Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
мавҷуд аст, садҳо ҷойи нави кор ташкил кардан мумкин аст. Ҳатто сангҳои одини кишвари мо қимати бузург доранд ва онҳоро дар сохтмон истифода бурдан ба манфиати кор хоҳад буд. Мафтун дар ин бора андеша мекарду ба ёдаш шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон расид. Боре ӯ баъди хатми синфи нуҳум ҳангоми таътили тобистона ҳамроҳи яке аз хешовандонашон ба ин шаҳри таърихии Озарбойҷон барои хабаргирии писари ӯ, ки дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи артиши шӯравӣ хизмат менамуд, сафар карда, дар Ганҷа корхонаи сангтароширо тамошо карда буд. Дар ин корхона сангҳои муқаррарии кӯҳӣ чортарош карда шуда, ҳамчун масолеҳи сохтмон истифода мегардиданд. Сокинони Ганҷа аз ин сангҳо ҳам барои бунёди иморат ва ҳам барои девори атрофи ҳавлиҳо истифода мебурданд. Талабот ба ин маҳсулот ниҳоят зиёд буд, ҳатто муштариён барои ба даст овардани ин маҳсулот моҳҳо навбат мепоиданд. Биноҳои аз чунин сангҳои чортароши мунаққаш бунёдгардида ниҳоят назаррабо буданд. Махсусан, ҳавлии сеошёнаи Иброҳим ном сокини Ганҷа хеле зебо буд. Соҳиби он деворҳои манзили худро аз сангҳои гуногунранг, ки солҳои зиёд аз тарафҳои Суҳумӣ, Батумӣ, Кисловодск, Қрим ва дигар шаҳрҳо ба воситаи ҷомадон оварда буд, оро додааст. Иброҳими Ганҷавӣ чунон устои моҳир ва боҳавсала будааст, ки ҳатто дар айвони ошёнаи дуюми манзилаш роҳи ҳаракати қисми ҳарбии бародарашро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба воситаи сангҳо нақшбандӣ намуда, ҳатто номи шаҳрҳоро бо сангрезаҳо навишта буд. Сайёҳоне, ки аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба Ганҷа меомаданд, дар қатори дигар мавзеъҳои таърихии Ганҷа манзили сангини Иброҳимро низ тамошо карда, онро акс мебардоштанд. Сурати ин бино ҳатто дар рӯзномаву маҷаллаҳои бисёр кишварҳо чоп шуда буд. Ба андешаи Мафтун сангҳои кишвари моро низ дар сохтмон ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст. Афзалияти биноҳое, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё