Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он, ки боре фикр накард аз оқибат,
Бемуҳобо, пас азобҳо мекашад.
Чашми ҳорисро кунад сер хоки гӯр,
Мешавад андар тагаш маъвои мӯр.
Лек бибин, дӯстам, чӣ қадр аст Меҳрбон,
Ки бидод муҳлат ба кулли золимон.
Ҳатто Ӯ фармуд Набиро муҳлате,
Дода бошад мункиронро соате.
То ки гарданд аз раҳи бад сӯи рост,
Он раҳе, ки бошад амну з-он Худост.
Чунки фурсат чун фароҳам шуд варо
Бар забон орад шояд тавбаро?
Аз гуноҳон шояд он ки афв талаб
Карда бошад аз Худо он Булаҳаб?
Қисса кӯтаҳ, меҳрубон аст он Худо,
Чунки қодир аст бубахшад ҳамаро.
То дами охир шавад Ӯ интизор,
То шавад ҳарфе бурун аз даҳни зор.
Лек, агар н-ояд талаб бар мағфират,
Сахт азобҳо мекашад дар охират.
Фурсат ин ҷо медиҳад, рӯи замин,
Чун мирад, фурсат тамом аст, ай амин.
З-ин сабаб, чун фурсате дорем, бигӯ,
З-он Худо раҳмат дар он дунё биҷӯ.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна-л-лоҳа лайумлӣ ли-з-золими ҳатто изо ахазаҳу лам йуфлитҳу”, яъне, дӯстам, “... ҳамоно Худованд ба золим муҳлат медиҳад, вале ҳангоме ки ӯро муохаза мекунад, раҳояш намесозад”.

Бале, дӯстам, то он даме, ки зиндаем, фурсат дар дасти мост ва набояд ин фурсати беҳтаринро аз даст диҳем; баръакс, бояд ҳаракат карда, нек бошем агар, нектар гардем ва бад бошем агар, ҳатман нек шавем.

Дар Ояте омада: “... фамаҳҳили-л-кофирина амҳилҳум рувайдан”, яъне, Худованд ҳатто ба Паёмбари акрам (с.а.в.) муроҷиат карда, таъкид карда мегӯяд, ки (ай Муҳаммад), инкоркунандагони ҳақиқатро бояд камтаре муҳлат диҳӣ. Ва шояд он ки Худованд интизор бошад, то ки онҳо аз роҳи бад ба роҳи рост баргарданд?

Албатта, Худованд беҳтар медонад, вале Худованд то дами охир интизор мешавад. Агар ки нашуд, пас, онҳо муохаза мешаванд ва пас, азобашон воҷиб, чунки дигар фурсате намемонад ва дода ҳам намешавад.

пешина
аз 175
навбатӣ