Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Якчанд рӯзи дигар муҳандисону мутахассисони эронӣ қисмҳои осебдидаи ин мошинро таъмиру навсозӣ менамоянду баъдан ин мошини азимҷусса дар қисмати ҷанубии сохтмони нақб ба кор шурӯъ менамояд. Дар амалиёти ба минтақаи ҷануби нақб интиқол додани мошини «Ҷомбу» Мафтуну Шералӣ корнамоии хуб нишон медиҳанд ва сазовори таҳсину офарин мегарданд. Мудири пружа рафтори ин ду ҷавони тоҷикро дар амалиёти интиқол додани мошини «Ҷомбу» ба қаҳрамонӣ баробар дониста, эшонро бо мукофоти пулӣ сарфароз менамояд [ниг.:7,с.325-335].

Баъдан дар километри 960-уми нақби ҳаводиҳандаи аз самти шимол резиши калон ба амал омад. Дар ин минтақа бештар сангҳои калони вазнашон аз 2 то 10 тонна афтода, давом додани корро ғайриимкон гардонд. Бо супориши муҳандис Эҳсони Раҷабзода барои пешгирии резиш чанд бор чораҷӯӣ карда шуд: барои пешгирии резиш аркҳои филизӣ гузошта, бо фишори баланд бетонпошӣ намуданд, вале натиҷа набахшид. Ҳолати баамаломада ба мудири пружа Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ хабар дода шуд. Азбаски фасли зимистон ҳукмронӣ мекарду роҳи ағбаи Анзоб баста буд, Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ тавассути ҳавопаймо аввал ба Хуҷанд сафар намуда, баъдан тавассути ағбаи Шаҳристон ба ноҳияи Айнӣ омад. Иттифоқан ҳамон рӯз бар асари фаромадани тарма роҳи ағбаи Шаҳристон низ баста буд. Аз ин рӯ мудири пружа 3,5-4 километрро пиёда тай карда, тавассути мошини дигар ҳаракатро давом дода, шомгоҳон ба қисмати шимолии нақби Анзоб – деҳаи Зимарг меояд ва худи ҳамон шаб маҳалли резишро муоина менамояд. Рӯзи дигар барои пешгирии резиш дар ин мавзеъ аркҳои нав гузошта мешавад, аммо санги вазнини тақрибан 15-тоннагӣ афтода, аркҳоро мешиканад. Аз ин рӯ мудири пружа тамим мегирад, ки маҳалли резишро аввал бо бетон пур намоянд ва баъди хушк шудани бетон, нақбро аз дохили бетон кананд. Барои анҷом додани ин кор аввал аркҳои харобшударо гирифта,

пешина
аз 263
навбатӣ