Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аҳли оилаашон ба қатл расиданд. Зиёда аз чаҳор ҳазор оилаи ба суиқасд шарикбуда, аз унвонҳо маҳрум гардида, ба Сичуани дур бадарға шуд. Унвони ҳамаи ҳарбиёне, ки дар пахши табад- дулоти Лао Ай ширкат доштанд, як дараҷа баланд гашт. Дар соли 237-и то милод Ин Чжэн ташкилотчии суиқасд Люй Бу- вейро аз вазифа сабукдӯш намуд. Соли 234-и то милод Люй Бу-вей худкушӣ кард.

Баъди пахши бераҳмонаи шӯришгарон ва ҷорӣ намуда- ни тартибот дар дохили кишвар, Ин Чжэн ба ғасби шоҳига- риҳои дигар даст зад. Дар ин давра дар боргоҳи шоҳ Ли Си, дастпарвари шоҳигарии Чу, нуфузи зиёде дошт. Вай дар амалӣ кардани чорабиниҳои дохилию хориҷии Ин Чжэн хеле фаъол буд.

Дар соли 230-и то милод Ин Чжэн бо тавсияи Ли Си ба шоҳигарии Хон артиши тавоноеро сафарбар намуд. Ҷангиёни Хон шикаст хӯрданд, шоҳ асир афтод. Ин нахустин давлат буд, ки Тсин ғасб кард. Солҳои минбаъда вай шоҳигарии Чжао, Вей, Ян, Тсиро ба қаламрави кишвараш пайваст. Соли 221-и то ми- лод муттаҳидсозии давлатҳои хурд-хурди Чин ба як империяи бузургу тавоно бо ғалаба анҷом пазируфт.

Ин Чжэн медонист, ки кишвари бузургро танҳо бо нерӯи ҳарбӣ идора намудан мушкил. Аз ин рӯ, якчанд чорабиниҳои муҳимро анҷом дод. Пеш аз ҳама фармоне баровард ва дар он ҳамаи «гуноҳ»-ҳои шаш нафар шоҳи мағлубгаштаро, ки гӯё дар кишвари паҳновар маъвои фитна буданд, ошкор сохт. Бо ин вай худро дар назди халқ фаришта нишон медод. Сипас, аз пайи унвони олӣ шуд. Худро императори кабир — хуандӣ — эълон кард. Бо ин гуфтанӣ мешуд, ки ҳукмрониаш ба қудрати Парвар- дигор вобаста аст. Азбаски вай нахустимператори хонадони Тсин ба ҳисоб мерафт, Ши Хуандӣ, Императори якум, унвон гирифт.

Соли 221-и то милод Тсин Ши Хуандӣ оид ба мусодираи яроқи тамоми аҳолии кишвараш фармон содир кард. Бо ин роҳ

пешина
аз 424
навбатӣ