Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ниъма-л-ҳадийяту калимату ҳикматин тасмаъуҳо фатантавои алайҳо, сумма таҳмилуҳо ило ахин лака муслимин туъаллимуҳу ийёҳу таъдилу ибодата санатин». Ай, некӯ атое ва некӯ ҳадияест калимаи ҳикмат, ки [агар] онро бишнавӣ ва бар он муҳит шавӣ [ва] ба бародари мусулмоне расонӣ ва вайро биёмӯзӣ, баробари ибодати яксола бошад.

[Ва гуфт]: «ад-Дунё малъунатун ва малъунун мо фиҳо илло зикру-л-Лоҳи ва мо волоҳу ав муаллимун ав мутааллимун». Ай, дунё ва он чи дар ӯст малъун аст, магар зикри Ҳаққ таъоло ва он чи бо он равад, ё муаллим ё мутааллим.

[Ва гуфт]: «Инна-л-Лоҳа ва малоикатаҳу ва аҳла-с-самовоти ва-л-арзи ҳатта-н-намлата фӣ ҳуҷриҳо ва ҳатта-л-ҳута фи-л-баҳри лаюсаллуна ало муаллими-н-носи-л-хайра». Ай, касе, ки мардумонро хайр омӯзад, Ҳаққ таъоло бар вай раҳмат кунад ва фариштагон ва аҳли осмону замин — то мӯру моҳӣ — барои вай омурзиш хоҳанд ва дуъои хайр гӯянд.

[Ва гуфт]: «Мо афода-л-муслиму аҳоҳу фоидатан афзала мин ҳадисин ҳасанин балагаҳу фабаллағаҳу». Ай, мусулмон бародари худро фоида надиҳад беҳтар аз он ки ҳадисе хуб, ки шунида бошад, ба вай расонад.

[Ва гуфт]: «Калиматун мина-л-хайри ясмаъуҳа-л-мӯъмину фаяъмалу биҳо ва юъаллимуҳо хайрун лаҳу мин ибодати санатин». Ай, калимае аз некӣ, ки мӯъмин бишнавад ва бар он кор кунад ва дигариро биёмӯзад, вайро беҳ аз ибодати яксола бошад.

Ва [Расул] рӯзе берун омад ду маҷлис дид: дар яке Худойро мехонданд ва ба вай рағбат менамуданд, [19] ва дар дуввум таълим ва ифодат мекарданд. Фармуд: «Аммо хоулои фаяъсалуна-л-Лоҳа таъоло, ин шоа аътоҳум ва ин шоа манааҳум, ва аммо хоулои фаюаллимуна-н-носа, ва иннамо буъисту муаллиман, сумма адала илайҳим ва ҷаласа мааҳум». Ай, ҷамоати аввал аз Ҳаққ таъоло дархосте мекунанд,

пешина
аз 567
навбатӣ