Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
борномаҳо қайдҳои даркориро ворид намуда, бидуни таъхир ба самти пойтахт бармегарданд [ниг.:7, с. 352-356].
Ҳар вақте ки ронандагон ба самти шимоли нақб семент меоварданд, дар ошхонаи «Муқаддас»-и деҳаи Такфон хӯрок тановул карда, андак дам мегирифтанд ва, каме ҳам бошад, кӯфти роҳро бароварда баъд ба тарафи Душанбе ҳаракат мекарданд. Азбаски вазъи ҳаво номусоид буд, ронандагон ин дафъа таомро зуд тановул карда, бо пешхизмат ҳисобӣ менамоянду ба роҳ мебароянд, зеро мувофиқи маълумоти ҳавошиносон субҳи рӯзи дигар дар мавзеи Шодмондараи ағбаи Анзоб бориши барф пешбинӣ гардида буд.
Аммо ин дафъа маълумоти ҳавошиносӣ бо иқлими Шодмондара мувофиқат намекунаду бориши барф 8 соат пештар, яъне шомгоҳон шурӯъ мегардад. Дар ин ҳангом ронандагони мошинҳои сементкаш аз Такфон ба самти Анзоб ҳаракат мекарданд. Вақте ки мошинҳо ба деҳаи Анзоб мерасанд, шиддати бориши барф зиёд мегардад. Дар доманаи ағбаи Анзоб роҳ аллакай ях баста ҳаракат душвор гардида буд.
Баъди гузаштан аз пуди дарёи Анзоб ронандагон дар назди дидбонгоҳи БДА таваққуф намуда, ба чархҳои мошинҳояшон занҷир мебанданд ва бо эҳтиёти зиёд то назди чашмаи маъдани Анзоб ҳаракат мекунанд. Дар болотари ин мавзеъ як сабукрави кирокаш чаппагардон мехобиду ҳаракати нақлиёт дигар ғайриимкон буд. Шомгоҳон ронандагон дар чойхонаи хурдакаки назди чашма ҷамъ меоянд. Азбаски рӯзи дигар моҳи шарифи рамазон шурӯъ мегардид, онҳо бо имоматии Муҳаммадюсуф ном ҳамкасби худ якҷоя намози таровеҳро адо менамоянд [ниг.:7, с.356-367].
Худи ҳамон шаб дар мавзеи Шодмондара банд мондани ронандагон ба муассисаи нақлиётӣ муҳобира карда мешавад. Сарвари муассисаи нақлиётӣ Музаффар Қурбон барои наҷот додани ронандагон чораи фаврӣ меандешад. Ӯ
ҳамроҳи сармуҳандис ва ду нафар таъмиргари ботаҷриба,
як миқдор маводи сӯхт, хӯрокворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва ли-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё