Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ёд оварда Мафтун аз он шукр мекард, ки сохтмони нақби Анзоб бо ташаббуси роҳбари давлат дубора оғоз меёбад. Роҳ таъмиру таҷдид, рафтуомади мардум осон ва хавфу хатар бартараф мегардад. Ҳамчун мутахассиси соҳаи нақбу роҳсозӣ ӯ дар мавзеи Нови Мурдаҳо низ бунёди нақби автомобилгардро зарур меҳисобид, зеро дар ин мавзеъ хатари тарма ниҳоят зиёд аст ва ҳар гуна шабакаи зидди тарма ҳам дошт нахоҳад дод... [ниг.: 7, с. 223-238].

Ғарқи чунин фикру андешаҳо Мафтун бо ҳамдеҳагон ба урдугоҳи кӯҳнавандон мерасад. Аз ин мавзеъ роҳи нисбатан бехатар шурӯъ мешуд. Бародараш Мехрафзун ва дӯстону ҳамдеҳаҳо дар ин ҷо бо Мафтун хайрухуш карда, ба деҳа баргаштанӣ мешаванд. Ҳангоми хайрухуш Мафтун бародарашро ба канор кашида, дар бораи хешдухтарашон Зуҳал мепурсад ва аз бародараш мефаҳмад, ки Зуҳал омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, дар деҳа ҳамшираи шафқат мебошад. Аз ин хабар Мафтун лаҳзае хурсанд мешавад, аммо дубора ӯро эҳсоси ғамангез фаро мегирад. Дар пеши назари ӯ ҷоми булӯрини кабуде пайдо мешавад, ки бо айби худаш пора-пора гардидаасту акнун ин пораҳоро пайванд кардан ниҳоят мушкил аст... [ниг.: 7, с. 228-229].

Дар идомаи боби «Нанги ватандорӣ» таъкид карда мешавад, ки роҳи мошингарди ағбаи Анзоб одатан ҳар сол охирҳои моҳи май кушода мешуд, аммо соли 1999 бо супориши Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон 6-уми май аз барф тоза гардида, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ имконпазир гардид. Баробари кушода шудани роҳ нақбканон Данғара тавассути корвони мошинҳои низомии «Ураган» техникаи заруриро аз ағба гузаронда ба шимоли нақби Анзоб интиқол медиҳанд. Мошинолоти сохтмони нақбро, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангор гардида буд, аз нав барқарор намудан зарур буд. Мафтуну Шералӣ тавассути чархбол баъзе асбобу анҷоми сабукро ба маҳалли сохтмон меоранд. Ҷобирбек ва як гурӯҳ коргарону мута-

пешина
аз 263
навбатӣ