Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

Ҳаминро ҳам гуфтан ҷоиз аст, ки мувофиқи маълумоти масъулини пружаи ширкати «Собир-байналмилал» нақбканани Анзоб дар моҳи октябри соли 2005 503 метр нақб канда рекорди нав гузоштанд, вале ин ҳаргиз натиҷаи ниҳоӣ набуд. Рекордҳои нав дар пеш буданд [ниг.:7, с.351].

Дар боби ҳафтуми роман – «Достони бародарӣ» аз он сухан меравад, ки ҳарчанд таъминоти сохмонии нақб, махсусан, дар фасли зимистон бо душворӣ сурат мегирифт, сохтмончиён бо рӯҳбаландӣ ва азму иродаи қавӣ заҳмат мекашиданд ва кӯшиш мекарданд, дар муҳлати муқарраршуда сохмонии нақб ба анҷом расонда шавад. Аз ҷумла бо масолеҳи асосии бинокорӣ — семент таъмин намудани сохмонии нақби Анзоб ба қалам дода мешавад. Мувофиқи тасвири нависанда сарпарасти пуштибонии пружаи Анзоб ҷаноби Аҳмад ШОРЕЪӢ ба муассисаи нақлиётии рақами шашуми пойтахт меояд. Муассисаи нақлиётии мазкур сохмонии нақби Анзобро бо семент таъмин менамуд. Дар пеш фасли зимистон буду ҳавошиносон баъд аз чанд рӯз боридани барфи зиёдро пешгӯӣ мекарданд. Бар асари бориши барф роҳи ағбаи Анзоб баста мешуд ва бо масолеҳи асосии бинокорӣ — семент таъмин намудани сохмонии нақб душвор мегардид. Баъди мулоқоти Аҳмад ШОРЕЪӢ бо сарвари муассисаи нақлиётӣ Музаффар Қурбон чораи таъхирнопазир андешида мешавад. Дар яке аз рӯзҳои моҳи ноябри соли 2004 корвони иборат аз 9 мошини пуриқтидори «КамАЗ» ба роҳ мебарояд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» бенавбат ба ҳар як мошин 14,5 тонна сементи хушсифати ба намак тобовар бор карда мешавад. Мошинҳои сементкаш тавассути роҳи ағбаи Анзоб ба самти шимоли нақб ҳаракат мекунанд. Вақте ки мошинҳои пурбор аз дараи Хушёрӣ мегузаранд, борони майда шурӯъ мешавад. Ронандагон сементро ба қисмати шимоли нақби Анзоб расонда, ба дӯли азими заводи сементи нақб холӣ мекунанд ва ҳуҷҷатҳои сангу тарозуро оҷилан мураттаб намуда, дар

пешина
аз 263
навбатӣ