Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Юнучқа ба нуриҳо хеле эхтиёҷманд аст. Нуриҳои уз-вӣ ба инкишофи хуби бактерияҳои лўндашакл ва баландшавии ҳосил мусоидат мекунанд. Юнучқа ба нуриҳои маъдании фосфориюкалийдор талаботи калон дорад.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои серҳосили юнучқа, ки дар филиали водии Вахшии Иттиҳодияи илмию-истехсолии «Зироаткор»
рўёнида шудаанд -«Вахш-233», «Вахш-300», «Вахш-416», «Вахш-429», ноҳиябандӣ шудаанд.
«ВАХШ-233». Ии навъ бо усули дурагакунии байни намудӣ ҳангоми гардолудкунии озоди навъҳои Тошкент-721 ва Месопотамии-1680, барои минбаъд мувофиқи мақсад парваридани дурагаҳо рўёнда шудааст.
Муаллифи он М.Т.Тищенко мебошад. Дар соли 1960 барои парвариш кардан дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ ноҳиябандӣ карда шудааст. Навъи миёнапаз буда, давраи нашъунамояш 50-64 рўз давом мекунад. Ба зимистонгузаронӣ тобовар Буда, баъди дарав тез месабзад ва он дар заминҳои обӣ то 8 ва дар заминҳои лалмӣ 2 дарав медиҳад.
Баргнокиаш 44,2-46,0 фоиз аст. Ҳосили миёнаи бедаи хушкаш дар қитъаҳои навъсанҷииобёришаванда 115 с/га ва дар қитъахои лалмй - 67,5 с/га-ро ташкил кардааст. Дар таркибаш 19,1-20,9 фоиз сафеда дорад. Ин навъ ба касалиҳо кам, махсусан, ба фитономус миёна гирифтор мешавад.
«ВАХШ-300». Ин навъ бо усули гардолудкунии озоди бисёркаратаи байни 7-8 навъи юнучқа ва бо роҳи бордоркунии интихобии онҳо, инчунин парвариши дурагаҳо дар шароити хуби агротехникӣ бароварда шудааст. Муаллифони ин навъ Тищенко И.Т., Орлов Н.Б., Нурматов А. мебошанд. Дар соли 1978 барои парвариш дар шароити, обию лалмии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шудааст. Навъи тезпаз буда, ба хунукиҳори зимистон тобовар аст ва нашъунамояш дар баҳорону пас аз дарав хеле шадид аст. Ин имконият медиҳад, ки аз даравҳои иловагӣ ҳосили зиёдатӣ гирифта шавад. Баргнокиаш 25,2- 41,7 фоиз аст. Ҳосили миёнаи бедаи хушкаш дар қитъахои навъсанҷии ҷумҳурӣ дар шароити заминҳои обӣ 104,4 с/га ва дар заминҳои лалмӣ-75 с/га-ро ташкил додааст.

пешина
аз 314
навбатӣ