Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва чун моҳҳои ҳаҷ дарояд, бар вай дар омӯхтани илми ҳаҷ мубодарат лозим нагардад, бад-он чи вуҷуби амали он бар тарохӣ¹ аст. Пас вуҷуби илми он бар фавр набошад, валекин уламои исломро бояд, ки вайро [27] танбеҳ фармоянд, чун вай молики зоду роҳила бошад, ки ҳар кӣ молики зоду роҳила бувад бар вай ҳаҷ бар тариқи тарохӣ воҷиб шавад, то раво бошад, ки вайро ҳазм он намояд, ки мубодарат кунад. Пас дар ин ҳол агар азм кунад, омӯхтани кайфияти ҳаҷ бар вай воҷиб шавад ва ҷуз аркон ва воҷибот омӯхтан воҷиб наёяд ва омӯхтани навофили он лозим нагардад, чи амали он чун нафл аст, илми он ҳам нафл бувад ва фарзи айн набошад. Ва дар таҳрими хомӯш будани уламо аз танбеҳ бар вуҷуби асли ҳаҷ назарест, ки лоиқи фиқҳ бувад.

Мутарҷим мегӯяд: вуҷуби ҳаҷ бар тарохӣ, қавли Шофеъӣ, Муҳаммад ва Ҳасан аст ва наздики Бӯюсуф² вуҷуби он бар фавр аст; ва аз Абуҳанифа ривоят мухталиф аст. Ва дурусттар он аст, ки ҳамчун қавли Бӯюсуф аст. Пас, бар қавли эшон вуҷуби илми он ҳам бар фавр бошад. Ва тадриҷ дар илми дигар аъмол, ки фарзи айн аст, ҳам бар ин ҷумлат аст.

Ва аммо тарк омӯхтани он ба ҳасби таҷаддуди аҳвол воҷиб шавад ва ба аҳволи ашхос мухталиф гардад, чи омӯхтани суханони ҳаром бар гунг ва назарҳои ҳаром бар нобино ва омӯхтани он чи дар кадом маскан нишастан ҳалол бошад бар бадавӣ воҷиб набувад. Пас, вуҷуби он ҳам ба эътибори аҳвол тавонад буд. Пас, он чи дониста шавад, ки вай аз он холӣ бошад, омӯхтани он воҷиб нагардад ва он чи муловиси1 он бошад, танбеҳи ӯ дар он бар уламо воҷиб бувад. Чунончӣ агар дар вақти ислом ҳарир пӯшида бошад ва дар мавзеи мағсуб нишаста ва дар ғайри маҳрам нозир бувад, таърифи ӯ онро воҷиб шавад. Ва он чи муловиси он [набошад], аммо дар маърази он бувад, ки ба зудӣ дар он афтад, чун хӯрдан [ва ошомидан], то агар дар шаҳре бувад, ки дар он ҳамр ва гӯшти хук хӯранд, таълими ӯ воҷиб бошад. Ва ҳар чӣ таълими он бар уламо воҷиб шавад, тааллуми он бар вай воҷиб бувад.

¹ Тарохӣ - таъхир, тадриҷ.
² Мурод аз Бӯюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиб ибни Асъади Кӯфии Ансорӣ шогирди Абӯҳанифа аст.

пешина
аз 567
навбатӣ