Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
назар менамуданд... [ниг.:7, с.377-378].
Боре Мафтун зимни гуфтугӯ бо роҳбарияти ноҳияи Варзоб ба хотири таъмини аҳолии деҳоти ин мавзеъ бо ҷойи кор ва таъмини некӯаҳволии мардум, масъалаи таъсиси корхонаи коркарди мармарро пешниҳод менамояд. Баъди чанд муддат Мафтунро ба идораи ҳукумати ноҳияи Варзоб даъват менамоянд. Ҷонишини раиси ноҳия ба ӯ иттилоъ медиҳанд, ки дар мувофиқа бо Вазорати саноат дар мавзеи Майхӯра корхонаи коркарди санги мармар аз нав ташкил карда мешавад ва ҳукумати ноҳияи Варзоб роҳбарии ин корхонаро ба зиммаи Мафтун гузоштанист. Аз ин рӯ аз ӯ хоҳиш карда мешавад, ки аз деҳоти атрофи Майхӯра муҳандисону мутахассисон ва коргарони ояндаи ин корхонаро рӯйхат намуда, пешниҳод кунад. Мафтун, ки мутахассиси соҳаи нақбсозӣ буду дар чунин сохтмонҳо фаъолият карданро муҳим меҳисобид, пешниҳоди роҳбарии корхонаро рад менамояд, аммо розӣ мешавад, ки рӯйхати муҳандисону мутахассисонро омода ва пешниҳод намояд... [ниг.:7, с.378-380].
Баъди суҳбат бо раиси ноҳияи Варзоб Мафтун дар роҳи бозгашт ба нақб дар бораи таъсиси корхонаи истихроҷи санги мармар фикр карда, ба ин корхона ҷалб шудани мутахассисони маҳаллиро аз чанд ҷиҳат иқдоми дурусту муҳим меҳисобид: аввалан, ба даъвати мутахассисон аз дигар ҷо зарурат пеш намеояд, сониян, мардуми маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуда, ба дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд, ва, солисан, таъсиси корхона ба ободии ин макон ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум, пешрафти фарҳангу маданият мусоидат менамояд [ниг.:7, с.380].
Мафтун дар бораи ба манфиати халқу ватан истифода бурдани сарватҳои табиӣ фикр мекард. Ба андешаи ӯ аз истифодаи кони санги мармари атрофи Майхӯра, ки «шир барин сап-сафед буда, чашми касро мебарад» ва истихроҷи маъдани нилум (лаъли кабуд ё аметист), ки дар ин макон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё