Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар таркиби бедааш 20,0-21,2 фоиз сафеда дорад. Гирифторшавиаш ба доғи бурранг ва осеббинияш аз фитономус миёна аст.
«ВАХШ-416». Ин навъ бо роҳи гардолудкунии бисёркаратаи навъҳои «В-300», «К-3119», «В-233» ва намунаи «17» бароварда шудааст. Муаллифонаш Гулов Т., Сангинов Б. С. ва Абдуллоев М. мебошанд. Барои парвариш дар шароити заминҳои обию лалмии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ (ба ғайр аз ВХБК) дар соли 1993 ноҳиябандӣ карда шудааст. Ба намуди юнучқаи киштбоб мансуб аст. Буттаи баланд (110-115 см) дорад. Баргҳояш калон, каммўй, ранги осмонию сабз дорад. Ранги тоҷгулаш бунафш буда, тўдагулаш шакли силиндрӣ дошта, дарозиаш 4-
5 см ва зичиаш миёна аст.Ғилофакҳои калони занҷирмонанд дошта, рангаш тираи бурранг аст. Тухмаш ранги зард дошта, вазни 1000 донааш 2,6 гр. аст. Ҳосилнокии миёнаи мутлақи бедаи хушкаш дар қитъаҳои назъсанҷии ҷумҳурӣ дар шароити заминҳои лалмӣ-71,3 с/га, заминҳои обӣ 102,6 с/га ва тухмиаш 5-6 с/га-ро ташкил кардааст.
Дар баҳорон ва баъди даравидан тез месабзад. Давраи нашъунамояш аз сабзиши баҳорон то дарави якўм 67 рўз ва то пухта расидани тухмиҳояш 115 рўз давом мекунад. Дар таркиби бедааш 21,5-26,0 фоиз сафеда, 81,8 фоиз- ғоз (клетчатка) дошта, аз ҳар як гектараш 9,8 с сафеда мегиранд.
АГРОТЕХНИКАИ ПАРВАРИШ. Дар як майдон такрор бо такрор парваридани юнучқа боиси паҳншавии касалиҳо, ҳашаротҳои зараррасони растаниҳои хоҷагии қишлоқ ва алафҳои бегонаи махсус мегардад. Бинобар ин дар як майдон баъд аз 5-6 сол коштани юнучқа мумкин аст. Дар киштгардон юнучқа дар майдонҳои алафи бегона надошта ва ҳамвор кошта мешавад.
Дар заминҳои обӣ пешинакишти беҳтарини юнучқа пахта, гандуми тирамоҳӣ, шолӣ, ҷуворимакка, лаблабу, ҷуворӣ ва дар заминҳои лалмӣ-ғаллагиҳои тирамоҳӣ, лаблабу, растаниҳои равғандиҳандаю тарбуз мебошанд.

пешина
аз 314
навбатӣ