Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои ҷамъоварии ҳосили картошка аз мошинаҳои картошкакови КТН-2М, комбайнҳои картошкағундории «Дружба», ККУ-2А истифода бурда мешавад. Пас аз ҷамъоварии мошинӣ картошкаи боқимондаро дастӣ мечинанд.
Истифодаи усули пай дар пай ҷамъоварии ҳосил дар стансияи озмоишии Москва нишон дод, ки лўндаҳо аз комбайн дарҳол ба мошинаи дар паҳлўи он ҳаракаткунанда бор карда шуда, ба пункти навъҷудокунӣ оварда мешаванд. Бо ин усул масрафи меҳнат барои ғунучин 7 маротиба кам мешавад.
Картошкаи ҷамъоваришударо баъди ба навъҳо ҷудо кардан ва хушконидан, дар анбори ҳарораташ 2-3°С гарм ва намнокии ҳавояш 80-85 фоизбуда нигоҳ медоранд. Баргу пояҳои картошка бо мошинаҳои БТД-5, УБД-3 ё КИР-1,5 ғундошта мешаванд. Баргу пояи солимро баъд аз пажмурдашавӣ силос мекунанд. Баргу пояи ба касалӣ гирифторшударо як ҳафта пеш аз ҷамъоварии ҳосил даравида месўзонанд.

пешина
аз 314
навбатӣ