Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тар аз забон нест. Ва бад-ин рӯшан мешавад, ки гуфтану хомӯшии вай ҷуз барои ёфтани фазл ва ҷустани савоб набуд».
Аҳмад Яҳё ибни Вазир гуфт: «Шофеъӣ рӯзе аз бозори қанодил берун омад ва мо вайро мутобаат намудем. Дар он ҳол марде бо олиме сафоҳат мекард. Шофеъӣ ба мо нигарист ва фармуд, ки гӯшҳои худро пок доред аз шунидани фаҳш чунон ки забонҳои худро аз гуфтани он, ки шунаванда шарики гӯянда аст. Ва бехирад бингарад палидтарин чизеро, ки дар дили вай аст ва хоҳад, ки онро дар дилҳои шумо резад ва агар сухани вайро рад карда ояд, радкунандаи он некбахт шавад, чунон ки гӯяндаи он бад-он бадбахт гардад».
Ва Шофеъӣ гуфт: «Ҳакиме ба ҳакиме набишт, ки туро илме додаанд, ба торикии гуноҳ онро олуда макун, ки рӯзе, ки уламо дар нури илми худ раванд, ту дар торикӣ бимонӣ».
Ва аммо зӯҳди ӯ: Шофеъӣ гуфт — разия-л-Лоҳу анҳу:
«Ҳар кӣ даъво кунад, ки дӯстии дунё ва дӯстии Холиқ дар дили вай маҷмӯъ аст, дурӯғ гуфта бошад». Ва Ҳумайдӣ гуфт, ки Шофеъӣ бо яке аз волиён ба Яман рафт ва аз он ҷо ба Макка омад бо даҳ ҳазор дирам ва дар зоҳири1 он хайма зад. Ва мардумон бар вай ме[омаданд] ва ӯ аз ҷои худ дур нашуд, то кулли онро тафриқа накард. Ва як бор аз ҳаммом берун омад ва ҳаммомиро моли бисёр бахшид. Ва як бор тозиёна аз дасташ бияфтод, касе онро бардошт ва ба вай расонид, дар ҷазои он панҷоҳ динор ба вай дод. Ва саховати Шофеъӣ машҳуртар аз он аст, ки ба ҳикоят ҳоҷат бувад.
Ва асли зуҳд сахост, чи ҳар кӣ чизе дӯстии вай бошад онро нигоҳ дорад ва аз он ҷудо нашавад. Пас, бар ин қазия молро тафриқа накунад ҷуз касе, ки дунё дар чашми вай хор бувад. Ва маънии зуҳд ин аст.
Ва бар қуввати зуҳд ва шиддати тарси ӯ аз Ҳаққ таъоло машғулии ҳиммати ӯ ба охират далел аст он чи гуфтаанд, ки Суфёни Унайна ҳадисе аз он ҳадисон, ки риққат
1 Зоҳир — хориҷ, берунии Макка.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ