Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Кишти якчояи юнучқка бо гандуму ҷав (омехта) низ дар истеҳсолот ба таври васеъ паҳн шудааст. Чунин киштҳо ба таври чашмрас дар соли киштшавии юнучқа аз майдонҳое, ки барои юнучқа ҷудо карда мешаванд, ҷамъоварии хўрокаро зиёда мекунад.
КОРКАРДИ ХОК. Коркарди асосии хок барои парвариши юнучқа ба воситаи испорҳои (плугҳои) муқаррарӣ ё дуқабатаи пешиспорчадори тамғаи ПЯ-3-35, ки қабати шудгор шавандаро пурра чаппа мекунад, дар чуқурии 30-35 см гузаронида мешавад. Дар ҳолати зарурӣ пеш аз шудгор майдонҳоро ҳамвор мекунанд. Дар вақти кишти баҳории юнучқа заминҳои лалмиро тирамоҳ баъди аз боришот намнок шудани замин шудгор мекунанд. Ҳангоми кишти тирамоҳии юнучқа коркарди асосии хок бо сихмола ва молакунӣ мувофиқ кунонида шуда, ба таври муштарак гузаронида мешавад. Дар заминҳои обие, ки алафҳои бегонааш кам аст, шудгори тирамоҳиро баҳорон бо мурури расиши хок, дар чуқурии 8-10 см ба воситаи олотҳои чархмоладор ва нармкунакдор муштарак бо сихмолаю мола коркард мегузаронанд.
Майдонҳое, ки алафҳои бегонаи решапоядори бисёр доранд, ба воситаи чизел-нармкунакҳо дар якҷоягии сихмолаю мола коркард шаванд, хуб аст. Дар вақти коркарди пешазкиштии майдонҳо решаи алафҳои бегонаро чида аз майдон берун мепартоянд. Дар заминҳои лалмӣ баҳорон майдони тирамоҳ шудгоршударо аз бару қад ду из (пай) сихмола мекунанд. Шудгори тирамоҳӣ то кишт дар якҷоягии сихмолаю нармкунакҳо коркард карда мешавад.
НУРИҲО. Юнучқа ба нуриҳо талаботи зиёд дорад. Бедаи юнучқа дар таркибаш 3-3,5 фоиз нитроген ва 0,5 фоиз калий дорад. Барои ҳосил шудани як тонна беда юнучқа аз хок 17-20 кг нитроген, 6 кг фосфор ва миқдори зиёди калийро ҷаббида мегирад. Дар кишти зироатҳои пўшонанда (покров) ва пешинакишт 15-20 т/га пору меандозанд. Аз нуриҳои маъданӣ барои нашъунамои хуби юнучқа нурии фосфориро истифода мебаранд. Дар заминҳои камшур пошидани 50 кг/га калий пеш аз шудгор ҳосилнокии юнучқаро 10 фоиз зиёд карда, зичии мўътадили алафҳоро нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё