Сифатҳои худмуҳофизатии рустаниҳо
М.Н. Назаров, Н.М. Назаров, Г.О. Раҷабов
Кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фарматсевтӣ (мудири кафедра профессор М.Н. Назаров)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Хонандаи иззатманд аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки пас аз мутолиаи мақолаи навбатии «Ёди онҳое, ки ҳаргиз барнамегарданд», ба Шумо хабарҳои тозаро аз наслҳои ҳамон гузаштаҳо, ки дар муборизаи шадиди ҳаётӣ ғолиб омадаанд, пешниҳод намоем. Гузашта аз ин, аз Шумо хоҳиш дорем фарҳанги гузаштагонамонро ба хотир биёред, ки фармудаанд: «Аз паша паша» ё ин ки «Аз фил фил» гуфтаанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки сарфи назар аз ҳолатҳои ибтидо ёфтану нумӯ кардани ҷанин, онҳо аввал ба волидайн ба сурат ҳеҷ монанд набуданд, аммо дар марҳалаҳои баланди тараққиёти «риштаи ҳаётӣ» онҳо қиёфаи волидонро мегиранд. Чунин ҳолат барои тамоми салтанати ҳайвонот (хонагӣ, даштиву ҷангалӣ ва диг.) хос аст. Тасаввур намоед, ки аз кирмаки пиллаи абрешим парвона арзи вуҷуд мекунад ва пас аз тухм гузоштани парвона боз кирмак, аммо он кирмаки пешангӣ не, балки кирмаки нав ибтидо мегирад ва боз тараққӣ мекунад то ба он ҳолате, ки аз нав парвона шавад. Вобаста ба муҳити зисти атроф ва манбаи ғизогӣ махлуқҳои дар боло номбурда шакли пӯсту пашм, патнокии ҷисму қанот ва умуман қиёфаи худро чунон тағйир медиҳанд ва дигар мекунанд, ки дар назар (махсусан ҳашаротҳо) гуё махлуқи тамоман дигар бошанд. Дар натиҷа чунин таассуроте ба вуҷуд меояд, ки махлуқҳои зинда гӯё, ки аз гили кулолӣ бошанд ва кулолгари ноаён (интихоби табиӣ) аз он қиёфаҳои нав ба нави бехато меофарад. Чунончи Умари Хайёми нуқтасанҷ гуфтааст:
«Нақшест, ки бар вуҷуди мо рехтаӣ, Сад булъаҷаби зи мо барангехтаӣ; Зи он беҳ наметавонам будан, К-аз бӯта маро бад-ин сифат рехтаӣ».
Таассуроти мо дар ҳолате аз ин беш мегардад, ки агар назаре ба намояндаҳои салтанати рустаниҳо намоем. Онҳо дар таркиби узвҳои сабз, ки дорои бофтаи асосӣ, яъне хлорофилл ҳастанд, дар натиҷаи фотосинтез пайвастагиҳои карбогидратҳо ва нитрогенӣ меофаранд. Ҳамзамон ин пайвастагиҳо на танҳо барои сохтори худи рустаниҳо, балки барои тамоми ҳайвонҳои алафхур низ манбаи ҳаётӣ мебошанд. Барои ҳамин рустаниҳо доимо мавриди сӯиқасди ҳайвонҳо қарор мегиранд. Агар рустаниҳо дар ин мубориза худро ҳимоя карда натавонанд, ин ба онҳо на танҳо сабаби ҷиддан расидани зарари калон, балки асоси тамоман нобуд шудани намудҳои рустаниҳо мегардад. Ин манзараи мубориза дар назар чунон менамояд, ки аз ибтидо ёфтану тараққӣ кардан то ба замони ҳозира расидани рустаниҳо ва ҳайвонҳо – гӯё душманони қотили якдигар буданд. Дар асл ин мубориза не, балки мусобиқаи манфиатнок дар байни ду салтанат – рустаниҳо ва ҳайвонот мебошад, ки дар натиҷаи он намояндаҳои ҳар як салтанат барои худ як фоидаи муайянро доро мешаванд. Табиатан намудҳои рустаниҳое ҳастанд, ки узвҳои онҳо барои баъзе аз ҳашаротҳо ғизои ягона мебошанд ва бе чунин рустании саробон ҳашаротҳо ҳатман мурда нобуд мешаванд. Масалан, мармарак – Salvia pratensis ғизои беимтиёз барои гамбуски австриягӣ – Cassida austriaca мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо аз тарафи зочаҳои ҳамин гамбуск ҷоҷо хӯрдани баргҳои мармарак мушоҳида мешавад, аммо ин ҳолат ба нашъу нумуи гулҳо, меваҳо ва ҳосил шудани тухмиҳо ягон таъсири манфӣ намерасонад. Чунин муносибатҳо дар байни парвонаи чашми товус – Vanessa io ва сӯзанкаҳ (газнаи дӯхонагӣ) – Urtica dioica, шапалаки бедгул – Sphinx nerii ва бедгул – Nerium oleander, шапалаки тоҷгул – Sphinx euphorbiae ва тоҷгул – Euphorbia cyparissias ва боз диг. вуҷуд доранд. Дар мадди аввал чунин андеша ҳосил мешавад, ки эҳтимол ин рустаниҳо аз ҳашаротҳо ягон фоидаи мусбие мебинанд, ки ба мо одамон аён нест. Дар асл далели раднашаванда аз он иборат аст, ки ин рустаниҳои мавқеи ғизои ҳашаротҳо қарордошта «метавонанд» бе ягон зарар барои худ, як ҳиссаи бофтаҳои сабзи худро нисори ҳашаротҳо намоянд, чунки онҳо роҳи дигари муборизаро бар зидди ҳашаротҳо дар ихтиёр надоранд.
Муносибат нисбат ба ҳайвонҳои «ҳамахӯр» ниҳоят шакли дигар дорад, чунки онҳо фардҳои ҷудогонаи ягон намуди муайянро интихоб накарда, балки тамоми рустаниҳои сабзеро, ки дар сари роҳашон мебинанд ҳамчун ғизо мехӯранд. Табиист, ки ин махлуқҳо чун инсон қобилияти андешаронӣ надоранд. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки агар мо (ҳайвонҳо) тамоми ҳиссаҳои сабзи рустаниро дар ҳамин мавсим поку покиза хӯрда тамом кунем, онгоҳ онҳо дигар сабзида наметавонанд ва мемуранд ва соли пешоянд мо ва наслҳои ояндаамон бе ғизо мемонем ва мо низ мемурем. Агар, ки инсон ба хотири ғизо, ё ягон зарурияти хоҷагидориву саноатӣ як ҳиссаи ҷисми рустаниро истифода бурдан мехоҳад, вай ҳамзамон як меъёри муайянро ба эътибор мегирад, то он ки ин рафтор ба зарари рустанӣ набошад ва рустанӣ имконияти худро барқарор ва афзоиш кардан дошта бошад. Инсон ҳатто ҳаракат мекунад, ки нашъу нумӯ ва афзоиши рустаниҳои муфидро (дастпарварро) на танҳо таъмину афзун гардонад, балки дар зери назорат қарор диҳад ва ҳимояву ҳифзи онҳоро пурра таъмин намояд. Афсус, ки ин рафтори инсон тамоми намояндаҳои флора ва набототи паҳновари қитъаҳои Оламро дар бар гирифта наметавонад. Он рустаниҳое, ки аз эътибори инсон канора мемонанд, метавонанд қурбони муборизаи қиёснашавандаи нобаробар бо ҳайвонҳои чаранда гарданд, агар ки онҳо дорои аслиҳаҳое набошанд, ки худро андаке ҳам бошад ҳимоя карда тавонанд. Албата ин олотҳои мудофиавӣ, ки рустаниҳо бо ёрии онҳо бо ҳайвонҳо мубориза мебаранд барои ба ҳайвонҳо таҷовузу ҳуҷум ва ҷанг кардан ихтироъ нашуда, балки ин як навъ мусаллаҳшавии сулҳомезона дар байни намояндаҳои салтанатҳои рустаниҳо ва ҳайвонот мебошанд. Маълум аст, ки рустаниҳо чун ҳайвонҳо аз таъқиби рақибон роҳи гурез надоранд ва сокини як манзили доимианд. Пас онҳо худро аз рақибон (ҳайвонҳои заррагиву калон) чӣ тавр ҳимоя карда метавонанд? Агар, ки фард (ҳайвон ё рустанӣ) ҳаёту фаъолият кардан хоҳад, вай барои иҷрои он бояд, ки талош варзад ва «тадбир»-ҳои гуногунро «ҷӯён» шавад, вагарна «мурод» ҳаргиз ҳосил намешавад ва онҳо худ аз худ низ иҷро нахоҳанд шуд.
Салтанати рустаниҳо, ки на танҳо қувваи истеҳсолӣ дар Сайёраи мо, балки офарандаи тамоми махлуқҳои бо нозу нузи дигар, аз он ҷумла, одами бомаърифату бофарҳанг – Homo sapiens низ мебошад, барои худро аз рақибон ҳифз намудан бояд «тадбирҳо» эҷод намояд. Намояндаҳои салтанати рустаниҳо, ки сайёраро чун қолини сабз якояк пӯшонидаанд, офарандагони бениёзи тамоми неъматҳои ҳаётӣ дар болои он ҳастанд. Барои ҳамин худро аз рақибон ба тарзу усулҳои ба худи онҳо хос ва ба қадри имкон ҳимоя менамоянд. Узвҳои нашвии сабзи онҳо, ки аз моддаҳои ғизоӣ ниҳоят бой ҳастанд, манбаи ягонаи хӯрокии махлуқҳои заррагӣ ва хурду бузурги сершумори тайёрахури сайёра мебошанд. Маълум аст, ки зиндаву ҳаёт будани ҳайвонот аз мавҷуд будан ва доимо фаъолият кардани рустаниҳо вобастагӣ дорад, чунки дарандаҳо ва лошахӯрон, ки манбаи ғизогии онҳо ҳайвонҳои чарандаи ширхӯрон ҳастанд, пас аз ширхӯрон арзи вуҷуд карданд. Фарз кардем, ки агар узвҳои рустаниҳо дорои сифатҳои ҳимоявӣ намебуданд ва онҳо дар ихтиёри лашкари сершумори ҳайвонҳои чаранда қарор медоштанд, онгоҳ ҳайвонҳо бе ягон «шарму ҳаё» тамоми рустаниҳоро аз болои замин ба пурагӣ кайҳо боз мезудуданд. Ҳайвонҳо «теғи» тез барои тарошидани аҳолии сабзпӯши сайёраи мо мебошанд. Аз он сабаб, ки афзоиши онҳо на танҳо аз шумораи мурдагиҳо (фавтидаҳо), балки аз сернасли ва афзоиши бо суръати баланди онҳо вобаста аст, онгоҳ шумораи онҳо метавонистанд то ба дараҷае афзун шаванд, ки «ризқу рӯзии» худро ба нестӣ баранд ва худ низ аз ин олам даргузаранд, чунки асоси олами ҳастӣ бо ифодаи бузургвор Мирзо Абдулқодири Бедил наботу наботот мебошад ва дар «Ирфон» овардааст:
«Аз набот он чи ҷилвасомон шуд, Ризқи ҳайвону қути инсон шуд. Гарчи қути сибоъ¹ ҳайвон аст, Боз он ҷо набот пинҳон аст. Ин ҳама эътибори чуну чаро – Аз бақо ҷӯшаду, бақо – зи ғизо…»
¹ Сибоъ – ҳайвонҳои даранда.
Агар мо ба эътибор гирем, ки кадом олотҳои рустаниҳо онҳоро аз ҳарифон ва рақибони бадхӯ ҳимоя мекунанд, онгоҳ олами беинтиҳои сифатҳои онҳо дар пеши чашми мо падидору маълум мешаванд. Масалан, рустаниҳо агар дар ихтиёри худ танҳо аслиҳаи мудофиавии халандаву буранда медоштанд, ин олотҳо начандон бехатарии онҳоро таъмин карда метавонанд. Барои ҳамин дар таҷҳизотҳои онҳо на танҳо ин ҷузъҳо балки ҷузъҳои эҳтиётӣ – заҳрҳои ҳалоҳил ва умуман моеъҳои бадмаззаву бадбӯй низ хеле фаровон мебошад. Дар кадом мавриду ҳолатҳо бояд рустаниҳо аз навъҳои кадом ҷузъҳои мудофиавӣ истифода намоянд ба бисёр вазъиятҳои ҳаётӣ вобастагӣ дорад. Дар чунин мавридҳо аз ҳама беш қиёфаи берунии фард ва ғизои асосии душмани хӯранда таъсири асосӣ мерасонанд. Табиатан маълум аст, ки кирмакҳои гуногуни гамбускҳо, сӯзанак (самолётак), кирми харак, туқумшулуқ, парандаҳо, хояндаҳо ва дигар ширхӯрон ба рустаниҳо таъсири гуногун мерасонанд ва таносубан ҷузъҳои ҳимоявии онҳо бояд, ки беандоза ҳархела бошанд.
Пеш аз ҳама дар бораи заҳрҳо. Дар зери ин истилоҳ на танҳо ҳамон моддаҳоеро фаҳмидан лозим аст, ки ҳатто як миқдори ками яке аз онҳоро агар ба вуҷуди одамон ворид кунанд, ҳаёти одамонро дар зери хатар мегузорад, балки боз дигар пайвастагиҳои сершумори кимиёвӣ мансуб мебошанд, ки ҳайвонҳо дар натиҷаи «таҷрибаи» бисёрасра аз онҳо дар гурез мебошанд. Бо вуҷуди он, ҳайвонҳои чаранда бо ин сифат аз ҳамдигар фарқи калон доранд. Агар аз хӯрдани як моддае, ки дар таркиби як намуди рустанӣ мавҷуд аст як намуди ҳайвонҳо ба ҳалокат мерасанд, ҳамон модда барои намуди дигари ҳайвон безарар мебошад. Далелҳои дастрасшуда имконият медиҳанд чунин хулоса намоем, ки на танҳо алкалоидҳои сершумор сифати заҳрҳои махсусро доро мебошанд, балки амигдалин, рӯғанҳои эфирӣ, моддаҳои тунд, кислотаҳои даббоғӣ, равғани сирпиёз, кумаринҳо, сапонинҳо, шарбатҳои ширранг ва туруш ва дигарҳову дигарҳо дорои чунин сифатҳо ҳастанд.
Аз ҳайвонҳои калонҷӯссаи ширхӯрони чарандаи бешох – асп, шохдор – сутӯр (гов), моли реза – гӯсфандону бузони хонагӣ ва саҳроӣ, инчунин заргӯш рустаниҳо худро бо ёрии заҳрҳои гуногуни ҳалоҳил, ки дар таркиби шарбати бофтаҳои узвҳои онҳо ҳосил шудаанд ва мавҷуд мебошанд, ҳимоя мекунанд.
Дар мавриди дар як мавзеи муайян чаронидани галлаи аспон, поддаи сатурон, рамаи бузӯ гӯсфандон баъзе аз фардҳои намудҳои рустаниҳо ба монанди шоҳтӯра – Datura stramonium, шайтонкоса – Hyoscyamus niger, тӯтакалӣ – Conium maculatum, ки баргҳои сабзу хурданибоб доранд, ягон осеб надиданд. Ин дар аввал хеле тааҷҷубовар менамояд, аммо дар ҳақиқат ба аксарияти одамони таҷрибадор маълум аст, ки ҳар як фарди ин намудҳои рустаниҳо дорои бӯйи ба худ хос мебошанд ва шояд, ки ҳамин сифат ба ҳайвонҳо низ як «ишораи табиӣ» ба заҳрнок будани ин рустаниҳо бошад. Дар чунин ҳолатҳо бо ҳамдигар мутобиқ шудани намояндаҳои салтанати рустаниҳо ва ҳайвонотро дар раванди интихоби табиии эволютсия мебинем, ки дутарафа фоидаовар аст. Ғайр аз ин рустаниҳои номбурда, дар назди деҳаҳо ва заминҳои партов боз намудҳои дигари рустаниҳое вомехӯранд, ки дорои заҳрҳои ҳалоҳил ҳастанд, аммо сифатҳои огоҳикунанда надоранд. Мисол, намояндаҳои авлоди зардчӯбаи лоҷвардӣ – Aconitum sp. div., гули пайи пишак ё гули зардак – Colchicum luteum, баъзе аз намудҳои парпигул – Gentiana, тоҷгул – Euphorbia ва боз дигарҳо, ки аксаран онҳоро низ ҳайвонҳо вақти чаро намехӯранд ва ин муамо мумкин танҳо ба «ҳайвонҳо маълум» бошад.
Дар таркиби баргҳо ва тухмиҳои баъзе аз рустаниҳо, масалан намудҳои авлодҳои зира – Bunium sp. div., камол (рошаку ров) – Ferula sp. div., кравчак – Neopaulia sp. div., ӯғон – Prangos ва боз дигар намояндаҳои оилаи карафсгулон – Apiaceae, инчунин ҷамбилак – Ziziphora sp. div., субинак ё кокутӣ – Origanum tyttanthum ва боз дигар рустаниҳо рӯғанҳои эфирии хӯшбӯй ҳосилу захира мешаванд ва агар аз назари бехирадӣ бинем гӯё, ки онҳоро табиат барои истифодаи инсон офарида бошад, аммо ҳақиқати ҳол дигар аст. Заҳмати рустаниҳо дар ҳосил намудани рӯғанҳои эфирӣ ба хотири мо одамон набуда, як навъе аз усулҳои ҳимояи тухмиҳои онҳо аз парандагони донхур мебошад. Маълумоте мавҷуд аст, ки ба якчанд гунҷишк се-чортогӣ тухми зираи румӣ ё карвиё – Carum carvi доданд, ки онҳо пас аз якчанд вақт аз паси якдигар фано шуданд, аммо тухми ин рустанӣ ба мӯрчагон ягон таъсири манфӣ намерасонад.
Баргҳои ӯғони муқаррарӣ – Prangos pabularia (юган, юған, ӯға, вигна – номҳои тоҷикӣ, прангос – номи ҳиндугӣ) низ як бӯйи ба худ хос доранд. Баргҳои дар нимаи дуюми фасли баҳор дар марҳалаҳои аввали наврӯстагиву норасидагӣ дорои ранги сабзи баланд ҳастанд ва айнан дар ҳамин марҳалаҳо барои ҳайвонҳо ва одамон хеле хатарноканд. Дар ҳамин марҳалаҳо моли калону реза низ баргҳои маҳину сероби хурданибоби ӯғонро намехӯранд ва ба он ягон зарар нарасонида аз паҳлӯи буттаҳои сабзи он мегузаранд. Ин барои одамон чунин маънӣ дорад, ки ҳоло мавсими даравидану хушконидани баргҳои ӯғон нест ва аз барои он, ки «на сих сӯзаду на кабоб», таҳамул бояд кард. Мавсими ҷамъоварӣ кардани баргҳои ӯғон ҳамчун хӯроки чорво ҳангоме мерасад, ки агар нӯгҳои бологии баргҳои он дорои ранги сабзи зардча бошанд, яъне баргҳо расидаанд ва ба ҳайвонҳои чаранда ва одамони даравгар зарар намерасонанд. Ин нишона дар як вақт ба одамон фоидаи дучанда мебахшад: якум – ба дасту рӯйи даравгарон зарар намерасонад; дуюм – ҳосилнокиаш баланд мешавад, чунки дар таркиби узвҳои расидаи он оби зиёдатии бухоршаванда дигар боқӣ намемонад. Ногуфта намонад, ки агар баргҳои ин рустаниро дар ҳолати норасидагӣ мавқеи дарав кардан қарор диҳанд, вай ба даравгарон таъсири манфии худро мерасонад. Аз таъсири рӯғанҳои эфирии ӯғон дар болои узвҳои бараҳнаи ӯғондаравгарон – дастону рӯй ва бозӯҳои онҳо доғҳои сиёҳ ҳосил мешаванд, ки ҳамдеҳагон ин ҳолати даравгаронро дида «ӯғон бурдааст» гуфта механданд. Дарди ин обилаҳои сиёҳ ду-се рӯз аст, аммо пайи онҳо дар болои пӯсти узвҳои бадан қариб, ки дар давоми беш аз шаш моҳ боқӣ мемонад, яъне ранги пӯст бо суръати баланд ва ба зудӣ барқарор намешавад. Умуман ин ташвиши зиёде фароҳам меоварад, аммо оқибати он нафъоваранда мебошад. Аз фурсат истифода намуда ба Шумо як ҳодисаро, ки дар вақти экспедитсияи кафедраи ботаникаи факултети биологии донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (солҳои 1957–1969) дар нишебиҳои ҷанубии кӯҳи Дарвоз фаъолият мекард, ҳикоят намоям. Соли 1963-юм буд. Аъзоёни экспедитсия, ки асосан донишҷӯёни курси 3-юм буданд, дар мавзеи Ҷари Дария (Дарида ба маънои васеъ) мувофиқи мавзеъҳои корҳои илмиву амалӣ (курсӣ, дипломӣ) амалиётҳои саҳроӣ мегузарониданд ва маълумоту далелҳои заруриро дастрас мекарданд. Сарфи назар аз дастурҳои мавҷуда оид ба рафтори аъзоёни экспедитсия дар саҳро, боре яке аз ҷавонмардон дар лаби дарёчаи шӯхи ҳамин дара, ки як шохобаш аз кӯҳи «Аспандоз» ҷорӣ мешуд, барои худ дар вақти оромидани нисбии нисфирӯзӣ тахти «Шоҳона» ороста кардааст ва онро бо баргҳои ҳамин рустанӣ – ӯғон хуб оро дода, пас аз он дар болои тахт роҳат кардааст. Натиҷаи чунин роҳат ҳамон рӯз бо пайдо шудани обилачаҳо, баланд шудани ҳарорати ҷисм маълум шуд ва хушбахтона ҳамзамон ӯро бо ёрии равғани доғнашудаи пахта табобат намудем, аммо доғҳои бадани ин аъзои экспедитсия то ҳимояи рисолаи дипломӣ боқӣ монданд. Баргҳо ва наркинакҳои намояндаҳои авлоди камол низ дорои бӯйҳои начандон форами ба худ хос мебошанд ва ин имконият медиҳад, ки ҳайвонҳои чаранда ба онҳо ягон осеб нарасонанд. Ҳастии онҳоро дар ҳама ҳолатҳо ва мавридҳо танҳо одами бомаърифат таҳдид менамояд, яъне аз номи онҳо чунин гуфтан мумкин аст, ки «ё табиати офаранда моро аз одамони офаридаамон эмин нигоҳ доред», мо худро аз «душманонамон» як илоҷ ёфта ҳимоя мекунем.
Аксарияти рустаниҳо барои худро ҳимоя намудан дар таркиби узвҳои сабз (баргу тана) ва худтакроркунӣ (тӯдагул, гул, мева, тухмӣ) моддаҳои кимиёвии тундмазза бо бӯйи ба онҳо хос истеҳсол мекунанд, ки ақалан то ба як дараҷа аз душманон дар амон бошанд. Ба ин гурӯҳ намояндаҳои оилаҳои зуфгулон – Plantaginaceae, кавкабгулон (мураккабгулон) – Asteraceae (Compositae), махсусан намудҳои гуногуни авлоди тахач ё пӯш – Artemisia sp. div. Узвҳои нашвӣ ва худтакроркунии намояндаҳои ин авлодҳо дорои ранги хокистарӣ ё ин ки бурранганд ва дар таркиби бофтаҳои онҳо рӯғанҳои эфирӣ ва сабадчаҳои тӯдагулони онҳо то во гардидани ғунча дорои моддаҳои тунди лактонии абсинтин ва анабсинтин мебошанд, ки бӯйи онҳо иштиҳои моли реза ва калонро мебанданд. Узвҳои ин рустаниҳо танҳо пас аз дар чарогоҳҳо боридани борону барфи якум, ки дар натиҷаи он миқдори ин пайвастагиҳо дар узвҳо паст ва инчунин бофтаҳои такягоҳ низ нарм мегарданд, метавонанд мавқеи истифода қарор гиранд. Баъзе аз рустаниҳо роҳҳои дигари аз ҳайвонот ҳифз кардани худро «интихоб» кардаанд. Масалан, баъзе аз рустаниҳо дар таркиби пӯстпардаи ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои онҳо кислотаи силитсий доранд ва шушачаҳои намаки оксалати калсийро захира менамоянд, ки барои чарандагони рустаниҳо начандон хуш аст. Инҳо намояндаҳои оилаи хӯшадорон, чилбуғӯммонандон ва ранггулон мебошанд.
Дар болои узвҳои нашвӣ ва худтакроркунии баъзе аз рустаниҳо барҷастагиҳои сахти нӯгтез ва баъзан табиатан ба чӯб табдилшуда ҳосил мешаванд ва мавҷуданд, ки мо одамон онҳоро ба маънои умумӣ хор (лот. spina) мегӯем. Онҳо дар натиҷаи тағйирпазирии узвҳои нашвӣ – поя (дар дулона, гледичия), барг (дар зелолгулон, ханҷаригулон) ё ҳиссаҳои он – наздибаргҳо, поячаи барг (дар ақоқиё, аксарияти тоҷгулони ғурсумба) ба вуҷуд меоянд. Рустаниҳои хордор табиатан барои мавзеъҳои мамлакатҳои камобу хушку гарм, яъне биёбонҳои бе долу дарахт хос мебошанд. Масалан, намояндаҳои оилаҳои ханҷаригулон – Cactaceae, дар Африқо ва Мексика, тоҷгулон – Euphorbiaceae, дар Африқо, токҳои часпандаи хордор дар ҷангалзорҳои сернаму гарми ҳамешасабзи тропикӣ ва субтропикӣ.
Ба аксарият маълум аст, ки баргҳои намояндаҳои ханҷаригулон ба хор табдил шудаанд ва дарозии баъзе аз хорҳои онҳо то ба ҳашт см баробар аст. Намояндаҳои ханҷаригулон қиёфаҳои ниҳоят аҷоиб доранд, яъне аз сутунча то ба сутуншакли паканаву баланд (то 20 метр), лӯндаву паҳн, ё пилтамонанду нисбатан васеъ, аммо тамоми шаклҳои онҳо аз бофтаҳои паренхимавии мулоими серобу серғизо таркиб ёфтаанд. Сарфи назар аз он, ки онҳо метавонанд хӯроки серғизои ҳайвонот бошанд, худи ҳайвонҳо ба онҳо наздик намешаванд. Танҳо ҳайвонҳои тоқсум, ба монанди хару аспҳо ҳаракат мекунанд, ки бо ёрии сумҳояшон хорҳоро шикаста вориди бофтаҳои серғизои дарунии танаҳо гарданд.
Александр фон Гумбольдт боре ба наздиконаш ҳикоят кардааст, ки онҳо (тоқсумон) барои чунин сӯиқасд аз рустаниҳо ҷазои сазовор мебинанд. Яке аз аспҳое, ки дар экспедитсия истифода мешуд хорҳои танаи ханҷаригулро бо суми пойи пеш шикаста аз бофтаҳои серобу андаке намакини рустанӣ баҳра бурдааст. Ғизои болаззат ба ӯ маъқул шудааст ва ин рафторро вақт аз вақт такрор мекарда будааст. Чи тавре, ки мегӯянд «Нафси гарон балои ҷон», боре дар ҳолати иҷрои чунин амалиёт ба мағзи дилаки суми асп хори дарозиаш ҳашт сантиметр халидааст ва онро бо машаққат канда гирифтанд. Ҳар навъе, ки набошад ханҷаригулҳо худро аз ҳайвонҳои чаранда хеле хуб ҳимоя мекунанд.
Дар сайёра баъзе мавзеъҳое ҳастанд, ки бениҳоят гарм ва хушканд, регзору сангрезадоранд, аммо айнан дар ҳамин мавзеъҳо рустаниҳои хордор аз ҳад беш маскан доранд. Аксарияти тадқиқотчиён тарафдори чунин ақидаанд, ки ин ҳодиса натиҷаи таъсири муҳити атроф аст ва ҳатто чунин исбот мекунанд, ки нишонаи қиёфаи хори бисёр доштани аксарияти рустаниҳо, ин як навъ ҷавоб ба аз хушкидан мутобиқ шудани онҳо мебошад. Аммо дар дохили ин ақида рустаниҳои мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикӣ, ки чун ханҷаригулон сершираву серобанд, ба андешаи мо «ғунҷида наметавонанд», чунки онҳо худро аз хушкӣ ва гармӣ ба воситаи хорҳо не, балки ба воситаи пӯстлохи хеле ғафс ҳимоя мекунанд. Ин масъала мураккабу доманадор аст. Ба ин муамо метавонем танҳо дар асоси далелҳои раднашавандаи интихоби табиӣ, ки аз раванди эволютсияи рустаниҳо шаҳодат дода метавонад, ҷавоби қаноатбахш гирем, ки ин сӯҳбати мустақилу ҷудогона мебошад. Дар мавзеъҳои чунин мамлакатҳое, ки гарм (биёбонҳои Африқо, Амрико, Осиё) ё тамоман сард ва ҳамзамон хеле хушк (Помир, Тибет) ҳастанд, умуман шумораи намудҳои рустаниҳо ва махсусан рустаниҳои хӯроки ҳайвонҳо нисбатан кам ва таносубан набототи ин мавзеъҳо низ фаровон набуда, аҳёнан вомехӯрад. Ин бевосита сабаби кам шудану кифоя набудани хӯроки ҳайвонҳо мегардад. Барои ҳамин ҳар як фарди намуди рустание, ки дар чунин мавзеъҳо ҳаёт ба сар мебаранд, бояд бо ягон навъи аслиҳаи муҳофизати пурра мусаллаҳ бошанд. Ҳайвонҳои аз гуруснагиву ташнагӣ хаста метавонанд, ки аз «фориғболии» рустаниҳое, ки ба чунин муҳориба тайёрӣ надидаанд сӯистеъмол карда «хоки онҳоро дар ғалбери силсилаи ҳазми ғизогии худ пурра безанд». Мубориза барои ҳаёт бо чунин «дӯстони нонӣ» дар гӯшаҳои камғизои сайёра, нисбат ба мавзеъҳои серҳосили чарогоҳҳо, шакли оштинопазир мегирад. Барои ҳамин ҳимоя бо ёрии хорҳо то ба ҳадди имкон бояд, ки мукаммал мешуд. Намудҳое, ки агар бо чунин ё дигар навъҳои ҷузъҳои зарурӣ худро барои аз «дӯстони нонӣ» ҳимоя кардан мусаллаҳ шуда натавонистанд, дар силсилаи эволютсия мавқеи худро аз даст дода, на танҳо тарки ин мавзеъҳо карданд, балки бе бозгашт фано шуданд. Ин далелҳо фаровонии намудҳои оилаи ханҷаригулон – кактусҳоро дар Мексика ва умуман ҳаргуна буттаҳо ва рустаниҳои хордорро дар чакалакзорҳои хушки санглохҳои соҳилҳои ҳавзаи қадимии баҳри Миёназамин (ҲҚБМ), ки яке аз нишонаи хеле хурдакак аз боқимондаи баҳри кабир – ТЕТИС мебошад, дар Испания ва Корсика, Африқо ва Осиё (хурд, наздик, миёна, марказӣ) дидан мумкин аст. Дар кишвари мо, ки ҳиссаи шарқии ҲҚБМ аст, саксаул ва шӯрагулон дар Айвоҷ ва рустаниҳои болиштаки хордор дар Помир вомехӯранд.
Вазифаи узвҳои фотосинтезкунандаи чунин рустаниҳоро табиатан танаҳои сабзи онҳо, ки қиёфаҳои гуногун доранд (ниг. ба боло) иҷро мекунанд. Танаҳои сутуншакли ханҷаригулон бошанд аз об то ба дараҷае бой ҳастанд, ки онҳоро чорвопарварон барои об додани ҳайвонҳои хонагӣ дар Техас, Нью-Мексика (ШМА) ва Мексика истифода менамоянд. Ҳатто роҳҳо низ дар интиҳои асри гузашта дар ин мавзеъҳои нимбиёбон аксаран аз канори «Ҷангалзорҳои» ханҷаригулон мегузаштанд. Дар солҳои 50-уми асри XX овозае паҳн гардида буд, ки гӯё селексионери Амрикоӣ Л. Бербанк (1849–1926) навъи кактуси бехорро кашф карда будааст, аммо чорводорон барои он, ки масолеҳи чорводорӣ ва чорвопарварӣ аз ҳад арзон нашаванд, маҳсули ин кашфиётро дар давоми як шабонарӯз бе имконияти аз нав барқарор намудан нест ва нобуд карданд. Дар ин овоза чӣ қадар ҳақиқат ҷой дорад мо кафолат дода наметавонем, аммо навъҳои бехори ханҷаригулон дар қитъаи Амрико ҳастанд.
Хонандаи иззатманд боре андеша намоед! Мо одамонро бо сифатҳои ниҳоят аҷоиб офаридаанд, чунки на ҳар як фарди оила медонад, ки дар хонадон чӣ доранд ва дар боғчаи назди хона чӣ мерӯяд? Аммо, ҳамсоя дар хонааш чӣ дорад ва дар боғчаи ӯ чӣ мерӯяд, медонем ва ҳамзамон талош менамоем то он, ки дар бораи дигар мавзеъҳои Олам ягон маълумоти муайян дошта бошем. Бой аст хазинаи қадимии фарҳангофарандаи миллати мо, ки гуфтаанд: «Об дар кӯзаву ташналабон мегардем, Ёр дар хонаву гирди ҷаҳон мегардем». Роҳҳои мутобиқ шудани рустаниҳо нисбат ба «дӯстони нонӣ» гуногун аст. Масалан, Помир (ноҳияи Мурғоб – 40 000 км²) яке аз мавзеъҳои нисбатан ҳамвори биёбони хушку сарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, баландии водиҳои ин «Боми Ҷаҳон» аз сатҳи баҳр беш аз 3500 то 4500 м ва кӯҳҳои ин сарзамин 5000–6000 м мебошанд. Иқлими Помир ниҳоят сарду (баъзе солҳо то –60 °С) хушки (то 50 мм барфу борон дар 12 моҳ) қаҳратун ва дорои шамолҳои тунду шиддатноки хушккунанда мебошад. Ин омилҳо (ҳарорат, намӣ, бод) дар якҷоягӣ бойгарии намудҳои рустаниҳову ҳайвонот ва мавқеи ҷойгир шудани онҳоро бо баландӣ аз сатҳи баҳр муайян мекунанд. Сарфи назар аз масоҳати калон дар ин сарзамин на беш аз 660 (дар дараҳои Варзоб – 1550) намуди рустаниҳои мукаммал вомехӯранд, ки мувофиқи шаклу қиёфа ба типҳои набототи зерин мансубанд: 1. Биёбоннабот – 3600–4500 бо рустаниҳои авлодҳои тезкан – Eurotia, пуш – Artemisia sp. div., айянӣ – Ajania, ксилантемум – Xylanthemum; 2. Болиштакнабот – 3800–4800 бо рустаниҳои авлодҳои аканталимон – Acantholimon, окситропис – Oxytropis, зиббалдия – Sibbaldia; 3. хордорболиштакнабот – 3700–3850 бо рустаниҳои авлодҳои акантолимон – Acantholimon sp. div., регакгиёҳ – Arenaria; 4. Даштҳо, ҷоҷо дар баландиҳои 3600–4600 бо рустаниҳои типчак – Festuca, бузнич – Stipa, гандумакҳои гуногун ва «ширгиёҳ» – Christolea sp. div.; 5. Марғзор – 3800–4100 бо рустаниҳои авлоди ранг – Carex sp. div.; 6. Буттаҳо – 4000–4200 бо рустаниҳои авлоди бед – Salix; бушол – Lonicera, сиёҳфарк – Rhamnus, ҳирғай – Cotoneaster ва инчунин набототи мавзеъҳои сангрезадор – 3600–4900 асосан бо намудҳои авлодҳои пӯш – Artemisia sp. div.; валдхаймия – Waldheimia ва соссюрея – Saussurea ва шухнабот – 3600–4800 бо рустаниҳои гуногунқиёфа. Ҳаёт ва фаъолияти намудҳои авлодҳоеро, ки дар боло нисбат ба типҳои наботот ёд кардем ниҳоят мураккаб аст. Баландии фардҳои ҷудогонаи намудҳо аз сатҳи замин, вобаста ба мавзеи сукунат аз 8–15 то ба 30–40 см мерасанд. Дар давоми мавсими нашъу нумӯ баландии пояи баъзе аз фардҳои намудҳо на беш аз 5–10 см аст. Фаровонии онҳо низ дар таркиби ҷамоаҳо паст, яъне на беш аз 25–30%-ро ташкил медиҳанд. Давомдории умр нисбат ба мавзе ва шаклу қиёфаҳои ҳаётии намудҳо аз 10–30 то ба 200–300 сол ва аз ин ҳам беш мерасад. Сифати дарозумрӣ имконият медиҳад, ки рустаниҳо соҳиби ҳамин мавзеи сукунат бошанд. Ба замми ин онҳо боз хӯроки серғизои «дӯстони нонӣ» – қутосҳо ва гӯсфандҳои кӯҳӣ мебошанд, ки онҳо ба рӯйихати ҳайвонҳои ниҳоят нодир мансуб ҳастанд.
Мӯякҳо ва патҳои гуногуни узвҳои рустаниҳо вазифаҳои ҳимоя кардан ва идора намудани миқдори бухор шудани обро дар рустаниҳо иҷро мекунанд.
Дар чарогоҳҳои баҳориву тобистонаи Тоҷикистон ба ғайр аз намудҳои авлоди дулона, зелол, хуч (гулхор, садбарг), мармиҷон боз як қатор намудҳои яксолаву дусола ва бисёрсолаи гиёҳҳо вомехӯранд, ки узвҳои нашвӣ ва ҳатто тӯдагули онҳо дорои хорҳо мебошанд, яъне онҳо то ба дараҷае худро аз ширхӯрони чаранда ҳимоя кардаанд, ки дар таркиби чарогоҳҳои мавсими тобистонӣ рустаниҳои хӯроки чорво қариб боқӣ намондааст. Ҳамин буд, ки Ф.Л. Запрягаев (1940), А.П. Саверкин (1944–1963) усулҳои муборизаро ба муқобили чунин рустаниҳои хордори Тоҷикистон дар заминаи маркази таҷрибавии ботаникии кӯҳии Кондара ташкил карданд. Натиҷаҳои таҷрибаҳои гузаронидаро онҳо барои амалӣ гардонидани ин масъала дар тамоми чарогоҳҳои мавсимии ноҳияҳои ботаникиву географии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Ҳаду ҳудуди интихоби табиӣ дар ҳолате нисбат ба гуфтаҳои бологӣ боз васеъ мешавад, ки агар мо бо мутобиқати рустаниҳо нисбат ба ҳайвонҳои оддӣ – намудҳои гуногуни ширинча, авлоди гамбускҳо, кирмакҳои намудҳои гуногуни авлодҳои парвонаҳои ростболону турбол, махсусан туқумшулуқон ва дигарҳо шинос шавем.
Аз дигар маводе, ки рустаниҳоро аз ҳашаротҳои зараррасон ҳимоя мекунанд – инҳо усулҳои механикӣ ва кимиёвӣ мебошанд. Баргҳои намудҳои авлоди себарга – Trifolium sp. div., дорои кислотаи даббоғӣ мебошанд ва ин сифат онҳоро аз туқумшулуқ – Limax agrestis ва дигар ҳашаротҳо ҳимоя мекунанд. Ба ғайр аз ин туқумшулуқони баднафс инчунин намояндаҳои рустаниҳои оилаҳои сангшиканакгулон – Saxifragaceae, сергуштакгулон – Crassulaceae, садбарггулон – Rosaceae (шоҳтути заминӣ), зуфи обӣ – Potamogeton natans ва боз дигарҳоро «хоҳиши» хӯрдан надоранд, чунки узвҳои онҳо кислотаи даббоғӣ доранд. Туқумшулуқҳо нисбат ба намояндаҳои авлодҳои торонгулон: торон – Polygonum sp. div., шалҳа – Rumex sp. div., чукрӣ – Rheum sp. div. низ барои узвҳои онҳо дорои кислотаи шавел (шалҳа) будан нафрат доранд. Ба таъби туқумшулуқҳо инчунин рустаниҳое, ки пату мӯякҳои пӯшонандаи онҳо равғани эфирӣ доранд, ба монанди занҷибари худрӯй – Geranium collinum, авлоди пудина – Mentha sp. div., чормағзак – Dictamnus sp. div. ва боз дигар рустаниҳо форам нестанд, чунки рӯғанҳои эфирӣ пӯсти урёни онҳоро месӯзонанд.
Намояндаҳои оилаи лилиагулон – Liliaceae (ба маънои васеъи он), ки дар таркиби ҳуҷайраҳои бофтаҳои онҳо шушачаҳои намакҳои минералӣ хеле зиёд вомехӯранд, ба дандонҳои туқумшулуқ нофораманд, аммо узвҳои чунин рустаниҳоро кирмаки парвонаи ангур ҳамчун ғизои болаззат мехӯрад.
Гарчанде, ки мутобиқ шудани рустаниҳо нисбат ба ҳайвонҳои хурду бузург дар силсилаи интихоби табиӣ хеле мукаммал гардидааст, ҳайвонҳо низ комиланд ва онҳо сайёдӣ намуда сайди худро дар байни рустаниҳо меёбанд, махсусан рустаниҳое, ки мо одамон парвариш менамоем. Яке аз чунин душманони зироатҳои хоҷагии халқамон малахҳо – Acridoidea, махсусан малахи парвозкунанда ё малахи осиёгӣ – Locusta migratoria мебошад, ки селаи онҳо ба тамоми рустаниҳои худрӯй ва дастпарвар ҳар сол зарари калон мерасонанд.
Хулоса, чуноне, ки мардуми бофарҳанги мо мегӯянд, тамоми он «майдачуйдаҳое», ки дар сохтори берунӣ (пат, мӯякчаҳо, ғадудчаҳо, ғунҷоишҳои рӯғанҳои эфирӣ ва диг.) ва дохилии (шира, шушачаҳои сохтор ва таркиби гуногун ва диг.) рустаниҳо мебинем ва дар назари аввал ба онҳо беэътиноӣ менамоем, вазифаҳои ниҳоят муқаддасро нисбат ба ҳимоя кардани рустаниҳо аз рақибони онҳо иҷро мекунанд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 95.




