Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
гӯяд раис [7, с. 220-221]. Шералӣ аз утоқи кории раис баромада, дарҳол ба Мафтун нома мефиристад. Ин нома дар рӯзи тӯъмаи юз гардидани бузголаи дӯстдоштаи Мафтун — Чамангул ва муҳорибаи ӯ бо ҳайвони ваҳшӣ ба дасти Мафтун мерасад. Ин ҳангом Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек аз Маскав баргашта буданду чанд муддат дар сохтмони нақби Данғара фаъолият доштанд. Дар ин миён онҳо огоҳ гардида буданд, ки нақшаи таҷдиди роҳи ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, ки аз тарафи соҳибкор Домулло Бобозода пешниҳод гардида буд, аз тарафи идораҳои дахлдор рад карда шудааст ва ҳатто баъзе маъмурони идораҳои давлатӣ барои омода намудани санадҳои дахлдор аз соҳибкор ришваи калон талаб кардаанд... [ниг.: 7, с. 221-223].
Баъди гирифтани номаи Шералӣ Мафтун ба сафар омода мешавад. Рӯзи дигар ӯро бародараш ва ду-се нафар ҳамсояҳову дӯстон то мавзеи Нови Мурдаҳо гусел менамоянд... Азбаски дар фасли зимистон роҳи байни Зидеҳ ва мавзеи Хушёрӣ ниҳоят хатарнок буду ҳар лаҳза хавфи фаромадани тарма таҳдид мекард, мардуми касабаи Зидеҳ то ҳадди имкон аз сафар худдорӣ мекарданд. Агар ба чунин сафар зарурат пеш меомад, як гурӯҳи ҷавонмардон шахси басафарбаромадаро аз мавзеи Нови Мурдаҳо, ки хавфноктарин мавзеи роҳ буд, гузаронда гусел мекарданд. Рӯзе ки Мафтун ба сафар баромад, ҳаво софу офтобӣ буд. Раҳораҳ Мафтун дар бораи хатари ин роҳ дар фасли зимистон фикр мекард. Ҳар сол дар мавсими зимистон чандин нафар дар ин роҳ ҳалок мегардиданд. Ҳикояҳои мӯйсафедони деҳаро дар ин бора ӯ борҳо шунида буд. Аз ҷумла аскарбача Ҷӯра ва бародараш Ҳаннон дар ин мавзеъ зери тарма монда буданд, ки дар ҷустуҷӯву пайдо кардани ҷасади онҳо дар қатори дигар сокинони Зидеҳ Мафтун низ иштирок карда буд. Ҳамчунин ҳалокати як сокини деҳаи Панҷхоқи касабаи Зидеҳ, ки барои маслиҳати тӯйи духтари худ ба назди бародараш рафта буд, ниҳоят фоҷиабор аст. Ин ҳамаро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё