Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Юнучка дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон паҳн шуда, на танҳо дар заминҳои обӣ, балки дар заминҳои лалмӣ низ парвариш карда мешавад. Дар соли 2005 масоҳати юнучқазорҳо 111,7 ҳ. гектар ташкил мекард. Аз ин масоҳат 34,3 ҳ. гектараш юнучқазорҳои солҳои пешанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминҳои нишеб коштани юнучқа яке аз воситаҳои хуби муҳофизати хок аз обшусташавӣ мебошад.
ҲОСИЛНОКӢ. Юнучқа қобилияти баланди ҳосилнокӣ дорад.
Дар сурати риояи дурусти усулҳои парвариш ҳосилнокии юнучқаи хоҷагиҳои пешқадам дар 6-7 дарав то ба 200-250 с/га ва дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин 50-60 с/га (дар ду дарав) мерасад.
Дар хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ, совхози ба коми Ф.Саидови ноҳияи Бохтар (собиқ, ба номи Куйбышев), хоҷагии ба номи А. Мирзоеви ноҳияи Турсунзода ҳосилнокии юнучқа дар заминҳои обӣ ба 180-200 с/га беда расонида шуда буд. Бригадаи X.Каримов аз хоҷагии «Ленинград»-и ноҳияи Вахш аз ҳар як гектари юнучқазорҳо 260 с. беда гирифта буд. Дар киштҳои таҷрибавии филиали дар води Вахш будаи ИИИ «Зироаткор» дар 7-8 дарав аз ҳар як гектари юнучқазор 250-300 с. беда гирифта шудааст. Ҳосилнокии миёнаи юнучқа дар ҷумҳурӣ ниҳоят паст аст. Дар соли 1990 (соли оромӣ) аз ҳар гектар 72,9 с. беда (аз юнучқазорҳои солҳои пешин), соли 1991- 67,6 с. соли 1992-63 с. ва дар соли 1993-56,2 с. ҳосил гирифта шудааст.
Дар соли 2005 ҳосилнокӣ ба 43,1 с/га беда баргу пояи сабз барои тайёр кардани орди алаф ба 208,6 с/га баробар будааст. Сабаби чунин ҳосилнокии паст дар норасоии нуриҳо, сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва гузаронидани агротехникаи суст мебошад.
Ҳосилнокии миёнаи тухмии юнучқа 2-3 с/га-ро ташкил мекунад. Дар шароити риояи низоми усули парвариш аз заминҳои обӣ 4-5 с/га ва аз заминҳои лалмии бо боришот таъмин 1,0-1,5 с/га тухмӣ мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё