, ғадуди сипаршакл, сипурз ва ғ.) дар шароити баландкӯҳ, дар заминаи денерватсияи узв ва таъсири шуоъҳои ионикунанда мутааллиқ буданд. Натиҷаи чунин як ташаббус ҳимояи 15 рисолаи номзадӣ ва докторӣ гардид, ки аз ҷониби кормандони ИДТТ таҳти роҳбарии профессор А.А. Браун бо муваффақият анҷом пазируфт.

Дар давраи роҳбарии профессор М.В. Постников (солҳои 1981–1991) омӯзиши қобилияти регенератсионии ҷигар ва гиреҳҳои лимфавӣ зимни таъсири омилҳои ноустуворкунанда шурӯъ гардида, таҳкурсии осорхонаи эмбриологии кафедра гузошта шуд.

Осорхонаи эмбриологӣ аз мустаҳзарҳои шавқовари эмбрионҳо ва ҷанинҳо дар муҳлатҳои гуногуни инкишоф, аз ҷумла макропрепаратҳои ҷанинҳо бо аномалия ва нуқсонҳои инкишоф иборат аст. Дар сохтани осорхона саҳми профессор М.В. Постников ва дотсент М.Б. Баҳромова, инчунин кормандони кафедра хеле азим аст. Аз ҷониби онҳо зиёда аз 100 макропрепарат тайёр карда шудааст.

Таҳти роҳбарии профессор Ф.Х. Шарипов (солҳои 1972–1980 ва 1992–2003) ҷараёни таълим – машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо аз ҳисоби тартиб додану ба шакли муайян даровардани дастурҳои таълимиву методӣ оид ба тамоми фаслҳои фан ба нуқтаи авҷи худ расид. Соли 1977 аввалин дастури методӣ барои машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи ситология, эмбриология ва гистологияи умумӣ ба дасти донишҷӯён расид. Муваффақияти волои кафедра дар мукаммал намудани таълими фанни гистология ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба табъ расидани ду китоби дарсӣ – «Бофташиносӣ» (соли 1993) ва «Сохти микроскопии узвҳои одам» (соли 1995) аз ҷониби дотсент С.Д. Ҷӯраев ва доир ба ҳар фасли фан ба забонҳои русиву тоҷикӣ таҳия ва ба табъ расонидани дастурҳои таълимӣ доир ба ситология – «Ҳуҷайрашиносӣ» (Ф.Х. Шарипов, Х.Н. Қасимова, 1994) маҳсуб меёфт. Таҳти роҳбарӣ ва ширкати профессор Ф.Х. Шарипов 12 рисолаи номзадӣ ва як рисолаи докторӣ навиштаву ҳимоя шуданд. Солҳои 2004–2006 кафедраро д.и.т., профессор С.С. Қурбонов сарварӣ намудааст. Аз соли 2006 то 2012 сарварии кафедра ба уҳдаи доктори илмҳои биологӣ, дотсент С.Г. Муҳамедова буд. Дар тарбияи кормандони ҷавони кафедра ва донишҷӯён н.и.т., дотсент, Аълочии муассисаҳои олии таълимӣ Мухтабар Бурҳоновна Баҳромова саҳми арзанда дошта, дар кафедра аз соли 1963 то 2016 кору фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 инҷониб кафедра таҳти сарварии номзади илмҳои биологӣ, дотсент Д.А. Шукурова фаъолият дорад. Алҳол кафедра 9 корманди асосӣ дорад: н.и.б., дотсент Д.А. Шукурова, н.и.б., дотсент З.Н. Соҳибова, муаллимони калон З.Д. Умарова, З.Ҷ. Зияева, ассистентҳо – Г.А. Бобоева, Д.М. Ҳасанова, Н.М. Мусоева, В.Ш. Имомназарова, М.А. Имомбердиева.

Аз соли 2012 корҳои таълимию методии кафедра такмил ва тағйир дода шуданд. Барои баланд бардоштани сифати корҳои таълимию методӣ ва сатҳи дониши хонандагон бори аввал дар кафедра дастурҳои таълимию методӣ оид ба ситология, эмбриология, гистологияи умумӣ ва фардӣ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ барои донишҷӯёни тамоми факултетҳо таҳия ва чоп шуданд, ки ғайр аз мақсадгузорӣ, номгӯйи саволҳо, тестҳо инчунин барои кори мустақилонаи беруназсинфии донишҷӯён дар машғулиятҳои амалӣ таҳти роҳбарии устод нақшаҳои граф-мантиқӣ низ тартиб дода шуданд, ки на танҳо барои тайёр шудан ба машғулиятҳои амалӣ ва ҷамъбастӣ, ҳатто ҳангоми омӯзиши фанҳои дигари тиббию биологӣ ва клиникӣ ба донишҷӯён кӯмак расонида метавонанд.

Аз дастовардҳои муҳими кафедра истифода ва татбиқи оқилонаи барномаҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ҳамчун илова ба усулҳои асосии таълим, инчунин муайян намудани дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён мебошад. Барномаи махсуси компютерии «Равзанаи дониш» дар шакли албоми мустаҳзарҳои гистологӣ таҳия шудааст, ки ба донишҷӯён имконияти омӯзишро на танҳо дар дохили кафедра, балки берун аз он ҳам муҳайё менамояд.

Ба туфайли дастгирӣ ва кӯмаки раёсати донишгоҳ имрӯзҳо кафедра дорои аудиторияҳои таълимӣ, толори лексионӣ, осорхонаи эмбриологӣ, мустаҳзарҳои мавзӯии гистологии бофтаву узвҳо мебошад. Ҳуҷраҳои калони таълимӣ бо телевизору асбобҳои DVD таҷҳизонида шудаанд, ки барои ба донишҷӯён намоиш додани слайдҳои мустаҳзарҳои гистологӣ, презентатсияҳо пешбинӣ шудаанд.

Барои таъмин намудани аёният дар лексияҳо намоишҳои мултимедӣ ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ташкил карда шудааст. Ба кор бурдани пораҳои филмҳо дар хондани лексияҳо қадами нав буда, намоиши аёнии сохторҳои сеченака дар динамика (формати 2D)-ро имконпазир мегардонад, ки идроки онҳо барои донишҷӯён ба таври анъанавӣ мураккаб аст.

Аз соли 2011 то 2016 дар кафедра системаи рейтингии таълим татбиқ карда шуд. Мувофиқи натиҷаҳои таълим ва супоридани имтиҳонҳо мувафаққиятҳо назаррас буданд.

Аз соли 2017 кафедра тибқи системаи нави таълимӣ – низоми кредитӣ-модулӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён амал менамояд, ва тӯли се соли охир дар конференсияҳои олимони ҷавон ва донишҷӯён маърӯзаҳои донишҷӯёни кафедраи гистология ҷойҳои намоён, аз ҷумла ду маротиба ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Имрӯз мавзӯи кори илмии кафедра барои солҳои 2016–2020 «Хусусиятҳои пиршавии пӯст бо назардошти омилҳои табиӣ-иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Аз ҷониби кормандони кафедра тақрибан 500 кори илмӣ дар шакли мақола (зиёда аз 100), фишурдаҳо ва мавод барои конференсияҳо, ҷамъомаду симпозиумҳо ба табъ расонида, 14 ихтироъ анҷом дода, сазовори ду патент гардидаанд; ҳамчунин зиёда аз 12 дастури таълимиву методӣ ба табъ расонида шуд.

Кафедраи гистология дар давоми фаъолияти худ, ба туфайли заҳматҳои бисёрсола, пайдарпай ва боталошу софдилона нисбат ба кор дар байни кормандон ва донишҷӯён сазовори эътирофи умум гардидааст.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 78.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2