Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Тухмиро пеш аз кишт аз омехтаҳо, махсусан, аз тухми алафҳои бегонаи карантинӣ-зардпечак, ғумай ва талхак бодиққат тоза мекунанд.
Тухмӣ аз зардпечак ба воситаи мошинаи ЭМС-1, СМШ-4 тоза карда мешавад. Тухмиҳо бо воситаи заҳрдоруи ТМТД (3-4 кг/тоннаи тухмӣ) ба муқобили маҷмўи касалиҳо-оскохитоз, фузариоз, антракиоз, бактериоз, мағорзанӣ заҳрнок карда мешаванд.
Барои пайдошавии бактерияҳои лўндашакл дар решаҳои юнучқа тухмиҳоро бо нуриҳои бактериядор (нинтрогин, ризоторфин аз рўи меъёри 200 гр барои миқдори тухмии дар як гектар сарфшаванда), дар соя, пеш аз кишт омехта мекунанд, ки ин аҳамияти калон дорад.
МЎҲЛАТҲОИ КИШТ. Юнучқаро аввали баҳор, вақти 5- 6°С гарм шудани хок ба чуқурии 4-5 см дар як вақт бо зироатҳои ғаллагии баҳорӣ мекоранд. Дар шароити иқлими мусоиди ноҳияҳои водии Вахш ва минтақаи Кўлоб кишти юнучқаро аз даҳаи сеюми феврал cap карда, аввали март ба итмом мерасонанд. Дар дигар ноҳияҳои пахтакории ҷумҳурӣ кишти юнучқаро то 15 март давом медиҳанд. Дар киштгар-донҳои пахта бо сабаби аз пая холӣ шудани майдонҳо юнучқаро асосан дар фасли бахор мекоранд. Новобаста ба ин, дар он ҷойҳое.
ки нмконияти гузаронидани кишти саривақтии тирамоҳии юнучқа пас аз ғунучини ҳосили ҷуворимакка, картошка, зироатҳои полезӣ, сабзавотҳо мавҷуд аст, онро мекоранд. Дар чунин мўҳлат коштани юнучқа самаранок аст, зеро он пеш аз фарорасии зимистон нағз реша ронда, cap-моҳои зимистониро ба хубӣ гузаронида, баҳорон тез инкишоф меёбаду чун юнучқаи соли дуюм ҳосил медиҳад. Дар шароити заминҳои лалмӣ бо сабаби кам будани намнокии замин юнучқа асосан баҳорон кошта мешавад.
Коштани юнучқа дар моҳи сентябр беҳтар аст. Юнучқаи тирамоҳии соли якўм нисбат ба юнучқаи баҳории соли якўм ҳосили баланд медиҳад. Дар шароити заминҳои обии ноҳияхои водигии ҷумҳурӣ татбиқи кишти тобистонаи юнучқа дар моҳҳои июлу август пурра имконпазир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё