Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
муайян намояд. Ин ҳама баёнгари азму иродаи қавии Мафтун буда, садоқати ӯро ба касби интихобкардааш нишон медиҳад. Ӯ ҳам дар нақби обрасонии Данғара, ҳам дар нақби Анзоб ва ҳам бар сохтмони метрои майдони Ногини Маскав шарафмандона меҳнат карда, дар байни ҳамкорон соҳиби обрӯю эътибор мешавад. Заҳматҳои ӯ ҳамеша аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳатто ҳангоми фаъолият дар сохтмони метрои Маскав бо фармони Президенти Федератсияи Россия бо медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» сарфароз гардонда мешавад. Кӯшиш мекунад, ки ба тамоми нобасомониҳо бо сабру таҳаммул ва мардонагӣ муносибат намояд. Ҳарчанд Фарогатро дӯст медорад, мутеи ҳамсар нест. Ҳанӯз ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ба дӯстонаш ваъда дода буд, ки касби худро дигар нахоҳад кард. Ӯ ба ин ваъдаи худ содиқ мемонад ва то лаҳзаи маҷрӯҳ шудан дар сохтмони нақби Анзоб фаъолият менамояд.
Мафтун ҷавони ташаббускор буда, ҳамеша барои пешрафти кор саъю талош менамояд. Ба таъбири профессор М. Муродӣ ӯ «бо далериву чолокӣ, ҳушёриву зиракӣ ва навҷӯӣ пайваста дигаронро мафтун мекунад» [5, с.52]. Дар ҳоли ба таъхир мондани корҳо бо ташаббуси ӯ аъзои бригадааш дар як басти корӣ ду маротиба бештар нақб мекананд. Ҳатто дар вақти бемории ду нафар аъзои бригада ӯ ҳамроҳи Шералӣ ва Ҷобирбек се шабонарӯз аз нақб набаромада кор мекунанд ва нақшаи ҳафтаии нақбканиро барзиёд иҷро менамоянд. Ҳангоми озмоиши комбайни нақбкании нави «4-ПП-2» дар нақби обрасонии Данғара ӯ нуқсони дар занҷири транспортёр мавҷудбударо дарк намуда, саривақт ба мутахассисони украинӣ баён медорад. Ҳини фаъолият дар сохтмони метрои Маскав низ бо пешниҳоди ӯ барои бартараф кардани фишори хок ба ҷойи чангакҳои филизӣ пояҳои қубурӣ истифода бурда мешаванд, ки ин аз ду ҷиҳат афзалиятнок буд: ҳам хароҷоти камро тақозо макарду ҳам вақтро сарфа менамуд. Бо ин пешниҳо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё