ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Чун нафас омад даруни шуш, дод
Мезад аз дарди қабурға ин мазод.
Ҳар буғум аз ин фароғат шуд кушод,
Мисли ин ки шуд зи ҳабс озоду шод.
Парда, пас, ояд фуруд аз он шикам,
Пас, шавад холӣ зи бору дарду нам.
Андар ин байн зан чӣ аҳвол мекашид,
Мар Худо донад ва ӯ, ай бурашид.
Мард чӣ донад з-ин масир аз вазни зан,
Он ки бардошт одамеро дар бадан?
Он ки дорад сар, шикам в-он дасту по,
Он ки дорад ҷону мехонд сад дуо.
Он ки мезад аз дарун по бар шикам,
Он ки мекард роҳаташро пур зи ғам.
Мар Худо донад ва ӯ аз ҳоли худ,
Пас, магир осон дар ин кор, ай ануд.
Кори ӯ дар рӯзи мавлуд дам наёфт,
Баски ӯ дар кори тифл боз ҳам шитофт.
Рӯзу шаб ӯ мекашид аз вай зиён,
Хам мекард қомату аз нав миён.
Шир медод рӯзу шаб бар он валад,
“Алла” мехонд дар сараш аз неку бад.
Инчунин рӯзҳои вазнин шуд тамом,
То бишуд кӯдак ба ду по, вассалом?!
На! Зи он рӯз рӯзи дигар боз шуд,
То даме, ки чашми кӯдак боз шуд.
Бин, ки ӯ ҳам соҳиби оила гашт,
Кӯдакаш дар гардану аз гила гашт.
Китфи модар зери пойҳо гашт хам,
Лек Худо бо ӯсту боз ҳам кард раҳм.
Инчунин аст қисмати модар, бибин,
Зери бору зери кор ӯст, ай амин.
То дами охир “балом” гӯяд ӯ,
Раҳму шафқат то ахир рӯяд зи ӯ.
Пас, ҳаром карданд уқуқи модарон,
Он Худову маҳбуб аз пайғомбарон.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна-л-лоҳа ҳаррама ъалайкум уқуқа-л-уммаҳот”, яъне, дӯстам, “...
Худованд нофармонии модаронро бар шумо ҳаром қарор додааст”.
Мехостам, ки суханҳое дар васфи модарон боз ҳам гуфта бошам, вале ин ҳадис ва он Оятҳое, ки дар Қуръони азиму-ш-шаън нозил шудаанд, кифояву басандаанд ба ҳар касе, ки ақл дораду худро мусалмон меҳисобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё