Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Дар ин ҷо ӯ ба сафи ихтироъкорону навоварон дохил мешавад. Ин ҳама далели ташаббускории Мафтун мебошад.
Мафтун оғози сохтмони нақби Анзобро бо хушнудӣ қабул мекунад ва аз аввалинҳо шуда бригадаи хешро ба ин сохтмони муҳим сафарбар менамояд, зеро ӯ мехост, ки ҳамдеҳагонаш дар фасли зимистон аз азоби роҳ халос шаванду рафтуомади мардум тавассути ин роҳ осон гардад. Аҳаммияти бунёди нақби Анзобро барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ниҳоят муҳим меҳисобид. Пайваста барои иҷрои васияти падараш, ки роҳсозиро аз савобтарин корҳо медонист, кӯшиш ба харҷ медод.
Ҳамчунин дар симои Мафтун нависанда дӯсти содиқро тасвир намудааст. Меҳру ихлос ва дӯстиву рафоқати ӯ бо Шераливу Ҷобирбек ҳатто аз дараҷаи дӯстӣ низ зиёд буда, додару бародархондагиро ба хотир меорад. Таҳсил дар техникуми кӯҳшиносиву геологияи шаҳри Душанбе ӯро бо Шералӣ дӯсту қарин мегардонад. Дӯстии онҳо ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ боз ҳам устувортару қавитар мегардад. Дар хизмати ҳарбӣ Мафтуну Шералӣ бо Ҷобирбек шинос мегарданд ва ӯро низ барои таҳсил дар техникуми кӯҳшиносиву геологӣ талқин менамоянд. Ҳаёти ин се нафар дӯст минбаъд якҷоя ҷараён мегирад. Гӯё қисмат онҳоро ба ҳам оварда бошад. Ҳангоме ки ҳар се оиладор мешаванд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки чунин дӯстиву рафоқат дар байни оилаҳояшон низ устувор бошад. Эшон пас аз хатми техникум фаъолияти меҳнатии худро дар нақби обрасонии Данғара шурӯъ менамоянд. Баъди оғози корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб ҳар се ихтиёран ба ин иншооти тақдирсоз сафарбар мегарданд. Вақте ки дар натиҷаи нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб муваққатан қатъ мегарданд, муддати чанд сол ҳар се дар сохтмони метрои Маскав фаъолият менамоянд. Баъди дубора оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб бо даъвати роҳбарият ҳар се аз нав ба ин иншоот меоянд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё