Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ду тарафи маҳалли резишро бо хок шибба кардан лозим буд, аммо ба ин на ронандаи экскаватор ҷуръат мекарду на булдозеррон. Бо ҳидояти мудири пружа ронандаи экскаватор арқҳои шикастаю мачакшударо аз дами хатар кашида мегирад. Азбаски бели экскаватор нисбатан дароз буд, ба ҷони ронанда хатар камтар таҳдид мекард. Бо вуҷуди ин ҳангоми анҷом додани ин кор мудири пружа ба хотири зиёд кардани ҷасорати ронандаи экскаватор дар паҳлуи ӯ нишаста буд. Баъди анҷом ёфтани кори экскаватор Шералӣ ҷуръат намуда, булдозерро ба кор медарорад ва ду тарафи мавзеи резишро бо хок шибба менамояд. Ҳангоми кори булдозер ба болои тега ва радиатори он сангҳои нисбатан хурд меафтоданд, ки ба ҷони Шералӣ таҳдиди ҷиддӣ надошт. Баъди корашро тамом кардани булдозер якбора як санги калони 7-8-тоннагӣ меафтад. Хушбахтона, Худованд Шедалиро дар «паноҳи офияти худ» нигоҳ дошт. Баъди бетонрезии мавзеи резиш накб аз дохили бетон канда шуд. Барои бартараф кардани чунин резиши азим Шералӣ ва якчанд нафари дигар бо мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд [ниг.: 7, с. 340-347].

Ҳамин тавр, 28-уми октябри соли 2006 аз самти ҷануб сохтмони километри якуми накби мошинрав, ки беш аз нисфи он мавзеи ниҳоят резишноку душворгузар буд, ба анҷом мерасад ва накбканон ба километри дуюм ворид гардиданд. Дар ин ҳангом аз самти ҷануб бештар аз 1200 метр накби ҳаводиҳанда канда шуд. Анҷом додани ин кори душвор бори дигар таҷрибаву маҳорат ва малакаи хуби мудири пружа Алӣ Мӯсавӣ Раҳимиро собит намуда, аз тарафи дигар, накбканонро ниҳоят рӯҳбаланд мекард. Дар самти шимол низ корҳо хуб ҷараён доштанд. То ин дам дар самти шимол 2561 метр накби мошинрав ва 2651 метр накби ҳавокаш канда шуда, барои васл гардидани накби мошинрав 1469 метр ва барои ба ҳам пайвастани накби ҳаводиҳанда 1129 метр боқӣ монда буд [ниг.: 7, с. 347-350].

пешина
аз 263
навбатӣ