Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мўҳлатҳои кишти алафи мунҷу нахўд ва наск дар баҳор якхелаанд.
Кишти мунҷ бо усули қатории муқаррарӣ бо меъёри 75-80 кг/га тухмӣ кошта мешавад. Тухмӣ дар чуқурии 4-5 см зери хок карда мешавад. Дар киштҳои омехта ба меъёри тухмии алафи мунч (50-60 кг/га) 2-3 млн./га доми қобили нешӣ зироатҳои ғаллагӣ илова карда мешавад. Баъди кишт хок бояд шиббағелон шавад.
Дар заминҳои обӣ аз рўи зарурат бо меъёри 550-600 м3/га 2-3 маротиба об мемонанд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ҳосили дон ба воситаи комбайнҳо бо бурриши пасти растаниҳо (ҳангоми зардшавии ғилофакҳо) ғундошта мешавад.
Дар ғундоштани ҳосил боиси он мегардад, ки ғилофакҳо ба осонӣ шикаста, ҳосил талаф ёбад. Киштҳои омехтаи алафи мунҷро бо ғаллагиҳо (чун хўрокаи сабз) дар давраи аввали пайдоиши ғаллагиҳо медараванд.
Ш А Б Д А Р
Шабдар зироати пурқиммати яксола ва лўбиёгии хўроки чорво, нурии сабзи (сидератии) хеле хуб буда, асосан дар ноҳияҳои пахтакории Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон кошта мешавад.
Баргу пояи сабзи шабдар пеш аз гулкунӣ 77,8 фоиз об, 3,6 фоиз протеин, 0,5 фоиз равған дорад. Бедаи шабдар аз рўи қиммати хўрокӣ, хўриш ва ҳазмшавиаш аз юнучқа монданӣ надошта, дар таркибаш 17-18 фоиз протеин ва як сентнераш 46-50 воҳиди хўрокӣ дорад.
Шабдар ҳамчун зироати нитрогенсарфакунанда ва пешинакишти пахта аҳамияти калони агротехникӣ дорад. Дар шароити мусоид вай метавонад дар 1 гектар 100 кг ва аз ин ҳам зиёдтар интрогени биологӣ ғун кунад.
Мувофиқи маълумотҳои А.Содиқов шудгори баргу пояи сабзи шабдар ҳамчун нурии сабз дар шароити водии Ҳисор ҳосилнокиро 15 фоиз афзун намудааст. Шабдар зироати хуби асалдеҳ аст.
Шабдар ҳамчун хўрока ва нурии сабз ба таври васеъ дар Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон парвариш карда мешавад. Дар собиқ, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ шабдарро аз аввали асри XIX инҷониб парвариш мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ