Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бора пурсида мешавад, ӯ масъаларо ба розигии шавҳараш ҳавола менамояд. Вақте ки фикри Ҷобирбекро дар ин бобат шунидан мехоҳанд, ӯ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро асос оварда, номзадии ҳамсарашро ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Зимарг ҷонибдорӣ менамояд ва изҳор медорад, ки омодааст, барои пешрафти корҳои ӯ ёрӣ расонад. Ҳамин тавр, ин ҷамъомад ба нахустин ҷаласаи ҷамоати шаҳраки Зимарг табдил меёбад. Пас аз ду-се рӯз ҳукумати ноҳияи Айнӣ номзадии Соҷидаи Ҷамолро ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Зимарг тасдиқ менамояд ва дар яке аз иморатҳои ин мавзеи бостон лавҳа бо навиштаҷоти «Ҷамоати шаҳраки Зимарг» насб карда мешавад. Ташкил шудани ҷамоати шаҳраки Зимаргро нависанда ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти ояндаи ин макон арзёбӣ менамояд [ниг.: 7, с. 371-377].

Дар идомаи боби охири асар сухан дар бораи он меравад, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар наздикии мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб — дар дашти Кабудии Поён корхонаи хурди коркарди фулузоти қиматбаҳои тиллою волфрам фаъолият мекард. Дар наздикии Майхӯра инчунин корхонаи истихроҷи сангӣ мармар мавҷуд буд ва ин ду муассисаро нерӯгоҳи хурде, ки дар дарёчаи Лесак бунёд ёфта буд, бо барқ таъмин менамуд. Аз пойтахти ҷумҳурӣ то ба ин мавзеъ роҳи оҳани камбар сохта шуда буд, ки ангишт ва дигар маҳсулоти зарурӣ тавассути он кашонда мешуд. Дар он солҳои душвор, ки аксари мардон ба фронт сафарбар гардида буданд, занону духтарон ва бачагони Зидеҳ ва деҳоти атрофи он дар ин корхонаҳо меҳнат карда, қӯти лоямути худро пайдо мекарданд. Нависанда бо таассуф ёдовар мешавад, ки бо мурури замон ин корхонаҳо ва нерӯгоҳи хурди Лесак низ харобу корношоям гардидаанд. Мафтун ва дигар шахсони ватандӯст ҳар гоҳ ки аз ин мавзеъ гузар мекарданд, ба харобаҳои ин муассисаҳо бо меҳр

пешина
аз 263
навбатӣ