Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
беда мегиранд, ки он 8-9 ҳазор воҳиди хўрокаи сафедадор ва то 25-28 с. протеини ҳазмшавандаро ташкил медиҳад.
Дар вақти ғунучин нигоҳдории сифати беда бисёр муҳим аст.
Баргҳо нисбат ба пояҳо дар таркибашон 2 баробар протеин, 7- каротин, 4-6 баробар зиёдтар витаминҳо доранд. Аз ин рў, бояд усули ғунучини ҳосил барои беда, ба нигоҳдории баргҳо ба таври максималӣ мусоидат кунад.
Орди алафи аз бедаи ба таври сунъӣ хушконидашудаи юнучқа бо ғизонокии баландаш фарқ мекунад. Дар чуниин хўрока нисбат ба бедае, ки дар шароити табиӣ хушконида шудааст миқдори протеин-4,7, каротин-4 ва воҳиди хўрока 1,6 маротиба зиёдтар аст.
Юнучқа дорои аҳамияти баланди агротехникӣ ва мелиоративӣ аст.
Аз рўи маълумотҳои филиали дар водии Вахш будаи Иттиҳодияи илмию-истеҳсолии «Зироаткор» дар сурати риояи қатъии усули парвариш ин зироат метавонад дар хок то 500 с/га нитрогени биологӣ ва 30-40 т/га моддаи хушк ғун намуда, ба таври чашмрас ҳосилхезии хокро баланд карда, ҳолати фитосанитарии майдонҳоро беҳтар намуда, паҳншавии алафҳои бегона, ҳашаротҳои зарарра-сони зироатҳои хоҷагии қишлоқ, касалиҳо, аз он ҷумла вилти пахтаро кам кунад.
Юнучқа бо туфайли силсилаҳои решаҳои чуқурравандааш метавонад сатҳи обҳои зеризаминӣ ва миқдори намакҳоро дар хок паст кунад.
Бннобар ин юнучқа дар киштгардонҳои пахта, ғаллагӣ, бехмева, растаниҳои равғгандиҳанда ва дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ пешинакишти хуб аст.
Юнучқа зироати қадимтарин буда, дар чаҳон ба таври васеъ паҳн шудааст. Он дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Украина, Кавкази Шимолӣ, Поволже, Молдовия ва дигар мамлакатҳо парвариш карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё