Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Коркард бо сихмолаҳои сабуки «ЗИГ-ЗАГ», дар самти кўндалангии кишт гузаронида мешавад. Бо мақсади зиёд кардани ҳосилнокӣ (10-14 с/га) сихмолакуниро баъди баромадани сабзаҳо низ такрор мекунанд.
Баъди 2-3 рўзи шинонидани тухмии картошкаи тобистона ба он бо меъёри 400-500 м3/га об мемонанд. Агар зарурат пайдо шавад, баъди 3-
4 рўз ҳам такроран об мемонанд.
Миқдор ва мўҳлати нармкунӣ ба шароити хоку иқлим вобаста аст.
Дар давраи нашъунамо байни қаторҳоро бо нармкунаки КОН-2,8 ПМ ва ё нармкунаки ғизодиҳандаи КРН-2,8А 3-4 маротиба нарм карда ғизо медиҳанду дар як вақт ҷўякҳои обмонӣ мекашанд.
Нармкунии якўм баъди 7-8 рўзи пайдо шудани сабзаҳои картошка дар чуқурии 10-12 см, дуюмаш баъди 12-15 рўзи нармкунии якўм дар чуқурии 8-10 см, сеюм ва чорумаш то ба ҳам расидани ниҳолҳои қаторҳо дар чуқурии 7-8 см, дар як вақт бо хоккашӣ ба гардани буттаҳо ва нест кардани алафҳои бегона гузаронида мешавад.
Агар намии хок кифоя бошад, нармкунии чуқур ҳосили картошкаро зиёд мекунад.
Дар шароити Тоҷикистон сари вақту хушсифат ва бо меъёри мувофиқ, об додани картошказор барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аҳамияти калон дорад. Серӣ об додани картошказор ва хокҳои аз ҳад зиёд сернамшуда ба сабзиш, инкишоф ва ҳосилнокии картошка таъсири манфӣ мерасонанд.
Вобаста ба шароитҳои хоку иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ ба картошказор 6-8 маротиба бо меъёри 600-700 м3/га (фосилаи обмонӣ 7-8 рўз) об мемонанд. Дар водии Вахш ва ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ дар моҳҳои гарм картошказорро тез-тез бо фосилаи кўтоҳ об медиҳанд. Обмонӣ ба давраҳои нашъунамои муғчабандӣ, гулкунӣ ва пайдошавии лўндаҳо рост меояд. Бо усули қатрагӣ (дождеванием) обмонӣ масрафи обро кам карда, хокро саросар ва баробар намнок намуда, дар картошказор иқлими мусоид фароҳам меоварад.

пешина
аз 314
навбатӣ