Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна юнучқа 2-2,5 ҳазор сол пеш аз милод дастпарвар карда шудааст. Дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 36 намуди юнучқа вомехўрад, ки намудҳои зерини бисёрсолааш аҳамияти истеҳсолӣ доранд: юнучқаи киштбоб ё муқаррарӣ (М. Сатива Л.), юнучқаи зард, досшакл (М. фалката Л.) ва юнучқаи дурагавӣ (М. вариа Март). Дар шароити истеҳсолот юнучқаи киштбоб бештар паҳн шудааст.
Дар ИМА, Канада юнучқаи яксолаи «Нитро» ба таври васеъ парвариш карда мешавад, ки он дар сурати парвариши нағз метавонад, дар соли кошташавиаш, 125 с/га беда ва 140 кг/га нитрогени биологиро ғун кунад. Ин намуд дар ҷорӣ намудани киштгардонҳои шадид (интенсивӣ) ва зиёд намудани истеҳсолӣ хўрокаҳо аҳамияти хело ҳам калон дорад.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ юнучқаи бисёрсолаи киштбоб (кабуд) ба таври васеъ паҳн шудааст, ки он бо хусусияти тезсабзиаш баъди даравҳо ва бисёр панҷазаниаш аз дигар намудҳо фарқ мекунад.
Юнучқаи киштбоб буттаи пурқуввати сершоха дошта миқдори пояҳояш то ба 150 дона мерасад.
Юнучқаи киштбоб дар шароитҳои мусоид дар як ҷой 8-10 сол ва аз ин ҳам зиёдтар месабзад. Дар соли дуюм ва сеюми сабзиш ҳосили хеле баланд медиҳад. Дар фасли зимистон қисми рўизаминии юнучқа мемирад, решаҳо ва саракаш (минтақаи панҷазанӣ) бо муғчаҳояш зимистонро аз cap мегузаронанд.
ХУСУСИЯТИ БИОЛОГӢ. Юнучқаи киштбоб зироати гармидўст буда, дар баробари ин ба сармои зимистон тобовар аст. Растаниҳои болиғаш дар ҳолати барфпўш шудан сармоӣ то - 20-25° ва майсаҳояш сармоӣ 5-6°-ро аз cap мегузаронанд.
Дар шароити Тоҷикистон нестшавии растаниҳои болиғи юнучқа ва сармозанӣ қариб дида намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё