Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз рўи маълумотҳои филиали дар водии Вахш будаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироатпарвар» маълум мешавад, ки ҳар як килограмми фосфори истифодашуда 55-75 кг бедаи иловагӣ медиҳад. Пеш аз шудгор ба майдонҳо одатан 50-60 кг/га фосфор пошида мешавад.
Дар солҳои минбаъдаи истифодаи юнучқа фосфор бо чунин меъёр пеш аз саршавин сабзиши баҳорӣ пошида шуда, бо воситаи сихмола ё нармкунак зери хок карда мешавад.
Таҷрибаҳои дар водии Вахш (X.Абдулҳамидов) гузаронидашуда нишон дод, ки якбора додани меъёри сесолаи фосфор пеш аз шудгор вобаста ба гурўҳҳои хок (аз рўи миқдори ин моддаи ғизоӣ) самараноктар аст.
Нитроген дар шудгор танҳо пеш аз кишт барои зуд кад кашидани юнучқа (40-50 кг/га) дар давраи аввали нашъунамо то пайдошавии бактерияҳои лўндашакл дар решаҳо ва фурубарии нитрогени атмосфера аз тарафи онҳо андохта мешавад.
Пешқадамони истеҳсолот ҳангоми кишт дар қаторҳо бо меъёри 30-
40 кг/га суперфосфати ғуруша меандозанд. Истифодаи мнкронуриҳо (бор, синк, марганес, молибден) фурўбарии нитрогени биологӣ ва ғункунии онро ба воситаи бактерияҳои лўндашакл беҳтар намуда, дар хўрокаҳо миқдори протеин, каротин ва ҳосилнокии юнучқаро зиёд мекунад. Истифодаи сулфур баҳорон то саршавии сабзиши фаъоли юнучқа (бо меъёри 50-60 кг/га дар чуқурии 2-3 см) дар хокҳое, ки ин элемент нокофӣ аст, ба инкишофи фаъоли силсилаи решаҳо мусоидат карда, ҳосилнокиро зиёд мекунад. Ин усули ғизодиҳӣ дар Канада, Австралия ва дигар мамлакатҳо амалан ба таври васеъ ҷорӣ карда шудааст.
ТАЙЁРКУНИИ ТУХМИҲО БА КИШТ. Киштро беҳтараш ба воситаи тухмиҳои хушсифате, ки қобилияти нешзаниашон на кам аз 90 фоиз буда, дорои тозагии на кам аз 95 фоизанд гузаронидан лозим аст.

пешина
аз 314
навбатӣ