Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
агар хоҳад диҳад ва агар хоҳад манъ кунад ва ҷамоати дуввум ба таълим машғуланд ва маро ҷуз барои таълим нафиристодаанд. Пас сӯи эшон майл кард ва бо эшон муҷоласат фармуд.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Масалу мо баасания-л-Лоҳу биҳи мина-л-илми ва-л-ҳудо камасали-л-ғайси-л-касири асоба арзан фақонат минҳо буқъатун [қабилати-л-моа фаанбатати-л-калаа ва-л-ушба-л-касира, ва конат минҳо буқъатун] амсакати-л-моа фанафаъа-л-Лоҳу биҳа-н-носа фашарибу минҳо ва сақаву ва зараъу, ва конат минҳо тоифатун [қиъонун] ло тумсику моан ва ло тунбиту калаа». Ай, масали он чи Ҳаққ таъоло маро бад-он баъс кардааст – аз илму худо – масали борони бисёр аст, ки ба замине расад ва он замин се навъ бошад: яке он ки об дархӯрад ва гиёҳ бисёр рӯёнад; ва дуввум он ки обро нигоҳ дорад ва Ҳаққ таъоло аз он мардумонро манфаат диҳад ба хӯрдан ва мавоширо об додан ва кишт кардан; ва севвум он ки на об нигоҳ дорад ва на гиёҳ рӯёнад. Ва аввал он чи ёд фармудааст, масали он кас аст, ки ба илми худ интифоъ гирад; ва дуввум масали он ки аз ҳар ду хислат маҳрум монад.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Изо мота ибну Одама инқатаъа амалуҳу илло мин салосин: илмун юнтафаъу [биҳи ва садақатун ҷориятун ва валадун солихун ядъу лаҳу би-л-хайр]». Ай, чун фарзанди Одам бимирад, амали ӯ мунқатъ шавад, магар аз се чиз: яке илме, ки мардумон аз ӯ манфаат бинанд ва дигар садақаи доимӣ, ки мурод аз ӯ вақф аст ва дигар фарзанди солеҳ, ки мар ӯро дуо кунад.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «ад-Доллу ала-л-хайри кафосилиҳи».
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ло ҳасада илло фи иснайни: раҷулун атоҳу-л-Лоҳу ҳикматан фаҳува якзо биҳо ва юъаллимуҳа-н-носа ва раҷулун атоҳу-л-Лоҳу молан ва хува
1 Мавошӣ - чорпоён, аз қабили гову гӯсфанд ва ғайра...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё