Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Алафи мунҷ ба гармӣ камталаб буда, зироатест дар аввали баҳор киштшаванда. Кишти тирамоҳияш дар шароити ноҳияҳои водигӣ зимистонро нағз аз cap мегузаронанд. Тухми он дар ҳарорати 2-3°С сабзида, майсаҳояш ба сармои 5-6°С тоб меоранд.
Ҳарорати беҳтарин барои пайдоиши узвҳои нашвии он 12-16°С, барои пухтани ғилофакҳояш 18-20°С мебошад. Алафи мунҷ растании дарозрўз аст. Бинобар ин агар дарозии рўзҳо то 13 соат кўтоҳ шаванд, пайдоиши узвҳои ҷинсии (генеративии) он қатъ мегардад.
Алафи мунҷ бо тезсабзӣ ки боиси маҳвшавии алафҳои бегона мегардад, ба соя тобоварию бо ба хок талаботи кам доштанаш аз дигар зироатҳо фарқ мекунад. Вай ба намӣ, махсусан дар давраи ғунчабандию гулкунӣ (дар давраи ғуншавии массаи биологӣ) талаботи зиёд дорад.
Давраи пурраи нашъунамои мунҷ дар киштҳои баҳорӣ 80-90, тирамоҳӣ 200-210 ва дар давраи аз пайдоиши майсаҳо то гулкунӣ 50-52 рўз давом мекунад. Тухмиаш баробар пухта мерасад.
УСУЛИ АСОСИИ ПАРВАРИШ. Агротехникаи алафи мунҷ ба агротехникаи парвариши нахўд монанд аст. Дар киштгардони заминҳои лалмӣ алафи мунҷро дар заминҳои дамдошудаи банд ё ҳамчун зироати ба итмом расонандаи киштгардон баъди ғаллагиҳои хўшадор ҷойгир мекунанд. Вай дар заминҳои обии кўҳӣ ҳамчун зироати ангорӣ пас аз ғунучини ҳосили ҷав, гандум кошта мешавад. Баъди шудгори тирамоҳӣ коштани мунҷ муфид аст. Дар заминҳои обии ноҳияҳои водигӣ ва минтақаҳои наздикўҳӣ кишти тирамоҳи алафи мунҷ бо сулӣ, ҷав, ҷавдор, масъор (рапс) чун хўрока ва баъзан дар байни қаторҳои пахтаи нашъунамокунанда ҳамчун хўрокаҳои барвақтӣ ба таври васеъ маълум аст.
Алафи мунҷ ба нуриҳо эҳтиёҷи калон дорад. Пеш аз шудгор ба ҳар гектар 30-35 кг Р2О5 мепошанд. Ҳангоми дар байни қаторҳои пахта коштани алафи мунҷ он аз нуриҳои баъдан ба пахтазор андохташуда баҳра мебарад. Коркарди хоки алафи мунҷ ба коркарди хок барои нахўд ва зироатҳои хўшадор монанд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ