Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии хок ва беҳтар кардани сохтори он юнучқаро бо алафҳои бисёрсолаи ғаллагӣ-райграси бисёрдарава ва ежа сборный омехта мекоранд.
Юнучқа асосан бо усули қатории муқаррарӣ ё камбарҷўяк, тавассути тухмипошакҳои ғаллаю алафкории СЗ-3,6, СЗТ-3,6 ва ғайраҳо кошта мешавад.
Маҳсулнокии юнучқазор асосан ба меъёри кишти тухмӣ ва зичии растаниҳо алоқаманд аст. Бинобар ин меъёри муайяни тухмӣ барои кишт яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланд аст. Дар юнучқазорҳое, ки аз меъёр зиёд ниҳол доранд, растаниҳо якдигарро дар мубориза барои дастрас кардани омилҳои ҳаётӣ, (махсусан рўшноӣ) нест мекунанд.
Коштани юнучқа дар моҳи сентябр беҳтар аст. Дар киштҳои сирак бошад, алафҳои бегона бештар паҳн шуда, ҳосилнокӣ ва сифати онро паст мекунанд. Вобаста ба навъ. шароити парвариш дар заминҳои обӣ, дар ҳолати бо усули қатории муқаррарӣ коштани юнучқа барои хўрока, дар ҳар як гектар 16-18 кг (8-9 млн. дони қобилияти нешзанӣ дошта) ва дар заминҳои лалмӣ бошад 14-16 кг тухмӣ мекоранд. Дар юнунчқазорҳои барои хурокӣ тавсияшуда дар ҳар 1 м2-аш бояд 500 ниҳол бошад ва барои тухмӣ 150-160 ниҳол кофӣ аст. Сабаби мавҷудияти фарқияти калони байни миқдори тухмӣ ва зичии беҳтарини алафзор дар он аст, ки тухмии юнучқа нисбатан қобилияти пасти неш-зании саҳроӣ (50-60 фоиз) дорад.
НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Ҳосилнокии юнучқазорҳо ба гузаронидани нигоҳубини хушсифати саривақтӣ вобаста аст. Агар баъди коштани юнучқа борон бораду пеш аз пайдошавии майсаҳо сафолак пайдо шавад, онро дар самти кўндалангии кишт, ба воситаи сихмолаҳои сабук ё шохахои чархзананда мешикананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё