Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: АЛАФҲОИ ХЎРОКИ ЧОРВО. ЮНУЧҚА (6 соат) Аҳамияти агротехникӣ, хўрокаи чорво ва мелиоративии юнучқа.
Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳои ноҳиябандишуда. Технологияи парвариши юнучқа барои алафи сабз ва тухмӣ.
Дар Тоҷикистон юнучқа зироати асосии пурқиммати ивазнашавандаи алафҳои бисёрсолаи лўбиёгӣ ба шумор меравад. Вай бо серҳосилӣ ва сифати баланди қимати хўрокӣ доштааш фарқ мекунад.
Юнучқа барои тайёр кардани беда, хўрокаи сабз, силос ва инчунин тарбеда, орди алаф, хўрокаҳои ғурушагӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бедаи юнучқа дар таркибаш 15-20 фоиз протеин, 2- 2,5 фоиз равған, маҷмўи аминокислотаҳои пурқиммат (лизин, метионин ва ғайра), намакҳои минералӣ ва витаминҳо дорад. Як килограм бедаи нав тайёркардашудаи юнучқа дар таркибаш то 90 мг каротин,
14 тр. калсий дошта, вобаста аз навъ, шароити парвариш ва вақти дарав бошад, аз 0,5 то 0,55 воҳиди хўрокй дорад. Юнучқа дар таркиби худ нисбат ба алафҳои бисёрсолаи ғаллагй 2,5-3 баробар зиёдтар протеини ҳазмшаванда дорад. Ҳазмшавии хўрокиҳои аз юнучқа тайёркардашуда баланд буда, ба 70-80 фоиз мерасад.
Мувофиқи маълумотҳои филиали дар води Вахш будаи ИИИ «Зироаткор»-и ба номи А.Н.Махсумов ҳангоми гузаронидаии 6-8 дарав аз ҳар як гектар 180-200 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё