Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Обмониро 8-10 рўз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ мекунанд.
Бар зидди алафҳои бегона аз усулҳои агротехникӣ ва кимиёвӣ истифода мебаранд. Ба муқобили алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва ғаллагиҳо то пайдо шудани сабзаҳо заҳрдоруи зиразин, 50 фоиз х. ҳ. 3-4 кг/га истифода бурда мешавад. Фирмаи «Байёр»-и Олмон истифода бурдани заҳрдоруи тозаи экологии Зенкор, 70 фоизаро (1,4-2,1 кг/га) бар зидди алафҳои бегонаи яксола, дусола ва дупаллагиҳо тавсия мекунад.
Заҳрдоруҳо алафҳои бегонаи киштзеоҳо ва миқдори сихмолакунию нармкуниро кам карда, арзиши маҳсулоти истеҳсолшударо паст мекунанд. Аз ҳашаротҳои заррарасон ба картошка гамбусаки хоянда, карадрин, кирмҳои ноқилмонанд ва махсусан гамбўсаки колорадӣ бисёртар зарар мерасонанд. Ба ғайр аз усулҳои агротехникӣ усулҳои кимиёвии мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва касалиҳо истифода бурда мешавад. Ба муқобили гамбўсаки колорадӣ ва кирми шапалаки картошка дар картошказорҳо маҳлули заҳрдоруи Амбуш (0,2 л/га) пошида мешавад, ба муқобили гамбўсаки колорадӣ биопрепарати битоксибарелин (Россия) низ 2,5 кг/га истифода бурда мешавад. Инчунин ба муқобили ин ҳашароти зараррасон бензофосфати 30 фоиза (1,7-2,3 кг/га, Десиси 25 фоиза (0,1-0,15 л/га) ва Актеллики 50 фоиза (1,5 л/га)
20 рўз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошида мешавад.
Ба муқобили касалиҳои фитофтороз, макроспориоз заҳрдоруҳои Аркалид 60 фоиз (2-3 кг/га), маҳлули бордовии 1 фоиза, зоҷи (купориси) мис (15 л/га) истифода бурда мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ба ҷамъоварии ҳосили картошка ҳангоми нағз ғун шудани моддаҳои ғизоӣ ва пухта расидани лўндаҳо шурўъ мекунанд. Аломатҳои асосии муайян кардани мўҳлати ҷамъоварии ҳосил ин сахтшавии пўсти лўнда ва зард шудани нихолҳо ва ба осонӣ ҷудошавии лўндаҳо аз пояҳои зеризаминии картошка мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ