Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ин ӯҳда такассӣ¹ намуд, воҷиби вақт ба адо расонида бошад. Ва илме, ки дар ин вақт бар вай фарз аст, омӯхтани калимаи тайиба аст ва донистани маънии он ва беруни он коре дар ин вақт бар вай воҷиб нест. Ба далели он ки агар пас аз тасдиқу иқрор вафот кунад, мутеъ рафта бошад, на осӣ. Ва вуҷуби чизи дигар ғайри тасдиқу иқрор, ҷуз ба оризӣ набошад. Ва он дар ҳаққи кулли ашхос зарурӣ нест, бал инфикоки баъзе аз он мутасаввар аст. Ва ин ориз, иммо дар феъл бошад ва иммо дар эътиқод.
Аммо феъл агар аз чоштгоҳ то вақти намози пешин бақо ёбад, омӯхтани обдаст ва намоз бар вай воҷиб шавад. Ва агар тандуруст бошад ва ҳоле бувад, ки агар то вақти завол сабр кунад, тамом омӯхтани намоз ва гузоридани он дар вақт вайро муяссар нагардад, бал вақт берун шавад агар ба таълим машғул шавад, ин ҷо ду ваҷҳ эҳтимол дорад:
Яке он чи дур нест, ки гӯем: зоҳир бақои ӯст, пас тааллум пеш аз даромадани вақт бар вай воҷиб шавад.
Дуввум он чи илме, ки шарти амал бошад, вуҷуби ӯ пас аз вуҷуби амал бувад. Ва бар ин қазия² пеш аз завол воҷиб нашавад. Ва ҳамчунин дар дигар намозҳо.
Ва агар то ба моҳи рамазон бизияд, омӯхтани илми рӯза бар вай воҷиб шавад. Ва бояд бидонад, ки вақти он аз субҳи содиқ аст то ғуруби хуршед; ва воҷиби он ният аст ва боз будан аз таъому шароб ва мубошарат³; ва ҳар рӯзе ҳамчунин то ҳилоли шаввол бинанд.
Ва агар моле ба дасташ ояд, то ба вақти ислом⁴ моле дошта бошад, омӯхтани закот бар вай воҷиб шавад, аммо на дар ҳол, бал чун сол тамом шавад аз вақти ислом. Ва агар дар мулки вай ҷуз шутур набвад, омӯхтани закоти гӯсфанд воҷиб наёяд ва ҳам бар ин ҷумла дар дигар асноф.
1 Такассӣ - ба ниҳоят расидан.
2 Бинобар ин қазия.
3 Мубошарат - ҳамхобагӣ.
4 Вақти ислом - замони мукаллаф шудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё