Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар чанд фанну санъат коргари варзида гаштам ва дар кори илму донишомӯзӣ навхоста.

Пас аз солҳо пуркорию камхобӣ саранҷом ба оғози роҳи дилхоҳ расидам ва дар зумраи донишҷӯёни донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҷой гирифтам ва дар ин давра аз роҳнамоии устодони донои порсои дилсӯз баҳраҳо бурдам ва бо дӯстони якдилу якзабон ҳамгомиҳо намудам.

Гузаргоҳи донишгоҳро бо шӯру шавки фаровон паймудам, то ба хилватгаҳи китобхона роҳ ёфтам¹. Дар ин ҷо — ҳамчун касе, ки ба орзуи худ расида бошад — бо хотири осуда пойи қаноат дар доман кашидам ва чашм ба навиштаҳои устодони бузург дӯхтам, то дил аз сарчашмаи дониш андаке сероб гашт ва андеша нерӯ гирифт ва қалам дастомӯз шуд. Чун киштии умед ба хирман расид, гоҳе худ навиштам ва замоне тарҷумони сухани донишварони саршинос ва пешрав шудам. Дар наздикии марзи чиҳилсолагӣ дарёфтам, ки танҳо китобу китобхона наметавонад хӯроки қаламро таъмин кунад. Ногузир ба сафарҳои дуру дароз пардохтам. Дар Осиё, Аврупо ва Африқо аз дидори шаҳрҳои бисёр баҳравар гаштам. Ҳар куҷо донишвари фарзона ёфтам, барои истифода боадаб дар баробараш зону задам, дар ҳар шаҳр ба суроғи музей ва китобхона ва дигар марокизи фарҳангӣ рафтам, то он ҷо ки ҳолу маҷол рухсат медод, аз пурсишу ҷустуҷӯ боз наистодам. Дар зимн, ҳар гоҳ, ки бо донишварон ошно шудам ё аз матлаби тозае огоҳ гаштам, ранҷи ҷонкоҳи ғурбат ва дурии зану фарзанд то ҳадде бароям ҳамвор шуд, бад-ин шукрона гоҳе лаҳзае ба фикрат нишастам ва ба ғазалҳои Хоҷаи Шероз...

1 Ҳудуди чаҳордаҳ сол дар китобхонаҳои миллӣ ва Бунёди фарҳангии Эрон субҳу аср муҷовир будам ва гоҳу бегоҳ дар ин ду маҳал аз сӯҳбати мардони илму амал бархӯрдор мешудам.

пешина
аз 567
навбатӣ