Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Очеркҳои Бахтиёр Муртазо аз ҳар ҷиҳат ҷолибу муассиранд, зеро ӯ ба маводу маҳал ва мавзӯи نگوشтаҳояш муносибати бевосита дорад, дар инъикос ва тасвири он аз сарчашмаҳои гуногун истифода мекунад, бо шахсони дорои касбу кори гуногун, хосса куҳансолон суҳбатҳо меорояд, ба мавзеъҳои инъикосшаванда сафар мекунад, ба олами қаҳрамонон ворид гардида, корнамоиҳои онҳоро ба мушоҳида мегирад, ҷараёни кор ва ободиву шукуфоии диёрро бо муҳаббат тасвир мекунад. Таваҷҷуҳ ба ин ва дигар омилҳо имкон фароҳам оварда, ки Бахтиёр Муртазо, аз як тараф, касби деҳқонӣ, муҳандисӣ, роҳсозӣ, нақбкандӣ, заминкушоиву обшоркунӣ ва амсоли инро мӯшикофона аз худ намояд, аз ҷониби дигар, раванди ташаккули ҳисолу ниҳоди қаҳрамонони асарҳояшро ба таври диалектикӣ нишон диҳад.

Ҷолибияти очеркҳои адиб боз дар он аст, ки ӯ аз унсурҳои тасвир моҳирона истифода мекунад, забони халқро хуб медонад, аз воситаҳои тасвири сухан: ибораҳои рехта, зарбулмасалу мақол, ташбеҳу истиора, санъати саҷъ ба маврид кор мегирад. Ба далели фикр: «Дар ин мавзеъ фақат сарсабзӣ, бубинӣ: об сабзу дору дарахт сабзу гунбази осмон сабз»; «Суҳбати мо чӣ хеле ки мегӯянд, ба зудӣ каймоқ баст»; «Маҳтоб ҳамон рангрезӣ мекарду, мавҷҳои Байкал ҷастухезе». («Сафинаи Байкал»), «Рӯдхона ҷорист ва дар ҳар печутоби мавҷҳояш як дара валвала боқист»; «Офтоби Мотравн нахуст болои Язгулом намоён мешавад ва бо ҳамин гӯё малеҳчеҳраи худро дар оби рӯд мешӯяд». («Хонаи офтоб»), «Ту аризаро барои узви дастаи интикомгирон шудан бо хуни худ навиштӣ» («Фирор ва ҷасорат»), «Пашша мингас кард, моҷир тингас кард» («Родмарди ҷонфидо»)..... Истифодаи ин гуна аносир, ки ба фаъолияти қаҳрамон, фаҳмиш ва хислати онҳо иртибот дорад, аз як тараф, забон ва услуби очеркҳоро содаву равон намуда бошад, аз ҷониби дигар, рӯҳияи хонандаро баланд бардошта, дарку

пешина
аз 263
навбатӣ