Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маъниро з-он Ояҳо барчину бин,
То шавад дона ҷудо аз пӯст яқин.
Хуб, чу гуфтем, дод нишон ду роҳро,
Ғаллааш мухторӣ аст он коҳро.
Ихтиёр дорад якеро з-он ду,
Карда бошад интихоб, ай маъниҷӯ.
Ё ки дорад ихтиёр бар дуи он,
Лек бимонад дар миёну андар он.
Дар пайи ду харгӯшон он, ки давид,
Нест сайёд, аҳмақ асту сайд надид.
Лек ҳадиси мо зи ин нест, бе хато,
З-ихтиёри бандагон аст, ай фато.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна-л-лоҳа хаййара ъабдан байна ад-дунё ва байна мо ъиндаҳу фахтара мо ъинда-л-лоҳа”, яъне, дӯстам, “... Худованд ба бандае ихтиёр дод то аз миёни дунё ва охират, якеро интихоб кунад. Ва он банда охиратро интихоб намуд”.

Яъне, дӯстам, чун дар Ояи карима, мисол аз Сураи “Балад”, бармеояд “... ва ҳадайнаҳу ан-наҷдайни”, яъне, Худованд ба инсон дуроҳаро нишон дод ва возеҳан бифаҳмонид, ки яке роҳи нек асту дигаре, роҳи бад. Ва Худованд инро бе ҳикмат накарда буд, балки инро нишон дода, ихтиёрро ба дасти инсон дод, то ки инсон худ роҳи худро муайян созаду бо он роҳ биравад.

Ва чун Паёмбари акрам (с.а.в.) бифармуд, хушо бар ҳоли он, ки аз ду роҳ, яъне дар радифи “дунё” корҳои беҳудаи дунявиро, бадиро ва дар радифи “охират” кори некро, “охиратро”, яъне охири некашро интихоб намуду бо Худованд бимонд.

……….

  1. Оид ба масоили муҳлат додан ба золимон.

Медавад гӯсола то каҳдони қут,
Лек намедонад, ки дом аст, он ануд.
Нафс иҷбораш кунад то сер хӯрад,
Оқибат серхӯрдаро қассоб бурад.
Сар гирад қассобу пӯсташ меканад,
Пас, зи ду пош сӯи осмон метанад.
Корд занад бар дому ишкамбаш фуруд
Рехта гардад мисли лой дар пӯсти худ.
Аз дарун шушро канад қассоб бурун,
Дар қадаш ояд дилаш низ пури хун.
Ин бувад охири баднафси лаъин, Он, ки нодида гирифт дар кори дин.

пешина
аз 175
навбатӣ