Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Баҳорон тухмии юнучқа дар ҳарорати 5-6°С гармӣ месабзад. Нашъунамои юнучқа дар баҳор бо мурури фарорасии 7-8°С гармӣ cap мешавад. Дар соли якўм (то ғунчабандӣ) давраи нашъунамо то 70-75 рўз, давраи гулкунӣ 90-100 рўз ва давраи байни даравҳояш бошад 25-28 рўзро ташкил медиҳад.
Аз давраи сабзиш то гулкунии юнучқа ҷамъи ҳарорати миёнаи шабонарўзии фаъоли 800-900°С-ро талаб мекунад.
Барои юнучқа дар давраи нашъунамо ҳарорати 25-26°С беҳтарин ба шумор меравад.
Юнучқа зироати ниҳоят гармидўст буда, ба хушкӣ тобовар аст ва метавонад ҳарорати 40-45°С гармро махсусан ҳангоми обёришудан аз cap гузаронад. Новобаста ба ин ҳарорати аз 30-35°С зиёд барои юнучқа, махсусан, ба киштҳои тухмии он мусоид нест.
Юнучқа растании равшанидўсти намуди баҳории дарозрўз буда ба соя тоб намеоварад. Давраи баҳоронидан то саршавии пайдоиши поя ва давраи ҳадди охири рўшноиаш то саршавии гулкунӣ ба охир мерасад.
Юнучқа ба намии хок талаботи зиёд дорад ва ин махсусан дар давраи ғунчабандӣ-гулкунӣ меафзояд. Дар шароити обёрӣ тез сабзида, то 7-8 дарав ҳосил медиҳад. Коэффисиенти транспирасионии он ба 800-850 баробар Буда, намии хок бояд дар ҳудуди 70-80 фоиз аз НК нигоҳ дошта шавад.
Силсилаи решаҳои юнучқа обро аз қабатҳои чуқурии хок метавонанд истифода баранд. Ин хусусият қобилияти ба хушкӣ тобоварии онро меафзоёнад. Намии зиёд ва бардавом сабаби сирак ва нобудшавии юнучқа мегардад.
Юнучқаро дар хокҳои гуногун парвариш кардан мумкин аст. Ба ин нигоҳ накарда юнучқа дар хокҳое, ки ҳавою обро нағз мегузаронанд (гилхок, регдор, муҳити маҳлулашон бетараф) нағз месабзад. Хокҳои туршу ботлоқшуда барои парвариши он номувофиқанд. Дар хокҳое, ки сатҳи оби зеризаминиаш аз 1,5-2 м поёнтар аст, юнучқаро парвариш кардан имкон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё