Зеҳн

Вижагиҳои прагматикии кинемаҳо дар матнҳои бадеӣ

21 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

З.А. Муҳамадиева, М.А. Қаюмова, Г.Р. Мӯминова

Кафедраи забонҳои хориҷӣ (мудири кафедра н.и.ф. З.А. Муҳамадиева)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Солҳои охир забоншиносии муосир ба тадқиқоти ҷиҳатҳои гуногуни воситаҳои муоширатӣ таваҷҷӯҳи зиёд медиҳад. Маълум аст, ки воситаҳои ғайризабонӣ барои ташкил намудани муошират ҳам дар сӯҳбат ва ҳам дар матни бадеӣ мавқеи хоса доранд. Ба воситаҳои ғайризабонӣ имову ишорат, қиёфасозӣ, оромӣ ва монанди инҳо дохил мешаванд, ки бо ин гуна воситаҳо паралингвистика сару кор дорад.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Паралингвистика калимаи юнонӣ буда, аз «para» – «дар назди» ва «linguistics» – «забоншиносӣ» иборат аст. Яъне, паралингвистика як қисми илми забоншиносӣ буда, воситаҳои ғайризабониро дар раванди муошират меомӯзад. Дар забоншиносии муосир се намуди воситаҳои паралингвистиро ҷудо менамоянд: воситаҳои фонатсионӣ (тембри овоз, темпи овоз, баландии овоз, намудҳои ист, хусусиятҳои талаффузи овозҳо); воситаҳои кинетикӣ (имову ишорат, оромӣ, қиёфасозӣ, тарзи ист); воситаҳои графикӣ (тарзи навиштан ё кашидани ҳарф, аломатҳои китобатӣ, ҳусни хат).

Аз ҳар сеи ин намудҳо дар адабиёти бадеӣ бештар ба паралингвистикаи кинетикӣ ё кинемаҳо дучор шудан мумкин аст. Зеро ки кинесика системаи ҳаракатҳои имову ишора мебошад ва бо мазмуни васеаш илм дар бораи забони тани инсон ва узвҳои он (шакли истодан, нигоҳ кардан, абрӯ ҷунбонидан, бо дасту пой ҳаракатҳои гуногун кардан, бо чашм имо кардан) аст. Ғайр аз ин, кинема як ҷузъи муҳими асарҳои бадеӣ буда, чун рамз истифода бурда мешавад ва бевосита ба таркиби образи бадеӣ дохил мешавад, ки он дар ҷумлаҳои зерин зоҳир гаштааст: Моҳира ба худ ларзида, сар хам намуд. Як чашм песонду «Савобро шумо гиред» гуфта, ғур-ғуркунон баромада рафт. Яъне, кинема дар матнҳои бадеӣ бо мақсади аниқу равшан тасвир намудани вазъият, ҳолат, ҳаракат ва ҳатто миллати шахс истифода бурда мешавад.

Хусусияти истифодаи кинема дар матни бадеӣ дар он аст, ки ба воситаи калимаву ҷумлаҳо имову ишорат, қиёфасозӣ, ҳолати узвҳои тани инсон инъикос меёбад ва ба воситаи кинемаҳо ҳолати эҳсосотии инсонро дарк кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат ибораҳое, ки кинемаро ифода менамоянд, дар матнҳои бадеӣ на танҳо дар маънои аслӣ, балки дар маънои маҷозӣ низ истифода бурда мешаванд.

Seine Worte klangen selbstverständlich. Aus ihrem Ton ließ sich nicht erraten, ob er sich absichtlich hier auf offener Straße eine Zigarette ansteckte, nur um mich fühlen zu lassen, dass er Freiheiten besaß, die mir versagt waren.

Тавассути кинема муаллифи асарҳои бадеӣ метавонад нозукиҳои эҳсосоти инсониро нишон диҳад, ки ба воситаи онҳо ҷиҳати прагматикии кинемаҳоро пай бурдан мумкин аст.

Духтарак назди ҳар кат истода, ба нишастагон чашм паррондаву китф ҷунбонида, ба кисаашон ишора мекард. Мардони миёнасол чашмакзанию китфпаррониҳои раққосаи моҳсиморо дида, худро гум мекарданд ва даст сӯи киса бурданашонро нафаҳмида мемонданд.

Махсусан, ҷумлаҳои «…ба кисаашон ишора мекард» ва «…худро гум мекарданд ва даст сӯи киса бурданашонро…» ҷиҳати ба амал омадани муоширати ғайризабониро ифода менамоянд.

Воситаҳои кинетикӣ – имову ишора – баробари оҳанг имконияти мустақилона ба хонанда расонидани эҳсосоти персонажи матни бадеиро доранд. Баъзан онҳо дар ҷараёни муошират якҷоя бо гуфтори забонӣ бо ҳамдигар пайваст меоянд ва чун воситаи ёрирасон ва тақвиятдиҳанда амал мекунанд. Er spürte, wie seine Finger zu zittern begannen, und hastig legte er die Zigarre weg, damit sie die Erregung seiner Hände nicht in der Luft nachzeichne.

Хулоса, кинема қисми асосии матни бадеии ҳама гуна жанрҳо буда, ба воситаи он муаллифи матни бадеӣ манзараи ба вуқӯъ омадаро аниқу равшан нишон медиҳад, мазмуни гуфторҳои ноаён ва ҳаракатҳои персонажҳоро фаҳмонда, образ, характер ва сифатҳои инсонии қаҳрамонҳоро инъикос намуда, таваҷҷуҳи хонандаро ба ҳодисаи дар матн тасвиршуда ҷалб менамояд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 93.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2