Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва аммо эътиқодҳо ва корҳои дилҳо илми он бар ҳас- би хотираҳо воҷиб шавад. Пас, агар вайро дар маъниҳое, ки дар калимаи тавҳид бар он далел аст, шакке афтад, тааллуми он чи ба воситаи он шакро зоил тавон кард, воҷиб шавад. Ва агар дар хотираи вай шакке набвад ва пеш аз он ки эътиқод кунад, ки сухани Борӣ таъоло қадим аст ва зоти Ӯ диданӣ аст ва маҳалли ҳаводис нест - ва ҷуз он масоил, ки дар мӯътақадот мазкур бувад - вафот кунад, ба иҷтимоъи уламо мусулмон рафта бошад.

Валекин ин хавотир, ки мӯҷиботи эътиқодот аст, баъзе аз он ба табъ ҳосил шавад ва баъзе ба шунидан аз аҳли шаҳр. Пас, агар дар шаҳре бошад, ки илми калом дар он шоеъ бувад ва бидъатҳои мазкур бояд ки дар аввали булуғ вайро аз бидъат сиёнат фармоянд, бад-он чи эътиқоди ҳақ талқин кунанд. Чи агар ботил ба самъи вай расад ҳароина ба изолати он аз дили вай воҷиб бошад ва раво ки душвор шавад. Ва ин вуҷуб ҳамчунон аст, ки агар ин мусулмоншаванда бозорӣ бувад ва муомалаи рибо [28] дар шаҳр шоеъ, омӯхтани ҳазар аз рибо бар вай воҷиб бувад.

Ин аст сареҳи ҳақ дар илме, ки фарзи айн аст ва маънии ӯ омӯхтани кайфияти амали воҷиб аст. Пас, ҳар кӣ амали воҷиб ва вақти вуҷуби он бидонад, илмеро, ки фарзи айн аст, бидонад. Ва он чи суфиён гуфтаанд, ки фарзи айн донистани васвасаи дев ва илҳоми фаришта аст, он низ ҳақ аст, валекин вуҷуби он дар ҳаққи касе тавонад буд, ки дар маҳрази он бошад. Ва чун ғолиб он аст, ки одамӣ аз давоии шарру ҳасад ва риё холӣ набошад, пас лозим бувад бар вай ки аз «Рубъи муҳликот» он чи нафси худро мӯҳтоҷ бинад, биёмӯзад. Ва чӣ гуна омӯхтани он воҷиб набвад ва Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – мефармояд: «Сало-сун муҳликотун...» ал-ҳадис.

пешина
аз 567
навбатӣ