Синтез ва тадқиқоти 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазолҳо
Ю. Ҳоҷибоев, К.С. Шарипова, М.Ҳ. Шарифов
Кафедраи кимиёи биоорганикӣ ва физколлоидӣ (мудири кафедра н.и.к., дотсент И.У. Файзилов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Дар мақола усули нави ҳосил кардани қатори пайвастаҳои гетеросиклҳои конденсонидашудаи 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол баррасӣ шудааст; сохти пайвастаҳои ҳосилшуда тавассути ЯМР- ва ИК-спектрометрӣ исбот карда шудааст.
Калимаҳои калидӣ: синтез, реаксия, 2-гетерилтиоҳосилаҳо, 6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол, тиолҳо.
Муҳиммият. Синтези пайвастаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли қатори гетеросиклҳои конденсонидашудаи имидазол ва тиадиазол то ҳол кам омӯхта шудааст.
Мақсади таҳқиқот. Такмил додани усули дастраси ҳосил кардани пайвастаҳои гетеросиклии қатори 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Ворид намудани гурӯҳҳои функсионалии нав дар молекулаҳои пайвастаҳои гетеросиклӣ ва омӯзиши таъсири ин гурӯҳҳо ба тағйирёбии хосияти биологии онҳо, яке аз проблемаҳои муҳими химияи органикӣ ба шумор меравад.
Аз адабиёти илмӣ маълум аст, ки баъзе ҳосилаҳои имидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол хосиятҳои антимикробӣ [1–3], зидди бемории сил, зиддиилтиҳобӣ [5, 6] ва зидди саратон [7–9] зоҳир мекунанд.
Бо мақсади синтези баъзе ҳосилаҳои 2-гетерилтиоимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол тахмин кардем, ки ворид намудани гетеросикли сеюм тавассути банди сулфидӣ бояд ба фаъолияти биологии ин пайвастаҳо таъсири мусбат расонад. То ҳол дар адабиёт синтези пайвастаҳои 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол маълум нест. Бо ин сабаб пеши худ мақсад гузоштем, ки реаксияи байни 2-бром-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол (1) ва баъзе пайвастаҳои гетеросиклиро омӯзем. Яъне бори аввал усули дастраси синтези 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазолро аз 2-бром-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол ва тиолятҳои пайвастаҳои гетеросиклӣ кор карда баромадем.
Реаксия дар муҳити маҳлули обию спиртӣ бо иштироки миқдори эквимолекулавии пайвастаҳои ба реаксия дохилшаванда ва гидроксиди натрий гузаронида шуд. Дар ин реаксия тиолҳои бифунксионалӣ, ки гурӯҳҳои NH2 ва SH доранд, истифода бурда шуданд. Исбот карда шуд, ки дар ин шароит дар реаксияи ҷойивазкунии нуклеофилии бром фақат тиолят-анион иштирок менамояд, гурӯҳҳои боқимонда иштирок намекунанд. Реаксия дар ҳарорати ҷӯшиши ҳалкунанда гузашта, 2–4 соат давом мекунад. Баромади пайвастаҳои нави ба даст овардашуда аз 86% паст набуда, дар мавриди истифодаи 2-амино-5-меркапто-1,3,4-тиадиазол 77,5%-ро ташкил мекунад.
Схемаи реаксия: 2-бром-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол (1) + Het–SH + NaOH → 2-(Het-тио)-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол.
Het = 1,3,4-тиадиазол (2); 6-метил-1,3,4-тиадиазол (3); 2-амино-6-этил-1,3,4-тиадиазол (4); 5-меркапто-6-этил-1,3,4-тиадиазол (5); 5-тион-4-фенил-1,3,4-тиадиазол (6).
Таркиб ва сохти пайвастаҳои бадастовардашуда (2–6) бо усулҳои ташхиси элементӣ, ИК- ва ПМР-спектрометрӣ исбот карда шудааст. Дар ПМР-спектр дар ҳудуди 7,74–7,76 м.д. сигнал (аломат) дар шакли синглет мушоҳида мешавад, ки ба протони ҳолати панҷ мувофиқат мекунад (ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Тавсифи спектралии 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазолҳо
| № | ПМР-спектр (δ, м.д.) | ИК-спектр (см⁻¹) |
|---|---|---|
| 1 | 7,76 (Н, с, СН); 2,12 (3Н, с, СН3) | 1570 С=N; 778 С–Br |
| 2 | 8,72 (Н, с, СН); 7,76 (Н, с, СН); 2,14 (3Н, с, СН3) | 1510 С=N; 1580 С=N; 3390 N–Н |
| 3 | 7,74 (Н, с, СН); 2,30 (3Н, с, СН3); 2,14 (3Н, с, СН3) | 1545 С=N; 3430 N–Н |
| 4 | 2,12 (3Н, с, СН3); 7,74 (Н, с, СН); 7,58 (2Н, с, NH2) | 1500 С=N; 1554 С=N; 3305 N–Н |
| 5 | 7,86 (Н, с, СН); 2,14 (3Н, с, СН3) | 1508 С=N; 1568 С=N |
| 6 | 7,78 (3Н, m, Ph); 7,50 (2Н, m, Ph); 2,14 (3Н, с, СН3); 7,76 (Н, с, СН) | 1515 С=N; С=S; 3070 Ph |
| 7 | 7,66 (Н, с, СН); 3,56 (2Н, k, СН2); 2,20 (3Н, с, СН3); 1,34 (3Н, t, СН3) | 1555 С=N; 1145 С=S; 1570 С=С |
| 8 | 7,75 (Н, с, СН); 3,60 (4Н, m, СН2); 1,52 (6Н, m, СН2); 2,16 (3Н, с, СН3) | 1565 С=N; 1150 С=S; 1580 С=С |
| 9 | 7,77 (Н, с, СН); 3,64 (4Н, t, СН2); 3,46 (4Н, t, СН2); 2,17 (3Н, с, СН3) | 1550 С=N; 1140 С=S; 1565 С=С |
Дар натиҷаи ба ҳам таъсир намудани 2,5-димеркапто-1,3,4-тиадиазол бо 2-бром-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол ва ишқори натрий бо таносуби молии 1:1:1 танҳо (5-меркапто-1,3,4-тиадиазол-2-ил)-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол-2-илсулфид ба даст оварда шуд. Реаксия нисбат ба 2-амино-5-меркапто-1,3,4-тиадиазол тезтар мегузарад.
Ҳамин тавр, усули нави синтези ҳосилаҳои 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол такмил дода шуд.
Усули умумии синтези пайвастаҳои қатори 2-гетерилтио-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол.
Дар колбаи дудаҳона, ки бо обхунуккунаки баргардонанда таҷҳизонида шудааст, 2,18 г (0,01 мол) 2-бром-6-этилимидазо[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол дар 30 мл спирти изопропил ҳал карда, ҳангоми доимо омехта кардан ба он маҳлули 0,01 мол монотиоляти 2,5-димеркапто-1,3,4-тиадиазол ва 0,4 г NaOH дар 7 мл H2O дар муддати 2–3 соат қатра-қатра илова карда мешавад. Сипас омехтаи дар колба бударо хунук карда, ба он 50 мл оби яхин илова мекунанд; дар ин лаҳза таҳшин пайдо мешавад, ки онро филтр намуда, ду-се маротиба шуста, хушк кардан лозим аст. Пас аз он 2–3 маротиба аз нав кристаллизатсия менамоянд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 88.




